Главная / Илм / БЕМОРИИ НАВАСОНи

БЕМОРИИ НАВАСОНи

vibrobolБЕМОРИИ НАВАСОНи (Morbus vibratorius), ангионеврози навасони, бемории касби, ки дар натичаи таъсири бардавоми навасон (вибратсия) ба вучуд меояд. Зарари навасон ба шиддату давомоти он, хамчунин ба хассосияти организм вобаста аст. Садои баланд, хунук хурдан ва таранчиши мушакхо таъсири навасонро ба организм афзун мегардонанд. Б. н. аломатхои гуногун дорад. Б. н .-е, ки хангоми кор бо асбобхои дастии басомадашон 35 гертс падид меояд, боиси спазми мурагхо ва рагхои панчаи даст мешавад. Дар мавриди кор бо асбобхои басомадашон то 35 гертс тагйирот асосан дар мушакхо, устухонхо, бандхо ба мушохида мерасад (мас., дистрофияи мушакхо, деформатсияи ангушту бандхо, шикастани нохунхо, тендовагинит ва г.).
Дар холатхои ба тамоми организм таъсир расонидани навасон сар дард карда, чарх мезанад, хастаги, бехоби дарди миён рух менамоянд; мумкин фаъолияти гадудхои усораи дохили низ халал ёбад.
Бо максади табобати Б. н. маризро ба кори дигар гузарондан лозим аст. Пешгирии Б. н . аз кам кардани таъсири навасон ба организми коргарон иборат мебошад. Барои кор бо асбобхои ларзишдор одамони аз 18-сола боло рох дода мешаванд. Кор бо чунин асбобхо дар мачмуъ бояд аз 2/3 басти кори зиёд набошад.
Коргароне, ки бо асбобу олоти навасони сарукор доранд, бояд соле як маротиба аз назорати тибби гузаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …