Главная / Илм / АУТОТРЕНИНГ

АУТОТРЕНИНГ

autotrening-dlya-uspokoeniya-nervnoj-sistemyАУТОТРЕНИНГ, худмашкдихи, усули ба вазъи рухи ва чисмонии организми худ таъсир расонидан. А. бо рохи суст кардани мушакхо, ки якчоя бо худталкинкуни гузаронида мешавад, асос ёфтааст.
А. – ро барои табобати бемории невроз, психопатия, ихтилоли рухи, шиддати эмотсионалии одамоне, ки дар вазъияти вазнин ё чанчоли мондаанд, кор мефармоянд. Худтанзимкунии вокунишхои эхсосию вегетативи имкон медихад, ки А. дар физиологияи авиатсиони ва кайхони, психологияи инженери ва г., барои мутахассисоне, ки дар вазъияти стресс кор мекунанд, инчунин барои машк додани варзишгарон истифода бурда шавад. А.-ро пайваста бо диг. усулхои муолича барои табобати зики нафас, бемории гипертония, эндартериит, нейродермит ва г. низ кор мефармоянд.
Чанд усули А. мавчуд аст. Тарзи А.-ро бемор дар рафти машкхои мунтазам аз духтур омухта, сипас худаш мустакилона машк мекунад. Хубии А. дар безарарии он аст. А. дар сурате зиён меорад, ки агар мариз ба ивази диг. воситахои зарурии табобат факат аз он истифода кунад. Пеш аз шуруъ намудан ба А. бо духтур хатман маслихат бояд кард. Хангоми бахо дода натавонистан ба эхсосот (рафтор, хиссиёт)-и худ ё нодуруст бахо додан ба он, хамчунин назорат карда натавонистани шуур А. натичаи дилхох намедихад. Аз ин ру онро барои табобати кудак ва одамони гирифтори касалихои рухи ба кор намебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …