Главная / Илм / АГНОЗИЯ

АГНОЗИЯ

agnoziiaАГНОЗИЯ (аз a – хиссачаи инкори ва юн. gnosis – дониш, маърифат), дуруст тасаввур ва дарк карда натавонистании ашё ва ходисахо, ки бинобар осеб ёфтани маркази олии асаб (хангоми хуншории майна, омос, садамаи магзи сар ва г.) ба амал меояд. Вобаста ба осеби кисмхои алохидаи кишри майна А. босирави, сомеави шоммави, ломисави ва г. мешавад. Дар мавриди А . – и б о с и р а в и ё «нобиноии рухи» бемор баъзе аломатхо (мас., ранг, шакл)-и ашёро дарк карда тавонад хам, худи онро намешиносад; чузъиёти барои ашё фаръиро мебинад, вале аломатхои асо- сии онро чудо ва худи ашёро номбар карда наметавонад. Хангоми осеб дидани пушт ва фарки сар бемор наметавонад холати худро дар фазо муайян созад, чапро аз рост фарк бикунад, самти харакатро ёбад. Дар мавриди А.-и сомеави ё «гушвазнинии рухи» кувваи шунавои боки мемонад, вале лаёкати чисмхоро аз руи овоз донистан, шинохтан ва фарк карда тавонистан гум мешавад. Бемор обро аз шилдиросаш ё сагро аз аккос заданаш фарк карда наметавонад. Хангоми А.-и ломисави бемор ашёеро, ки бо чашми кушода мешинохт, бо чашми пушида бо ламс фарк намекунад. Яке аз шаклхои махсуси А. надонистани чисми худ мебошад, ки дар натичаи осеби нимкураи рости майна ба мушохида мерасад. Бемор андомхои худро намешиносад, гумон мекунад, ки чанд дасту пой дорад. Аз ин ру, А. ба ихтилоли чузъии холати рухи мансуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …