Главная / Биология / Ахамияти лучтухмон дар табиат ва хочагии халк

Ахамияти лучтухмон дар табиат ва хочагии халк

Олами наботот дар руи Замин сарчашмаи хаёт мебошад. Дар хакикат, мавчудият ва фаъолияти хаётии инсон, хайвонот ва микроорганизмхоро бе мавчудияти он “укёнуси сабз”, ки растанихо онро ба вучуд овардаанд, тасаввур кардан гайриимкон аст. Наботот тамоми мавчудоти зиндаро бо гази оксиген таъмин мекунад. Ба туфайли раванди фотосинтез растанихои сабз атмосфераро бо оксиген бой гардонда, инчунин хаворо аз микдори барзиёди гази карбонат ва дигар омехтахои газхои зарарнок тоза нигох медоранд.

botanika_6

Растанихои сузанбарг дорои ахамияти калон буда, дар табиат ва хочагии халк мавкеи махсус доранд. Арча, санавбар ва дигар сузанбаргон кобилияти баланди мустахкам кардани хокро дошта, онро аз шусташави нигох медоранд. Инчунин, бешазори дарахтони сузанбарг ба монанди чангалхои дарахтони пахнбарг ба зуд обшавии барф монеъ гардида, бо ин восила заминро сернам нигох медоранд.

Хар сол миллионхо метри мукааб чуб тайёр карда мешавад, ки кариб 80%-и онро чангалхои сузанбарг медиханд. Чуби дарахтони сузанбаргро дар сохтмони бинохо, истехсоли асбобхои мусики, мебел, сохтани купрукхо, мустахкам намудани даромадгохи конхо ва ба сифати симчуб истифода мебаранд.

Дар корхонахои химия аз сузанбарг зифт мегиранд ва хангоми катрон намудани он халкунандахои гуногуни органики, аз кабили спирти техники, атсетон, скипидар, эфир ва гайрахо истехсол карда мешавад. Аз чуби санавбар нахи сунъии абрешиммонанд хосил мекунанд. Аз чуби коч когази хушсифат истехсол мекунанд.

Чангалхои дарахтони сузанбарг ва хусусан арчазорхо тавассути баргашон ба микдори зиёд моддахои зудбухоршавандаро (равгани эфири) хорич мекунанд ва бо ин васила хавои мухити сукунаташон- ро аз микробхои касалиовар покиза нигох медоранд. Масалан, рав- гани эфире, ки аз як гектар арчазор хорич мешавад, барои аз микробхо тоза нигох доштани хавои як шахри калон кифоя мекунад. Хусусиятхои мустахками ва тобоварии чуби арчаро ба назар гирифта, аз кадимулайём онро барои бунёди бинохо, сохтани киш- тихо, дар саноати автомобилбарори ва мебелсози васеъ истифода мебурданд. Зеро чуби зифтноки арча нисбат ба таъсири хашарот ва микроорганизмхои пусонанда хело устувор мебошад. Мутаас- зифона, дар натичаи фаъолияти гайриокилонаи инсон сол аз сол арчазорхо кам шуда истодаанд. Бинобар он, дар микёси чахон ис- тифодаи чуби арча дар истехсолоти хочагии халк манъ карда шудааст. Буридани дарахти арча хиёнати дахшатнок нисбат ба ин сарвати пуркимату бебахои табиат мебошад.

Чалгузаи хушбую ширини арча, ки дар таркибаш ба чуз зифт боз такрибан 40% канд дорад, дар саноати хуроквори ва дорусози ва- сеъ истифода бурда мешавад. Дар таркиби канди он микдори фруктоза ва глюкоза хеле зиёд аст.

Киём ва шираи чалгузаи арчаро дар сохаи тиб хамчун воситаи балгамрон, пешобовар, дезинфиксиякунанда истифода мебаранд. Дар саноати хуроквори бошад, чалгузаи арчаро дар сохаи коркарди мохи, консервабарори, гушту шир ва канноди истифода мебаранд.

Равгани эфири аз баргу навдаи арча ба даст овардашуда дорои хусусияти антисептики буда, онро дар сохаи байтори (ветеринари) ва хамчун пасткунандаи дард барои табобати касалии тарбод (ревматизм) истифода мебаранд. Дар заминаи равгани эфир балзами арча тайёр карда шудааст, ки воситаи хуби табобати чарохат ба хисоб меравад.

Гайр аз ин, дар баргу навдаи чавон, чалгуза ва пустлохи арча ба микдори зиёд моддаи даббоги мавчуд аст, ки дар саноати чармгари ахамияти калон дорад.

  1. Растанихои сузанбарг дар табиат чи ахамият доранд?
  2. Лучтухмхоро дар кадом сохахои хочагии халк истифода мебаранд?
  3. Дар таркиби чалгуза ва барги арча кадом моддахои химияви мавчуд аст?
  4. Он моддахои химиявии ба даст овардашуда дар кадом сохахо мавриди истифода карор доранд?
  5. Мухофизати хаматарафаи арчазорон чи ахамият дорад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …