Главная / Маданият ва санъат / Баёни мухтасари мазмуни баъзе сурахои Куръони карим аз руи тафсирхо /сураи ан – Нисо/

Баёни мухтасари мазмуни баъзе сурахои Куръони карим аз руи тафсирхо /сураи ан – Нисо/

Бисмиллохи -р – Рахмони – р – Рахим. Даъват мешавад, ки «эй мардумон аз он Парвардигоратон битарсед, шуморо аз яке касс ва аз он касс зани уро офарид.»

Ояти 2 чунин шуморад, ки хурдани моли ятим, табдили ин ё хиёнат дар он, назди Худои таъоло гунохи азим аст. Ва ин оят дар шаъни шахсе аз кабилаи Гатафон нозил шуда, ки у моли бародарзодаашро мутасарриф шуд, ба дастовард ва дар доданаш тааммул мекард. Мурофиаи эшон баргузор шуд ва у тамоми моли бародарзодаашро пас гардрнд. («Тафсири Хусейн», с.125).

«Агар донед, ки дар хакки духтарони ятим наметавонед адл кардан, пас никох кунед, он ки хуш яод шуморо аз соири занон ду-ду, се-се, чахор-чахор, агар дар ин сурат хам беадолати шавад, пас якеро ба никох дароред»/ «Тафсири Хусайни», с. 125/. Сипас, оятхое чанд ба пархезгори ва даст кашидан аз хурдани моли ятимон ва баргардонидани меросе, ки ба онхо монда шудааст, даъват мекунад.

surai-niso

Дар чохилият арабхо одат буд, ки занон ва хурдсолон хакки мерос надоштанд.Хакки кассе дошт, ки дар чангу набард иштирок карда тавонад.

То хичрати хамад /с/ ин конун чори буд, то рузи вафоти Авс ибни Сомит, ки занаш назди пайгамбар /с/ омад ва арз кард, ки моли аз шавхараш мондаро, писарамакхояш гирифтанд ва ман се фарзанди ноболиг дорам.

Чун Мухаммад /с/ аз онхо пурсучу кард, онхо ин хакро мувофикии одати чохилият дуруст шумориданд ва ин оят дар бораи хакки хурдсолон ва занон ба мерос нозил шуд/”Тафсири Хусайни’ .с. 126/.

Ба хукми тафсир онхое, ки ситам карда нони ятимон хурдаанд, рузи киёмат аз дахону бинии онхо оташ фаввора зада мебарояд. Дар он руз аз Мухаммад /с/ мепурсанд, ки киянд онхо. Мухаммад /с/ чавоб дихад, ки магар нашунидед, ки гуянд онхо моли ятим хурданд /'”Тафсири Хусайни”, с. 127/. Таксими мерос дар оят ба ин вачх аст: хакки як мард баробари ду зан, агар ду зан меросхур бошанд, ду кисми мерос ба онхо расад, агар як зан бошад, уро хак нисфи матрукаи мутаваффи аст, ба падару модари маит хиссае аз шаш яке мерос бошад, агар маитро фарзанд бошад ва агар фарзанд набошад, модари уро сеяк хак бошад ва боки ба падар расад ва агар бародарони модари ва падари бошад ё баъзе модари, баъзе падари, пас барои модари шашяк хак бошад. Ин насибохо аз мерос фарз аст.

Мардеро, ки волидайн надорад ва ба у авлод нест, ё зане буд калола, вале бародари модари ва хохари уро бошад, пас хар якеро шашяки хисса расад аз меросм калола: муазаккар /мард/ дар ин сурат ба муаннас /зан/ яксон аст. Онро авлоди модар аз як бародару як хохар бештар бошад, пас онхо сарфи назар аз марду зан буданашон хисса гиранд аз сеякм мерос баъди адои васияте, ки мурда пеш аз марг карда бошад.

Агар аз занон кассе зино кунад, бояд гунохи у бо гувохии чохор мард тасдик шавад, он вакт у зиндони ва ба марг махкум гардад. «Кассе аз шумо зино мекунад: озор дихед онхоро, то ин ки тавба кунанд ва накукориеро пеша гиранд» /Оятхои 15-16,/ «Тафсири Хусайни», с. 136/.

Тавбаи мунофикон, ки кабули ислом бошад, хангоми марг кабул нест.

Хабси занон дар хона дар ислом бекор карда шуд. Дар давраи чохилият арабро одат буд, ки кассе мемурад ва занаш мемонд, писарони он касс зани зани дигараш, хешу таборони мард ё кассе, ки хаки мерос дошт, чома дар сари он зан меандохтанд ва ба ин амал уро дар тасаруфи худ медароварданд.

Мехост, уро ба никохи худ медаровард ва ё ба каси дигар ба шавхар медоду махри муаччалро худ мегирифт, ё ин ки аз тазвич манъ мекард, дар хона махбус медошт, то хар меросе, ки аз мутаваффи ба у монда буд, ба даст медаровард ва агар зан калб аз андохттани чома ба ахди худ мепайваст, вориси мутаваффи ба у дигар надошт. Дар давраи аввали ислом низ хамин конун риоят мешуд, то вакте ки Абу Кайс Ансори яке аз сахобахо /р/ вафот кард ва зани у Кубайсаро писари Ансори /р/, ки аз зани дигар буд, ба тасарруфи худ даровард ва ба у маишате ба тарики музорра огоз ниход /музорра-он одати чохилиро гуянд/. Кубайса назди Мухаммад /с/ шикоят намуд. Мухаммад /с/ уро ба сабр даъват кард, то ки чорае пайдо шавад. Ин ходиса занони дигарро низ ба шур овард ва онхо низ назди Мухаммад /с/ шикоят бурданд ва ба Мухаммад /с/ оят омад, ки “эй муъминон, барои шумо халол нест, ки занонро ба зуровари, мерос гиред: /ояти 18, “Тафсири Хусайни”, с. 137/.

Дар ояти 31 аз гуноххои кабира ва сагира сухан меравад ва гуфта шудааст, ки аз гуноххои кабира худдори кунед, гуноххои сагираро худо мебахшад. Тафсирхо дар боби гуноххои кабира ва сагира бахсхо кардаанд ва нишонахои гуноххои кабира ба кавле он аст, ки бар он оташи дузах, ё аъзоби алим ваъда шудааст ва гайра/”Тафсири Хусайни”, с.136/.

Мазхабхои гуногун онхоро ба тарзхои мухталиф ва ба меъёрхои гуногун шарх медиханд, ки баёни муфассали онхо аз доираи ин китоб берун аст. Харом аст бар шумо занони шавхардор ба чуз заноне, ки дар мавриди чанг асир гирифта мешаванд ва аз дорулхарб бароварда мешаванд /”Тафсири Хусайни”, с. 133/. Махри мукарраршудаи занонро додан хатми аст, никохи канизакон низ чоиз аст ва махри онхо низ бояд дода шавад.” Мартабаеро таманно макунед, ки Худои таъоло ба он баъзеро аз шумо бар баъзе бузурги дода ” /32/.

Ба кавли тафсир завчаи Саъд ибни Рабеъ ё завчаи Собит ибни Кайс ба шавхараш итоат надошт ва шавхар ба изтироб омада ба руи у шаппоти зад. Зан хамрохи падараш бо шикоят назди Пайгамбар /с/ рафтанд ва Мухаммад /с/ касос хукм кард. Нав аз дар берун шуда буданд, ки Мухаммад /с/ вахй гирифт, ки мард бар зан афзал аст. Тафзили мардон ба камоли акл, илм, фахм, чиход, камоли савму салавот, чумъаю чамоат, азон, хутба, намози идайн, намози чаноза, шаходат, дар худуди касос, зиёдатии мерос ва амсоли онхо, он ки анбиёву аима аз мард мешаванд, на аз занон маълум аст /”Тафсири Хусайни”, с. 136/, оятхи 34/.

Муфассир оятхои 36 ва 37-ро хеле муфассал шарх додааст, алалхусус ба хакки падару модар ва хамсоя, муносибати содикона бо онхо, мехрубони бо хамсухбат, дури чустан аз бухлу Кинга ва гайра унсурхои ахлоки эътибор додаст.

Дар масти ва чанобат /то он ки гусл кунед/ намоз нахонед. Ни хукм кабл аз тахрими хамр буд. Барои мусофирону бемор бегусл чоизаст дар сурате, ки агар об ёфт нашавад, бо хок пок карда, ба ду даст махс намуда бошад.

Мардум ба чиход даъват мешаванд, баъзехо дар ин маврид саркашши мекунанд, харчанд /мукофоти/ бузург дар зинда буданаш ва баъди халокаташон ваъда карда мешавад. Инчунин ичозати каср хондани намоз барои мусофирон таъкид шудааст. Дар масъалаи таксими мерос, ки хешовандон, агар зану мард бошанд, як зан нисфи хиссаи як мардро мерос гирифта метавонад. Аз мероси падару модар ва хешон вориси зану мард хак аст. Дар бораи гурухе аз яхуд, ки нофармонбардори намуданд ва рузи шанбе, ки Худо манъ карда буд, ба шикори мохи рафтанд, азобу укубати онхо дар чаханнам накл карда мешавад ва тафсир ба тасвири азоб эътибор додаст.

Тафсир ояти болоро, ки дар хусуси дуруг ва гунохи ошкоро аст, шарх дода баён мекунад, ки чун аз Мадина берун карда шудани кабилаи бани Назир хукм шуд ва гурухе аз онхо дар Хайбар чо гирифтанд, чамъе аз эшон ба назди мушрикини Курайш рафта /Ибни Канона, Ибни Ахтуб ва диг. / Абусуфён ва атбои уро ба мухорибаи зидди Мухаммад /с/ таргиб намуданд. Мушрикин бо онхо хамраъй гаштанд ва аз ин гурух тибки расми худ эхтиром ба чо оварданд ва гуфтанд, ки ба шумо он вакт мо бовар мекунем, агар ба бутони мо тоату ибодат кунед. Яхудиён ба ду бути Курайш, Чибт ва Тогут сачда карданд, гуянд, ки аввали сехр ва дуввуми Иблис аст. Мухаккикон чунин шуморанд, ки аввали нафси аммора ва дуввуми орзухои уст. Касди яхуд бар нубуввати Мухаммад /с/, ки на аз бани Исроил, балки аз бани Исмоил аст, махкум карда мешавад.

Дар тафсири ояти 58 шахри амонат омадааст: Дар рузи фатхи Мака пайгамбар /с/ ба Усмон ибни Талха фармуд, ки калиди хонаи Каъбаро биёранд. Калид назди модари Усмон буд. Усмон назди модараш барои калид рафт, вале модар калидро ба у додани набуд, чун аз кадим боз он калид дасти авлоди онхо буд. Чун Усмон дер кард ва пайгамбар /с/ хеле дар изтироб шуд, ду нафари Сиддик ва Форук назди дари Салофа /модари Усмон/ омадан то Усмонро хабар диханд, ки пайгамбар /с/ изтироб аст. Он вакт модараш калидро ба Усмон медихад. Аббос назди пайгамбар /с/ мавриде, ки Усмон калидро ба Мухаммад /с/ дароз мекард, иброз дошт, ки чун мутасаддии чохи Зам –зам ман хастам, калидро хам ба ман дихед. Хар боре, ки суханашро Усмон мешунид, дасти дароз кардаашро акиб мекашид, то даме, ки Пайгамбар /с/ нагуфт: ки агар ба худою расул имон дори, калидро ба ман дех. Усмон калидро дод, Муртазо Али пеш омад ва ба пайгамбар мурочиат намуда, дархости чунин калиддории Каъба шуд. Хамин маврид оят нозил шуд ва Мухаммад /с/ он калидро ба Усмон баргардонд. Усмон мулозамати пайгамбарро /с/ ихтиёр карда, калидро ба бародараш дод ва то имруз он авлод калиддори Каъбаанд /”Тасфири Хусайни”,с.142/. Дар тафсири оятхои баъд аз фармонбардори ба умарои мусалмон ва киссаи Умари Форук, сухан меравад. Аз чумла гуфта мешавад, ки мунофике ба яхудие даъво дошт.

Мухаммад /с/ ба нафъи яхуди хукм мекунад. Мунофик рози нашуда, яхудиро назди Умар мебарад. Умар /р/ киссаро шунида мегуяд, ки ичозат дихед, ки ман берун оям ва хукми дуруст кунам. Ва шамшер кашида сари мунофикро аз танаш чудо карда мегуяд: “ба хар касе, ки хукми пайгамбарро ичро наку-над, чунин хохам кард”. Аз он маврид Мухаммад /с/ лакаби Умарро Форук, гузошт /”Тасфири Хусайни”, с. 142/.

Чанд оятро рочеъ ба фармон набурдани баъзе ва сарсупории дигарон ба пайгамбар шарх додаанд. Дар шархи ояти 65, 66 тафсир нависад, ки Зубайр ва Хотиб сари навбати об бо хам мухолифат карданд ва аз Мухаммад /с/ казоват пурсиданд. Мухаммад /с/ фармуд, ки ” “Эй Зубайр, об дех замини худоро, пас ба хамсоя гузор”. Дар рох, ба онхо яхуде дучор омад ва пурсид, ки чи хукм кард, Хотиб бо таъна гуфт, ки ба фоидаи писари аммаи худ. Яхуд бо тааччуб изхор намуд, ин мардум, ки уро пайгамбари худо медонанд, боз ба гуфтахояш шаккоки менамоянд, хол он ки бани Исроил дар замони Мусо /а/ гунохе содир карда буданд. Мусо /а/ фармуд, ки барои омурзиши гунох бояд хамдигарро бикушанд. Чунон бо хам катол карданд, ки 70 хазор кушта шуд ва пайгамбари худро бар ин хукм ситам надоштанд. Ояти 86 дар хакки одоби муошират, яъне бояд ба хар кас «ассалому алайкум» гуфт, чавобан “алайкуму-с- салом ва рахматуллох”.

Агар салом бо изофаи рахмат бошад, чавобаш бояд бо иловаи «баракотуху» бошад, яъне дар ин чавоб “ассалому алайка ва алайка ассалом” микдори фарз аст ва иловахо суннат… Сипас оятхо дар бораи куштани куффор /агар онхо ба сулх наоянд ва китол кунанд/, нохак, будани куштани муъмин аз тарафи муъмин, ба чуз тасодуф, ки надониста бикушанд, дар ин сурат бояд озод кунанд ва пардохти дия /хунбахо ва нафака/ ба ворисони мактул биёянд. Ин оят ба гуфти тафсир ба Айёш дахл дорад. Айёш ислом оварда ба Мадина хират кард. Модараш аз ин бисёр нолон буд. Абучахл Хорис низ бародари модарии Айёш буданд, уро дар рох дастгир карда бурда дар Мака азоб доданд, то ки аз ислом ру гардонад, вале Ай1ш ин корро накард ва касам хурд, ки Хорисро дар хар холате пайдо кунад, бикушад. Хорис баъди чанде мусулмон шуд, вале аз он Айёш бехабар буд. Рузе уро Айёш дар махаллаи кибтихо дида бикушт.

Сахобахо уро ба ин кор маломат карданд. Айёш назди Мухаммад /с/ омада киссаро баён кард ва ба хукми тафсир ояти мазкур он маврид нозил шудааст. Дониста куштани муъминонро ояти дигар манъ кардааст ва тафсир гуяд, ки пайгамбар /с/ гурухеро ба сари кавме фиристод, ки аз миёни онхо Мардоси Фадаки ном мард мусулмон буд.

Он кавм аз омадани гурухе мусулмонон хабар ёфта бигурехтанд. Мардос бошад бо молу мулкаш дар кухе мунтазири мусулмонон буд. Чун фарёди такбир баланд шуд, у низ такбиргуён ба поён фуромад, ба онхо салом кард, калимаи шаходат ба забон ронд. Вале Усома ибни Зайд бо шамшер ба суи у битохт, уро бикушт ва молу мулкашро тороч кард. Чун Мухаммад /с/ ин хабарро шунид, аламнок шуд…

Сипас, оятхо дар бораи намоз хангоми сафар, яъне каср хондан ва кам кардани микдори онхо, масалан ба чои чор ракъат омадааст. Чун дар хаволии Мадина душманони муъминон зиёд буданд ва хавфи кушта шудани онхо буд, намози хавф фармон гардид, яъне лашкари ислом ду гурух шуда, яке посдори мекунад ва дигаре намоз мегузорад ва баъди хар ракъат гуруххо иваз мешаванд.

Ин оят вакти чанг бо мушрикон шудааст, вакте, ки онхо касди хамла ба вакти намоз кардаанд / «Тасфири Хусайн», с. 154/ Сипас чанд оят дар хамду санои худо ва киёмат, адои шаходат кардан ба рости ва гайра зикр шуданд. / «Тасфири Хусайн», с. 162/. Дар тафсири ояти 137 омадааст, ки мунофиконро мисли мусулмонон худо дар киёмат нуре дихад, вале чун ба сари пули Сирот расиданд, он нури мунофикон гум шавад, онхо дар зулмот монда аз пули Сирот ба дузах

биафтанд, нур рохи мусулмононро равшан созад ва онхо аз Сирот гузаранд.

Мунофикон дар табакаи зертари дузах бошанд ва аз куффор азобашон бештар бошад…

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …