Главная / Биология / ЯДРОИ ХУЧАЙРА

ЯДРОИ ХУЧАЙРА

Ядро кисми таркибии хучайра буда, дар он КДН, яъне генхо чой доранд. Ядро ду вазифаи мухимро ичро мекунад:

1- нигохдоранда ва такроркунандаи ахбороти ирси; 2 – танзимкунандаи равандхои мубодилаи моддахое, ки дар хучайра мегузаранд. Хучайра бе ядро дуру дароз зиндаги карда наметавонад. Хамчунин, ядро низ озодона кобилияти зист надорад, барои хамин ядро ва ситоплазма ба хам зич алокаманд буда, системаи томро ташкил мекунанд. Бештари хучайрахо дорои як ядроанд. Лекин хучайрахое низ хастанд, ки 2-3 ядро доранд, масалан, хучайрахои чигар. Хамчунин, хучайрахое вомехуранд, ки серядроанд ва адади ядрои онхо то даххо мерасанд.

Хромосома

Шакли ядро бо шакли хучайра вобастаги дошта, метавонад бешакл низ бошад .

Ядрохо доирашакл ва серканот мешаванд. Нохамвори ва хубобчахои пардаи ядро то андозае сатхи ядроро зиёд мекунад, ки ин ба афзоиши алокаи сохторхои ядрои ва ситоплазмави мусоидат менамояд (расми 5.5).

Сохти ядро. Ядро бо парда пушида шуда, аз ду кабат мембрана иборат аст (расми 5.6). Мембранаи кабати берунии ядро бо ситоплазма нигаронида шуда, бо рибосомахо пушида шудааст. Мембранаи даруни хамвор аст. Пардаи ядрокисми системаи мембранавии хучайраро ташкил мекунад. Гуричахои мембранаи беруни ядро бо чуякчахои тури эндоплазмави пайваст шуда, як системаи бо хам алокаманди чуякчахоро ташкил медихад. Мубодилаи моддахо дар байни ядро ва ситоплазма бо ду рох амали мегардад. Якум, дар пардаи ядро масомахои хурд бисёр буда, ба воситаи онхо мубодилаи молекулахо байни ядро ва ситоплазма баргузор мегардад.

Дуюм, ин моддахо аз ядро ба ситоплазма ва баракс, дар натичаи печишхо мегузаранд (ба расми 5.5 нигаред). Гарчанде мубодилаи моддахо байни ядро ва ситоплазма фаъол аст, лекин пардаи ядро кобилият дорад, ки махсули худро аз ситоплазма чудо намояд. Дар натича фаркияти таркиби химиявии шираи ядро аз ситоплазма нигох дошта мешавад. Ин барои фаъолияти муътадили сохторхои ядро лозим аст.

Мухтавои ядро аз шираи ядро, хроматин ва ядроча иборат аст. Дар хучайраи зинда шираи ядро моеи бешакл буда, дар таркиби он сафедахои гуногун, аз чумла, ферментхои ядро, сафедахои хроматини ва сафедахои рибосомахо чой

гирифтаанд. Дар шираи ядро хамчунин нуклеотидхои озод, барои сохтори КДН ва КРН аминокислотахо, хамаи намудхои КРН ва махсули фаъолияти ядро ва хроматин, ки баъзан бо ситоплазма мегузарад, мавчуданд.

Хроматин (аз лотинии chromo – ранг) гуфта, сохти панчарашакли ядроро меноманд, ки ба осони ранг мегирад ва бо шакли худ аз ядроча фарк мекунад. Хроматин дар таркиби худ КДН ва сафеда дошта, кисми хромосома аст ва дар шакли печутоб намоён мешавад. Кисмхои морпечи хромосома аз чихати генетики гайрифаъоланд.

Хромосомахо вазифаи асосии худро, ки гузаронидани ахбороти ирси аст, факат дар холати деспирализатсия ба чо меоранд. Дар хучайрахои таксимшаванда хамаи хромосомахо шакли спирали (пурпечутоб) доранд.

Хромосома сохтори мустакили ядро аст. Шакли хромосома ба кашишхураки якумин вобаста буда, онро сентро мера меноманд; дар вакти таксимшавии хучайра (митоз) ба он тори ахроматини пайваст мегардад. Сентромера хромосомаро ба ду китф (душ) чудо мекунад. Вобаста ба чойгирии сентромера хромосомахо се шакл мешаванд:

  1. Баробардуш, ки харду чониби души хромосома баробаранд ё кариб баробаранд;
  2. Нобаробардуш, яъне дарозии душхо нобаробаранд;
  3. Чубчамонанд, ки як душ дароз, души дигар хурд буда, баъзан бо мушкили намоён мегардад.

Хамчунин, хромосомахои нукташаклро низ дидан мумкин аст, ки душхо хеле хурданд (расми 5.15).

Дар натичаи омузиши хромосомахо маълум гашт:

  1. Дар хамаи хучайрахои чисми растани ва хайвонот микдори хромосомахо якхелаанд.
  2. Хучайрахои чинсии растани ва хайвонот нисбат ба хучайрахои чисми ду маротиба камтар хромосома доранд.
  3. Микдори хромосомахои хучайраи организмхое, ки ба як намуд дохил мешаванд, якхелаанд.

Микдри хромосомахо нишонаи дарачаи ташаккул набу- да, хамеша каробати организмхоро муайян намекунанд. Баъзан дар гуруххои систематикии аз хам дур микдори якхелаи хромосомахоро дидан мумкин аст, ё баракс намудхои каробаташон наздик микдори гуногуни хромосома доранд. меравад, яъне ба хар намуди растани ва хайвонот дастаи муайяни хромо-

сомахо хос аст. Умумияти микдори ва сифатии аломатхои дастаи хромосомахои хучайрахои чисмии ин ё он намуди организмхоро кариотип меноманд (расми 5.16).

Микдори хромосомахо дар кариотипи аксарияти намудхо чуфтанд. Ин далели он аст, ки дар хучайрахои чисми ду хромосомаи шакл ва андозаи якхела дорад ва яке аз организми падар ва дигаре аз модар мерос гирифта шудааст. Хромосо-

махои шаклу андозаашон якхела генхои бо хам монанд доранд ва онхоро хромосомахои гомологи меноманд.

Дастаи хромосомаи хучайраи чисми, ки хар яки он чуфти худро дорад, дутои ё диплоиди буда, бо 2п ишора мешавад.

Хамин тарик, микдори КДН ба дастаи хромосомахои диплоиди мувофик буда, бо 2с ишора мегардад. Аз хар чуфти хромосомахои гомологи ба хучайрахои чинси факат якто мегузарад. Аз ин ру, дастаи хромосомаи (гаметахо) хучайрахои чинси яктои ё гаплоиди (ток) номида шуда, кариотипи чунин хучайрахоро бо 1п, 1с ишора менамоянд.

Баъди ба анчом расидани таксимшавии хучайра, хромосомахо рост шуда, шакли тормонандро мегиранд ва дар ядрои хучайрахои духтарона пайдо гашта, тори борик ва лундаи хроматин аз нав ба вучуд меояд.

Ядроча. Ядроча яке аз кисмхои ядро буда, шакли доираро дорад ва дар шираи ядро чойгир шудааст (ба расми 5.5 нигаред). Дар ядрои хучайрахои гуногун, хамчунин дар як худи хучайра вобаста ба вазифа аз 1 то 5-7 ва бештар ядроча мавчуд аст. Микдори ядрочахо метавонанд аз микдори дастаи хромосома низ зиёдтар бошад. Ин дар натичаи дучандшавии интихобии генхое, ки барои синтези КРН-р лозиманд, ба амал меояд. Ядроча факат дар ядрохои таксимнашуда вучуд дорад; дар вакти таксимшавии митози ядроча дар натичаи печутоб хурдани хромосомахо нест мешавад. Баъди ба охир расидани таксимшави, ядрочахо боз аз

нав ба хамон микдори пешина ташаккул меёбанд. Ядроча сохтори мустакили ядро набуда, дар атрофии хромосома, ки дар он чо генхои сохтори КРН-р (расми 5.17) чойгиранд, ташаккул меёбад. Ин кисми хромосома (ген) таш-килкунандаи ядроча ном дошта, дар он чо синтези КРН-р ба амал меояд. Fайр аз чамъшавии КРН-р дар ядроча хисса-чахои рибосома ба вучуд омада, ба ситоплазма мегузарад.

Бо ёрии катиони Са2+ рибосомахо том шуда, кобилият доранд дар синтези сафеда иштирок кунанд. Хамин тавр, ядроча мавзеи чамъшавии КРН-р ва рибосомахо буда, асоси онро кисми хромосома, ки гени ташкилкунандаи ядрочахоро дорад, ташкил медихад (дар он ахбороти ирси оид ба сохтори КРН-р чой гирифтааст).

Саволхо барои санчиш:

  1. Сохти ядрои хучайраи эукариотиро фахмонед.
  2. Ядроча чист?
  3. Мубодилаи моддахо дар байни ядро ва ситоплазма чи гуна мегузарад?
  4. Хроматин чист?
  5. Хромосомахо чи гуна ва аз чи сохта шудаанд?
  6. Таносуби микдории хромосомахои чисми ва чинси чигунаанд?
  7. Кадом хромосомахоро гомологи меноманд?
  8. Кариотип чист? Онро шарх дихед.
  9. Кадом дастаи хромосомахоро гаплоиди ва диплоиди меноманд?
  10. Хромосомаи бактерияхоро ба ёд оварда, фаркияти онро аз хромосомаи эукариот нишон дихед.

Истилохот:

  1. Ядроча – чамъ шудани сафедахои КРН-р ва кисмхои рибосома. Асоси онхоро кисми хромосома, ки дар он гени ташкилкунандаи ядроча вокеъ аст, муайян мекунад.
  2. Кариотип – чамъбасти аломатхои сифати ва микдории дастаи хромосомахои хучайраи чисми.
  1. Хромосома – структураи мустакили ядро, ки душхо ва сентромера дошта, аз ду хроматин иборат аст.
  2. Гетерохроматин – гранулхо ва тури сохтории ядрои таксимшудаи хучайра, ки то андозае кисми хромосомаи он шакли спиралро дорад.
  3. Пардаи ядроги – структураи хучайра, ки аз ду мембрана иборат буда, ядроро аз ситоплазма чудо мекунад.
  4. Эухроматин – кисми фаъоли генетикии хромосома, ки дар зери микроскопи рушнои дида намешавад.
  5. Кариоплазма – холати махсуси ядро, ки дар он махлули маводи фаъолияти хаёти сохтори ядроги чой гирифтааст.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …