Ё Раб, зи карам даре ба руям бикушо,
Рохе, ки дар у начот бошад, бинамо.
Мустагниям аз дар ду чахон кун ба карам,
Чуз ёди Ту хар чи хаст бар аз дили мо.
* * *
Ё Раб, макун аз лутф парешон моро,
Харчанд, ки хаст чурму исён моро.
Зоти Ту Гани будаву мо мухточем,
Мухточ ба гайри Худ магардон моро.
* * *
Ё Раб, Ту замонаро далеле бифирист,
Намрудонро пашша чу пиле бифирист.
Фиръавнсифатон хама забардаст шуданд,
Мусову асову руди Ниле бифирист.
* * *
Ё Раб, чи шавад, агар маро гири даст,
К-аз бори гунах шуд тани мискинам паст.
Гар дар амалам он чи туро бошад, нест,
Андар карамат он чи маро бояд, хаст.
* * *
Ё Раб, бинамо маро рахе суйи начот,
Мухточи Туам чи дар хаёту чи мамот.
Аз чурму гунохи ман саросар бигузар,
Шарманда макун маро ба рузи арасот.
* * *
Ё Раб, ту Каримиву карими карам аст,
Оси зи чи ру бурун зи боги Ирам аст.
Бо тоатам ар афв куни, нест карам,
Бо маъсиятам, агар бибахши, карам аст.
* * *
Эй Холики халк, рахнамое бифирист,
Бар бандаи бенаво навое бифирист.
Кори мани бечора гирех дар гирех аст,
Рахме бикуну гирехкушое бифирист.
* * *
Ё Раб, бирахониям зи хичрон, чи шавад?
Рохе дихиям ба куйи ирфон, чи шавад?
Бас габр, ки аз карам мусалмон карди,
Як габри дигар куни мусалмон, чи шавад?
* * *
Чамъе ба дарат гиряву ох оварданд,
Чамъе хама дидаву нигох оварданд.
Чамъе диданд хохиши афви Туро,
Рафтанду чахон-чахон гунох оварданд.
* * *
Ё Раб, ба ду нури дидаи Пайгамбар,
Яъне ба ду шамъи дудмони Хайдар.
Бар холи ман аз айни иноят бинигар,
Дорам назари он, ки наяфтам зи назар.
* * *
Ё Раб, ба дилам гайри Худат чо магзор,
Дар дидаи ман гарди таманно магзор.
Гуфтам, гуфтам, зи ман намеояд хеч,
Рахме, рахме, маро ба ман во магзор.
* * *
Ё Раб, бикушо гирех зи кори мани зор,
Рахме, ки зи акл очизам дар хама кор.
Чуз даргахи Ту кай бувадам даргохе,
Махрум аз ин дарам макун, ё Гаффор.
* * *
Ё Раб, ба карам бар мани дарвеш нигар,
Бар холи мани хастаи дилреш нигар.
Харчанд наям лоики бахшоиши Ту,
Дар ман манигар, дар карами Хеш нигар.
* * *
Аллох, ба фарёди мани бекас рас,
Фазлу карамат ёри мани бекас бас.
Хар кас ба касе ба хазрате менозад,
Чуз Хазрати Ту надорад ин бекас кас
* * *
Эй чумлаи бекасони оламро кас,
Як чав карамат тамоми оламро бас.
Ман бекасаму Ту бекасонро ёри,
Ё Раб, Ту ба фарёди мани бекас рас.
* * *
Худовандо, ба фарёди дилам рас,
Каси бекас Туи, ман монда бекас.
Хама гуянд: «Тохир кас надорад».
Худо ёри ман аст, чи хочати кас.
* * *
Эй вокифи асрори замири хама кас,
Дар холати ачз дастгири хама кас.
Ё Раб, Ту маро тавба деху узр пазир,
Эй тавбадеху узрпазири хама кас.
* * *
Ё Раб, ба каримии каримонам бахш,
Бар оби ду дидаи ятимонам бахш.
Сад бор ба лутфу карамат бахшиди,
Ин бор ба Султони Хуросонам бахш.
* * *
Ё Раб, ман агарчи осиву гумрохам,
В-аз бадкори фитода дар афвохам.
Уммед ба рахмати Ту дорам аз он-к
Гуяндаи «Ло илоха иллаллохам».
* * *
Ё Раб, чу бихониям, «атаъно» гуям,
Фармонатро ба чон «самеъно» гуям.
Бар ман Ту ба фазл агар «гафарно» гуйи,
Ман ояму «Раббно заламно» гуям.
* * *
Ё Раб, ман агар гунохи бехад кардам,
Донам ба якин, ки бар тани худ кардам.
Аз хар чи мухолифи ризои Ту бувад,
Баргаштаму тавба кардаму бад кардам.
* * *
Ё Раб, чу ба вахдатат якин медорам,
Имон ба ту Оламофарин медорам.
Дорам лаби хушку дидаи тар, бипазир,
К-аз хушку тари чахон хамин медорам.
* * *
Ё Раб, зи гунохи зишти худ мунфаилам,
В-аз кавли баду феъли бади худ хичилам.
Файзе ба дилам зи олами кудс расон,
То махв шавад хаёли ботил зи дилам.
* * *
Ё Раб, Ту чунон кун, ки парешон нашавам,
Мухточи бародарону хешон нашавам.
