АБУМАНСУРИ БУХОРЙ, Абумансур ибни Хасан ибни Нухи Камарии Бухори (с. тав. номаълум – с. ваф. 990), табиб. Дар ахди Сомониён ба сар бурдааст. Бо асархои Букрот, Чолинус, Сушрута ва диг. олимону мутафаккирон шинос буд. Оид ба тиббу табобат таълифоти зиёд дорад: «Рисола андар илочи амрози садр» («Тар- зу усулхои муоличаи беморихои кафаси сина»), «Китобу гино ва муно», «Мачмуаи кабир дар адвияи муфрада». Дар таълифоти А. Б. масъалахои мухимми тибби назарияви ва амали, анатомия ва физиология, амрози гуногун, тарзу усулхои пешгирии беморихо, бехдошти об, манзил ва г. инъикос ёфтаанд.
Ад.: Исхоки Ю., Точиев Я., Таърихи мух- тасари тибби точик, Д., 1993.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …