Главная / Илм / БЕХДОШТИ САНИТАРИИ ХОК

БЕХДОШТИ САНИТАРИИ ХОК

pesokБЕХДОШТИ САНИТАРИИ ХОК, мачмуи тадбирхои конунбарори, ташкили ва санитарию техникиест, ки бо максади пешгирии ифлос гаштани хок андешида мешаванд. Ахлот, саргин, пору ва пасоб дар сурати нодуруст безарар кардан (ниг. Ассенизатсия, Безараргардонии партовхо), мепусанд ва аз хок ба манбаи таъмини об гузашта, ба инкишофи ангезандахои амрози меъдаю руда, гелминтхо ва хашарот (ангезандаи касалихои одам ва хайвонот) мусоидат мекунанд. Ба хоки ифлос магас, хомушакхо, гурмагасхо тухм мегузоранд, дар он хояндахо маскун шуда, беморихои сирояти (тоун ва туляремия)-ро пахн мекунанд. Ботлокзорхо барои афзоиши пашшаи варача мухити мусоид мебошанд. Махсусан истифода ва нигахдории нодурусти нурихои минерали ва пестисидхо (ниг. Захрхои кишоварзи) барои ифлос гаштани хок хавфи калон доранд.
Бехдошти хок кисми асосии барономахои комплекси рочеъ ба халли масоили бехдошти санитарии хавои атмосфера, хавзахои об, бехтар кардани таъмини об, канализатсия ва тоза намудани махалхои ахолинишин мебошад. Нисбат ба Б. махсусан дар худуди мавзеъхои мухофизати санитари, манбаи мутамаркази таъмини об, курортхо, минтакаи истирохати оммавии ахоли, муассисахои солимгардонии бачагон, санаторияхо ва г. талабот калон аст.
Хок ба туфайли кобилияти полоиш доштан пок мешавад. Вале агар хок нихоят ифлос гашта бошад, пас дар рафти полоиш раванди пусиш ба амал омада, он тамоман тоза шуда наметавонад. Дарачаи ифлосии хокро кормандони бунгоххои санитарию эпидемиологи бо рохи тахкики химияви, бактериологи ва гелминтологи мукаррар мекунанд.
Мутобики Кодекси чиноятии ЧТ (моддаи 228, Хароб кардани замин) захролуд ё ифлос кардани хок бо маводи зиёновари кишоварзи, вайрон намудани коидахои муносибат бо дорухои захрнок, пору, ангезахои рушди растани ва диг. маводи хатарноки химиявию биологи, ки дар натича ба хок зарари чидди расонда мешавад, конуншикани махсуб ёфта, барои он чазохои гуногун мукаррар карда шудааст. Ниг. низ Хифзи мухити зист.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …