Главная / Илм / АНГУШТ

АНГУШТ

ukazatelnyj-paletsАНГУШТ, кисми интихои дасту пои одам ва хайвонот. А.-и одам бинобар рост будани комат ва ба узви кори табдил ёфтани даст куллан тагйир ёфтааст. А. кисми мухими даст буда, барои доштани чиз, ичрои амал ва г. хидмат мекунад. Сарангушт вазифаи идора карданро ба чо меорад, А.-и саббоба (А.-и ишорат) пас аз сарангушт харакат мекунад, А.-и вусто (А.-и миёна) барои бо сарангушт ва А.-и саббоба чангаквор чизеро доштан пешбини шудааст. А.-и бинсир ва хинсир (А.-и ятимак) ба онхо ёри мерасонанд. Хар як А. бугум, мушак, раги хун ва лимфа дорад. Дар пусти А. асабхои бисёр мавчуданд. Ретсепторхои он чун аъзои хис хидмат мекунанд ( хусусан дар нуги панча). Баъзан дар натичаи ихтилоли раванди инкишофи чанин дар батни модар адади А. каму зиёд мешавад ё кудак беангушт ба дунё меояд. Беангушти адактилия, зиёдангушти полиадактилия ва камангушти олигоадактилия ном гирифтааст.
Ад.: Абдурахмонов Ф., Анатомияи одам, ч. 1 – 2, Д., 1995 – 1998; Наглядная анатомия (тарч. аз англ.), М., 2002; Анатомия человека, М., 2004.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …