Главная / Илм / БЕДАРДГАРДОНИИ ЗОДАН

БЕДАРДГАРДОНИИ ЗОДАН

bedardgardonii-zodanБЕДАРДГАРДОНИИ ЗОДАН, мачмуи тадбирхои пешгири ва муоличави, ки бахри бартараф сохтан ё кам кардани эхсоси дард хангоми таваллуд андешида мешаванд. Дар вакти зоимон нуги бисёр асабхои хассос – ретсепторхо, ки дар бачадон (рахим) ва бандакхои он мавчуданд, ангезиш меёбанд. Дар ин хангом ретсепторхои бофтахои каъри кос ва узвхои таносули беруни низ ангехта мешаванд.
Зимни таваллуд бисёр занхо дард мекашанд. Дарачаи зухуроти дард гуногун буда, ба холати системаи асабхои маркази, хусусиятхои фардии зан ва муносибати у ба таваллуд вобастаги дорад. Дард хамеша аломати мувофики талаб чараён гирифтани таваллуд нест. Дар баъзе холатхо зан бо андак дарди сабук ё умуман дард накашидан низ таваллуд мекунад. Дарди сахт ва бардавом ба системаи асаб ва организми зан таъсири номатлуб мерасонад. Бисёр вакт дар натичаи рафъ сохтани дард зан бе душвори таваллуд мекунад. Бинобар ин Б. з. нафакат аз нигохи шафкат, балки аз лихози табобати низ ахамияти калон дорад.
Бо максади Б. з. аз усулхои омодагии психопрофилактики ва дорушифои истифода мебаранд. Гайр аз ин дар баъзе холатхо электроаналгезия ва сузаншифоиро низ кор мефармоянд. Мохияти омодагии психопрофилактики аз он иборат аст, ки ба зан коидахои рафтор хангоми таваллуд, муносибат ба зоимон хамчун амали физиологи, хатми набудани дард ва г. талкин карда мешаванд. Духтурони машвартгохи занхо бояд аз рузу хафтахои аввали хомилаги эхсоси тарсро аз дили зан дур созанд.
Такр. 4 – 5 хафта кабл аз таваллуд бо занхо машгулиятхои махсус мегузаронанд. Дар машгулияти аввал оид ба сохти анатомии узвхои таносули зан, тагйироте, ки бинобар хомилаги дар организм рух менамоянд, дард кашидани зан ва г. маълумот дода мешавад. Хангоми машгулияти дуюм ба зан мефахмонанд, ки у бояд дар вакти хуручи дарди зодан чи гуна рафтор кунад, чи кор кунад, ки дард таскин ёбад, кадом харакатхоро ичро намояд. Дар мавриди машгулияти сеюм ба зан тарзи чи гуна нафас гирифтан ва зур задан хангоми таваллуд омузонда мешавад. Дар машгулияти чорум зани хомиларо бо тартиби хобондан дар таваллудхона ва тарики муоинаи хомилагон шинос мегардонанд. Зан бояд хамаи фармудахои духтурро дар хона такрор намояд.
Дар мавриди Б. з. тавассути дорухо эхсоси дард кам ё нест мешавад. Дору бояд ба организми зан ва тифл таъсири номатлуб нарасонад, чараёни зоданро сабук гардонад, занро бехуш накунад. Бо максади Б. з. дорухоро баъди 5 – 6 см боз шудани гарданаи бачадон истифода мебаранд. Навъи дору ва тарзи истифодаи онро духтур муайян мекунад.

М.Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …