Тане чанд аз бандагони Махмуд гуфтанд Хасани Маймандиро, ки султон имруз туро чи гуфт дар фалон маслихат? Гуфт:
– Бар шумо хам пушида набошад. Гуфтанд:
– Он чи бо ту гуяд, ба амсоли мо гуфтан раво надорад.
Гуфт:
– Ба эътимоди он ки донад, ки нагуям, пас чаро хамепурсед?
На хар сухан, ки барояд, бигуяд ахли шинохт,
Ба сирри шох сари хештан нашояд бохт.