Главная / Гуногун / БОБОЧОН

БОБОЧОН

Бобои Абдухолики ман соли 1888 таваллуд шуда, 88 сол умр дида, соли 1976 вафот кардаанд. Он кас писари Зарифи Панчруди, набераи Бобо Хусейн будаанд. Номи падари Бобо Хусейн низ Абухусейн будааст ва ба у номи падарашро гузошта будаанд. Номи пушти дигарии мо Абулхасан будааст. Хамин тавр, ман писари Абдулхамид, набераи Абдухолик, абе- раи Бобои Зариф, чабераи Бобо Хусейн, кабераи Абухусейн, надидаи Абулхасани панчрудиям.

boboАз кавли бобоям дар «Донишномаи Рудаки» ривояте сабт шудааст, ки чил нафарро аз хонадони мо аз авлоди Рудаки зикр карда, номи чанд нафарро, ки бо номи Устод огози хамгун до- ранд, мисол овардаанд.

Бобои Абдухолик шаш писар ва се духтар доштанд. Номи писаронашон Абдулхомид, Абдулхамид, Абдунаби, Абдулма- лик, Абдулазиз ва Абдулмаиз, номи духтаронашон Матлаб, Рафоат ва Исмоат буд, ки аз ин байн холо танхо амаки аз хама хурдиам Абдулмаиз бархаётанд. Худо бар умрашон бияфзояд ва рафтагонро рахмат кунад.

Бибии падарии ман Холбиби Мухаммадюсуф ном доштанд. Соли 1972 дар 65-солагияшон вафот кардаанд. Дар кудакияшон падарашон фавтидааст ва модарашон, ки Кумри ном доштааст, шавхар кардааст. Амакашон мулло Абдурасули Закун, ки дар Бухоро амалдор будааст, бибиямро гирифта, калон кардааст. Номи Мулло Абдурасул дар китоби «Таърихи инкилоби фикри дар Бухоро»-и Садриддин Айни зикр шудааст. Киссаи ба номи у часпондани лакаби «Закун» ин аст, ки яке аз наздикони уро дар Самарканд хукумати Русияи подшохи зиндон карда будааст. Мулло Абдурасул вакил гирифта, конунан бегунохии назди- кашро исбот ва уро аз хабс озод кардааст. «Закун» талаффузи вайроншудаи вожаи «закон»-и руси аст, ки маънояш конун мебошад. Мардуми Бухоро у бо «закун» наздикашро озод кард гуфта, ба у хамин лакабро часпонда будаанд.

Соли 1976 вакте ки бобоям даргузаштанд, ман 9-сола будам. Мо уро «Бобочон» мегуфтем. Бобочон комати баланд ва мавзун, риши кутох ва чехраи зебои нурони доштанд. Сарулибосашон ба расми мардони дараи Киштуд, аз куртаву шалвори сафед ва руйпуши яктах дар тобистон ва чомаи гарм дар зимистон иборат буд. Хамеша калушу махсии хиром пушида, асо бадаст гирифта мегаштанд. Хотирахои ман аз бобоям бештар лахзавист. Лахзахои ширини субхонахури бо он кас, шухихоя- шон бо бибиам, аспсавориашон дар хотирам мондааст. Вале аз забони калонсолон дар бораи бобоям баъзе чизхоро шунидаам, ки онхоро хикоят мекунам.

Дар замони баччагии ман дар Панчруд асп нишонаи доран- даги буд. Бо омадани мошин асп ахаммияти худро хамчун во- ситаи савори аз даст дода бошад хам, баъзехо асп доштанд. Бо- бочон хамеша асп доштанд ва ин суннат то имруз дар хонадони мо нигохдори мешавад. Дар дараи Киштуд аспхои хонадони мо хамеша яке аз бехтаринхо буданд. Ман ду аспи Бобочонро ёд дорам, ки харду този ва машхур буданд. Яке аспи кабуд бо холхои тангамонанди сафед ва дувуми саманди тиллоранг. Инхо харду аспхои тозии саркашу чамуш буданд ва дар тави- ла нигахдори мешуданд ва ба мо ичозат намедоданд, ки хар вакт хохем, онхоро савори кунем. Аспи кабуд хануз дар замони зиндагии Бобочон мурд, вале аспи саманд баъд аз даргузашти Бобочон хам, солхои дароз хамчун ёдгори аз у дар хонадони мо монд.

Ман аз баччаги ба аспсавори шавк доштам. Бешак, дар мухаббати ман ба асп гайр аз аспдории хонадонамон, достонхои кахрамонии устурахои миллии мо низ накш доштааст, чун- ки дар аксари онхо асп яке аз ёрони бовафои кахрамонон ба калам дода шудааст. Масалан, Рахши Рустам як намоди дустии содиконаи байни аспу сохибаш буда, хонандаро мафтуни ин чонвар мегардонад.

Тобистонхо аспдорони Киштуд, аспхои худро ба чарогох сар медоданд. Ман бо амакбаччаву аммабаччахоям, ки низ шавки аспсавори доштанд, асперо дошта, як ресмончаро ба дахонаш чун лачом андохта, пушти луч савор шуда, табъи дил аспдавони мекардем.

Дар даврахои гуногун, хукумати Шурави борхо молу мулки одамонро мусодира кардааст. Дар замони чанги солхои 1941­1945 як аспи Бобочони маро низ мусодира кардаанд ва киссаи ин асп хотирмон буд. Мегуфтанд, ки ин як аспи бадхуй будааст, ки ба гайр аз бобоям касеро ба наздаш рох намедодааст. Бобоям он аспро хеле дуст медоштаанд ва хохиши писаронашонро, ки онро иваз кунанд, намепазируфтаанд.

Ривоят мекарданд, вакте ки марди русе барои мусодира ва бурдани асп омад, ба андоми асп ларза афтод, аз бадхуиву аъмоли тарсафкани он чизе намонд. Марди рус аспи саркашро ба мисли як хари ром аз огил бароварда, лачом заду савор шуда рафт. Мавлонои Руми фармуда:

Чу дил дили нанамояд, чигар чи суд кунад…

Бузкаши дар замони баччагии ман хеле маъруф буд. Аспдо- рон бо аспхои худ хамеша дар ин маъракахо иштирок мекарданд ва аспхоро ба бузкашхо, ки онхоро «човандоз» меноманд, дода, худашон хаводори мекарданд. Бузкаши як бозии берахмона буда, дар он човандозхо лошаи бузро аз замин бардошта ё аз дасти хамдигар дар рафти дави асп кашида гирифта, ба мар- ра расонда, дар чои муайяне мепартоянд ва чоиза мегиранд. Човандозхо либоси гафси махсус мепушанд, зеро ин як бозии хатарнок ва осебрасон аст.

Амакам накл карданд, ки боре бобоям дар як бузкаши ба писарашон гуфтаанд, ки аспро бурда ба човандоз дихад. Пи- сарашон баргашта гуфтааст, ки човандоз дар фалон асп савор буду нахост аспи моро савори кунад. Ин ба иззати нафси бобоям расида, он кас ба синни болояшон нигох накарда, бе либоси махсус ба асп нишаста, ду бор паихам барандаи он мусобика шудаанд.

Дар солхои сиюм вазъи хонаводахои Панчруд хеле бад бу- дааст. Мардум аз ноилочи барои ёфтани кути лоямут ба мар- дикори мерафтаанд. Бобоям як руз дар рохи баргаштан ба дех амакбаччаашонро вомехуранд, ки хамрохи чанд нафари дигар аз дех баромада мерафтаанд. Вакте аз максади онхо огох меша- ванд, ки ба мардикори равонанд, аз руи асп бо як харакати даст писарамакашонро ба пушташон руи асп савор карда, «холо ман намурдаам, ки хешбаччаи ман ба мардикори ба дари мардум равад», гуфта ба хона меоранд ва ба у чандто бузу гусфанд дода, ба рама чупон мекунанд ва мегуянд:

– Ин чанд сар мол хакки ту, агар хонаат танг аст, ними хо- наамро медихам, рузгоратро хамин чо обод кун, дари хонаи мардум мардикори нарав!

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …