Намонд чонвар аз вахшу тайру мохию мур,
Ки бар фалак нашуд аз бемуроди афгонаш.
Ачаб, ки дуди дили халк чамъ менашавад,
Ки абр гардаду селоби дида боронаш.
Дар чунин соле муханнасе дур аз дустон, ки сухан дар васфи у тарки адаб аст, хоса дар хазрати бузургон, ва ба тарики эхмол аз он даргузаштан хам нашояд, ки тоифае бар ачзи гуянда хамл кунанд. Бар ин ду байт ихтисор кунем, ки андак далели бисёре бошад ва муште намудоре хирворе:
Гар татар бикушад ин муханнасро,
Татареро дигар набояд кушт.
Чанд бошад чу чисри Багдодаш
Об дар зеру одаме дар пушт?
Чунин шахсе, ки як тараф аз наъти у шуниди, дар ин сол неъмате бекарон дошт, тангдастонро симу зар доди ва мусофиронро суфра ниходи. Гурухе дарвешон аз чаври фока ба чон омада буданд, оханги даъвати у карданд ва мушовират ба ман оварданд. Сар аз мувофикат боззадам ва гуфтам:
Нахурад шер нимхурдаи саг
В-ар бимирад ба сахти андар гор,
Тан ба бечорагию гурснаги
Бинеху даст пеши сифла мадор.
Гар Фаредун шавад ба неъмату мулк,
Бехунарро ба хеч кас машмор.
Парниёну насич бар ноахл
Лочуварду тилост бар девор.