Онро, ки гуши иродат гарон офаридаанд, чун кунад, ки бишнавад онро, ки каманди саодат кашон мебарад, чи кунад, ки наравад.
Шаби торики дустони худой
Мебитобад чу рузи рахшанда,
В-ин саодат ба зури бозу нест.
То набахшад худои бахшанда.
***
Аз ту ба ки нолам, ки дигар довар нест,
В-аз дасти ту хеч даст болотар нест,
Онро, ки ту рахбари, касе нум накунад.
В-онро, ки ту гум куни, касе рахбар нест.