Бе миннати халк Худ маро рузи дех
То аз дари Ту бар дари эшон нашавам.
* * *
Ё Раб, ба афуват ба панох омадаам,
Сар то ба кадам гарки гунох омадаам.
Чашме ба карам бибахш, к-аз гояти шавк,
Бе дида ба уммеди нигох омадаам.
* * *
Ё Раб, Чаму Кай зи ахли хад мебинам,
В-оханги хасудон ба лахад мебинам.
3-ин омадану рафтани туфон, хайрат,
Дарёи мухит чуз рамад мебинам.
* * *
Ё Раб, нафасе дех, ки сано пардозам,
В-ин нагма ба оханги сазо пардозам.
Дебочаи илми Хеш дар пешам нех
К-аз хамди Ту накши ошно пардозам.
* * *
Илохо, оташи ишкам ба чон зан,
Шарар з-он шуълаам бар устухон зан.
Чу шамъам барфуруз аз оташи ишк,
Бар он оташ дилам парвонасон зан.
* * *
Ё Раб, зи каноатам тавонгар гардон,
В-аз нури якин дилам мунаввар гардон.
Рузии мани сухтаи саргардон,
Бе миннати махлук муяссар гардон.
* * *
Ё Раб, зи ду кавн бениёзам гардон,
В-аз афсари факр сарфарозам гардон.
Дар рохи талаб махрами розам гардон,
3-он paх, ки на суйи Туст бозам гардон.
* * *
Ё Раб, зи камоли лутф хосам гардон,
Вокиф ба хакоики хавосам гардон.
Аз акли чафокор дилафгор шудам,
Девонаи Худ куну халосам гардон.
* * *
Ё Раб, Ту ба фазл мушкилам осон кун,
Аз фазлу карам дарди маро дармон кун.
Бар ман манигар, ки бекасу бехунарам,
Хар чиз, ки лоики Ту бошад, он кун.
* * *
Ё Раб, назаре бар мани саргардон кун,
Лутфе ба мани дилшудаи хайрон кун.
Бо ман макун он чи ман сазои онам,
Он-чи аз караму лутфи Ту зебад, он кун.
* * *
Ё Раб, ба рисолати Расули сакалайн,
Ё Раб, ба газокунандаи Бадру Хунайн.
Исёни маро ду хисса кун дар арасот,
Ниме ба Хасан бибахшу ниме ба Хусайн.
* * *
Ё Раб, ба дили асири ман рахмат кун,
Бар синаи гампазири ман рахмат кун.
Бар пойи хароботрави ман бахшой,
Бар дасти пиёлагири ман рахмат кун.
* * *
Эй лутфи Ту аз камол болои хама
В-эй зоти Ту аз улум донои хама.
Бини баду нек чумла пайдову нихон,
Чун дидаи сунъи Туст бинои хама.
* * *
Эй дар сифати зоти Ту хайрон кеху мех
В-аз хар ду чахон хидмати даргохи Ту бех.
Иллат Ту ситониву шифо хам Ту дихи,
Ё Раб, Ту ба фазли Хеш бистону бидех.
* * *
Эй Холики Зулчалолу в-эй бор Худой,
То чанд равам дар ба дару чой ба чой.
Ё хонаи уммеди маро дар дарбанд,
Ё куфли мухиммоти маро дар бикушой.
* * *
Ё Раб, ё Раб, Каримиву Гаффори,
Рахмону Рахиму Рохиму Саттори.
Хохам, ки ба рахмати Худовандии Хеш
Ин бандаи шарманда фуру нагзори.
* * *
Ё Раб, дари халк такягохам накуни,
Мухточи гадову подшохам накуни.
Муйи сияхам сафед карди ба карам,
Бо муйи сафед русиёхам накуни.
* * *
Покиву муназзахиву бехамтои,
Касро нарасад мулк бад-ин зебои.
Халк он хама хуфтаанду дархо баста,
Ё Раб, Ту дари лутф ба мо бикшои.
* * *
Ё Раб, бикушои бар ман аз ризк даре,
Бе миннати ин хасон расон мохазаре.
Аз бода чунон маст нигах дор маро,
К-аз бехабари набошадам дарди cape.
* * *
Аллох Туи в-аз дилам огох Туи,
Дармонда манам, далели хар рох Туи.
Гар мурчае дам занад андар таги чох
Огах зи дами мурча дар чох Туи.
* * *
Они Ту, ки холи дили нолон дони,
Ахволи дили шикастаболон дони!
Гар хонамат аз синаи сузон, шунави,
В-ар дам назанам, забони лолон дони!
* * *
Эй, он ки ба мулки хеш поянда Туи,
Дар зулмати шаб субхнамоянда Туи!
Дархои умед бар рухам баста шудаст,
Бикшой Худоё, ки кушоянда Туи!
* * *
Ё Раб, зи казо бархазарам медори,
В-аз ходисахо бехабарам медори.
Харчанд зи ман беш бади мебини,
Хар дам зи карам накутарам медори.
* * *
Эй лутфи Ту дастгири хар худрое
В-эй афви Ту пардапуши хар расвое.
Бахшой бар он банда, ки андар хама умр
Чуз даргахи Ту хеч надорад чое.
* * *
Илохо, бепанохонро панохи,
Ба суйи ин гадоён кун нигохе.
Чи кам гардад зи султон гар кунад у,
Ба холи мустамандон як нигохе.