Главная / Илм / АНИС

АНИС

anisАНИС [Pimpinella anisum (≈ Anisum vulgare)], анисун, бодиёни руми, бодиёни мисри, бодиёни форси, гиёхест яксола; ба кашниз ва чаъфари монанди дорад. Бехаш дукмонанд (дарозиаш 50 – 90 см), пояаш рост (20 – 70 см кад мекашад), пашмакдор. Баргаш дар поя пайдархам чойгир шудааст. Барги бехи пояаш паррадор ё яклухт, думчадароз; барги кисми миёнаи поя думчакутох (кисми болои – бедумча). Гулаш майда, сафед, сершахд (моххои май – июн мешукуфад); хушагулаш чатршакл (дар нуги поя ва шохчахои пахлуи чой гирифтааст). Мевааш мурудмонанди хокистарранг, баъди пухтан ба ду хиссаи баробар («тухм») таксим мешавад (ба зуди мерезад).
А.-и худруй маълум нест. Онро дар замонхои кадим (бино ба маълумоти Бакрот) боги кардаанд. А.-ро одатан бахорон мекоранд.
А.-ро барои тухмаш мепарваранд. Онро дар Точикистон бештар дар назди хавли мекоранд. Тухми А. як навъ адвиёти пуркимат (алалхусус дар канноди ва нонпази) аст. Онро чун зираву карав ба таом хам меандозанд. Сабзаи тару тозаашро чун хуриш истеъмол мекунанд. Аз А. равгани эфир мегиранд. Онро барои тайёр кардани навшодири анис, хокаю хамираи дандоншуи ва г. истифода мебаранд; дар тиб ва атриёт низ мухим аст. Равгани эфири А. доруи балгамовар буда, ба узвхои хозима таквият мебахшад.
Хусусияти давоии тухми А. аз кадим маълум аст. Абуалии Сино анисунро барои кори узвхои меъда, чигар, испурч, гурда ва пешобдон муфид хисобидааст; А. арак, балгам, пешоб ва бодро меронад, нафаскаширо осон ва варами поро мегардонад. Накеи тухми А.-ро чун омили таквиятбахши узвхои хозима ва бодрон (1 кошук А.-и куфтаро дар 1 истакон оби чуш 20 дак. дам карда пас аз дока мегузаронанд ва пеш аз таом 3 – 4 маротиба 1 – 2-кошуки) менушанд. Тухми А. чузъи таркибии бисёр «чойхост», ки барои табобати сулфа, иллати меъда, инчунин чун омили араковар, зидди исхол истифода мешаванд.
Ад.: Склиревский Л.Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972; Полуденый Л.В. (ва диг.). Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Гаммерман А.Ф. (ва диг.), Лекарственные растения, М., 1983; Флора Таджикской ССР, Л., 1984.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …