Моддаи 182-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Ба ичро расонидани таъиноти суди мархилаи кассатсиони
- Таъиноти суди мархилаи кассатсиони барои ичро дар мухлати на дертар аз хафт шабонарузи баъди баровардани он якчоя бо парванда ба суде, ки карор ё таъинотро баровардааст, фиристода мешавад.
- Таъиноте, ки мувофики он шахси хукуквайронкунии маъмури содирнамуда бояд аз хабси маъмури озод карда шавад, фавран ичро карда мешавад, агар ин шахс дар мачлиси суди мархилаи кассатсиони иштирок дошта бошад. Дар холатхои дигар нусхаи таъинот чихати ичрои карори аз хабси маъмури озод кардани шахси хукуквайронкунии маъмури содирнамуда фавран ба маъмурияти махалли тахти хабси маъмури нигохдори фиристода мешавад.