22 августи соли 1910 намояндаи кулли Чопон Тэраути ва рохбари хукумати лухтакмонанди Корея Ли Ванён шартномае тайёр карданд, ки мувофики он императори Корея аз хокимияти худ даст кашида, онро “пурраю абади” ба императори Чопон месупорад. Шартномаи мазкур ба аъзои хонадони император ва хамаи онхое, ки ба Кореяро ишгол кардани Чопон мусоидат кардаанд, унвонхои фахрии дворянии чопони ва нафакахои калони пулии ин давлат кафолат медод.
Дар Корея хокимият пурра дар дасти генерал-губернатор буд, ки он аз чумлаи харбиёни баландмакоми Чопон таъйин карда мешуд. У бевосита ба императори Чопон итоат карда, дар Корея хокимияти конунгузор, маъмури, додгохи ва сарфармондехии куввахои мусаллахро ихтиёрдори мекард.
Барои мустахкам кардани хокимияти худ империалистони Чопон ба Корея се дивизияи мунтазам дароварданд, муассисахои жандарму политсия созмон доданд ва махбасхои консёнтратсиони сохтанд.
Истилогарони Чопон бо максади гулом гардонидани халки Корея фаъолияти хама гуна калисохо, ибодатхонахо, ташкилотхои дини ва гайраеро, ки итоат ба истилогаронро ташвику таргиб мекарданд, хавасманд менамуданд. Бо забони кореяги нашр намудани китобхо ва рузномаю мачаллахо манъ карда шуда буд. Адабиёти ватандустона сухта мешуд. Дар назди системаи маорифи чопонии Корея вазифа гузошта шуда буд, ки раияти ба чопонихо итоаткор тарбия карда шавад.
Имперализми Чопон бойгарии миллии Кореяро горат мекард ва боигарии маънавии уро хароб месохт. Маблаггузории Чопон ба иктисодиёти Корея бемайлон меафзуд. Аз ин кор Чопон ва Корея даромади калон ба даст медароварданд.