Воситахои мултимедиа. Мафхуми «мултимедиа» аз калимаи лотинии media – мухит (барандаи информатсия) гирифта шудааст. Мултимедиа имконияти
бо информатсияи табиати гуногундошта кор карданро фарохам меоварад. Агар воситахои мукаррарии компютер, танхо бо информатсияи адади имконияти кор карданро фарохам меоварда бошанд, он гох мултимедиа, пеш аз хама, имконияти бо информатсияи садои ва тасвири (аудио– ва видеоинформатсия) кор карданро фарохам меоваранд.
Хамин тарик, мултиме–диаи компютерхо имконият медиханд, ки:
мусики, сухан ва дигар информатсияи овозию садои айнан хосил карда шаванд;
видеороликхо, филмхои аниматсиони ва дигар видеоинформатсия сохта ва намоиш дода шаванд.
Барои мултимедиа–компютерхо мултимедиапрограммахо сохта шудаанд, ки онхо воситахои овози ва аниматсионии компютерро истифода ва идора менамоянд. Мултимедиа–программахо дар компакт–дискхо нигох дошта мешаванд. Барои хосил намудани овоз компютер бояд бо системахои акустики (колонкахо) ё гушдораки радиои мучаххаз гардонида шуда бошад.