Моддаи 9-и Кодекси оила. Истифодаи мухлати даъво дар муносибатхои оилави
Нисбати талаботе, ки аз муносибатхои оилави бармеоянд, ба истиснои холатхое, ки мухлати хифзи хукуки поймолшударо хамин Кодекс мукаррар намудааст, мухлати даъво татбик намегардад. Зимни истифодаи меъёрхое, ки мухлати даъворо мукаррар менамоянд, суд меъёрхои дахлдори дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пешбинигардидаро дастури амал карор медихад.