Главная / Илм / АЛВЕОКОККОЗ

АЛВЕОКОККОЗ

alveokkozАЛВЕОКОККОЗ (лот. Alveococcosis), эхинококкози алвеолави, бемории гелминтиест аз гурухи тениидозхо. Ангезандаи бемори алвеококк (Echi- nococcus multilocularis) буда, дар рудаи борики хайвонот (сагу гурбахо, рубох, гург ва г.) маскун аст. Дар организми одам кирминахои он чой мегиранд. Да- розии алвеококки болиг 1,3 – 2,2 мм аст. Кирминаи он мисли гудда (гирех)-ест, ки хубобчахои сершумор дорад. Хубобчахо бо бофтаи фибрози фаро гирифта шуда, аз моеъи зардчатоб ва сколекс (сарак)-и гелминтхо иборат мебошанд. Гуддахо бинобар ташаккул ёфтани хубобчахои нав тадричан калон мешаванд. Сироят тавассути хурокворие, ки бо тухму кир- минаи гелминт олуда шудааст, ба вукуъ мепайвандад. Хангоми тамос бо саг, пуст кандани хайвоноти муинадех, ошомида- ни оби чуйу кулхо, истеъмоли сабзавоти куху пушта низ сироят ёфтан мумкин аст. Аломатхои бемори моххо ва хатто солхои дароз аз худ дарак намедиханд. Баъд дар зери кабургаи рост дарди кунд ва эхсоси гарони ба вучуд меояд. Дар натичаи ка- фидани раги маркази гудда мумкин чавфи иллат хуншор шавад. Дар чунин мавридхо дард хуруч карда, бемор бинобар аз махсули тачзияи гелмент сироят ёфтани кисми осебдидаи чигар табларза менамояд. Гуддахое, ки дар назди мачрои калони талха чой гирифтаанд, мумкин ба он фи- шор оварда, боиси сар задани зардпарвин, астсит, холангит гарданд.
А.-ро бо рохи чаррохи табобат меку- нанд. Дар мавриди сироятёбии такрори антибиотикхои доираи таъсирашон васеъ таъин карда мешаванд. Пас аз чаррохи бемор дар муддати 5 сол зери мушохидаи диспансери карор мегирад. Окибати бемори ба ташхису табобати саривактии он вобаста аст. Бо максади пешгирии А. сагхои дайдуро нест ва сагу гурбахои хонагии касалро табобат кардан лозим аст. Пеш аз истеъмоли хурок дастро бо оби гарм ва собун бояд тоза шуст. Меваю сабзавоти аз куху пушта чидаро низ нагз шустан лозим аст. Н. Б. Бердиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …