Реше даруни чома доштам ва шайх хар руз аз он бипурсиди, ки чун аст ва напурсиди, ки кучост. Донистам, ки аз он эхтироз мекунад, ки зикри хама узве раво набошад ва хирадмандон гуфтаанд: «хар ки (дар) гуфтор сухан насанчад, аз чавобаш биранчад!».
То нек надони, ки сухан айни савоб аст,
Бояд, ки ба гуфтан дахан аз хам накушои.
Гар рост сухан гуиву дар банд бимони,
Бех з-он ки дуругат дихад аз банд рахои!