БУКРОТ (муарраби Hippokrates), Ибукрот, Гиппократ (460, чаз. Кос – 377 то м., Фессалия), хаким ва мутафаккири Юнон. Яке аз асосгузорони тибби антики, асосгузори усули ташхиси клиники дар тиб. Б. тибро аз падараш (Гераклид) ва дар мактаби тиббии чаз. Кос омухтааст. Модари Б. – Фенарета момодоя буд. Б. баъди фавти волидон ба ш. Афина кучид. Аз Геродик таълим гирифтааст. Ба Арабистон, Осиёи Хурд ва ба сохили Бахри Сиёх рафта, ба омухтани хаёт, иклим, илму маданият ва тибби ин кишвархо шуруъ мекунад. Хизмати бузурги Б. дар он аст, ки у тибро аз таъсири тибби кохинон ва калисо озод карда, рохи инкишофи мустакилонаи онро мукаррар сохт. Б. таълим медод, ки табиб бояд на бемори, балки беморро муолича кунад, хусусиятхои фардии организм ва мухитро ба назар гирад. Б. сабаби бемориро аз фасли сол, хосияти обу замин, тарзи зиндаги, нукси модарзоди, синну сол, ирк, таом, мухити кор ва г. медонист. Б. аъзои бадани одамро киёсан бо аъзои хайвонот омухтааст. Мувофики маълумоти Б. хаёт ба 4 моеи ботин (хун, луоб, зардаи зард, зардаи сиёх) ва ба омили табиии бадан (гарми, сарди, хушки, нами) вобаста аст. Б. мизочи шахсро аз афзалияти ин ё он моеи ботин медонист. Дар осори Б. дар бораи беморихои дарун, занона, кудакон, рухи, ханозир, бугумдард, шикастабанди ва чаррохи маълумоти муфид дида мешавад. Б. хангоми табобат аввал пархезу режими махсус, риояи бехдошти шахсиро ба назар гирифта, сипас ба майлу рагбат ва мухите, ки беморро фаро мегирад, ахамият медод. Б. асосгузори географияи тибби мебошад. Вобаста ба конститутсия 4 гурухи одамонро муайян кардааст: дамави (сангвиник), сафроимозоч (холерик), хунсард (флегматик) ва молхулиёи (меланхолик). Б. ба масъалаи пайдоиши беморихо эътибори хос дода, 4 коидаи асосии табобатро пешниход намудааст: «манфиат расон, на зиён»; «мухолифро бо мухолиф табобат бикун»; «ба табиат кумак расон»; «эхтиёткор ва гамхори мариз бош».
«Одоби духтур» ва «Савганди духтур» барин асархои Б. то хол мохияташонро гум накардаанд. То замони мо такрибан 70 асари духтурони Юнони Кадим бо номи «Мачмуаи Букрот» маълум аст. Ин мачмуа с. 1525 ба лотини с. 1526 дар Венетсия ба юнони ва с.-хои 1936 – 44 ба руси дар 3 чилд чоп шудааст. Асархои Б. дар Осиёи Маркази ва Эрон дар давраи Сосониён ба форси ва баъди забти арабхо ба араби дастрас шуда буданд. Абубакр Мухаммад Закариёи Рози, Ибни Сино ва диг. баъзе камбудихои (мас. нагзакро аз сурхак, асабро аз рагу пай фарк карда натавонистан ва г.) асархои Б.-ро танкид намуда, оид ба он масъалахо дастуруламал ва асархои дакик навиштанд. Ба ин нигох накарда, осор ва назарияхои тиббии Б. дар равнаки тибби чахони роли калон бозидааст ва аз ин ру, номаш чун падари хакимон ба забон гирифта мешавад.
Ю. Нуралиев.