Моддаи 204-и Кодекси Мехнат. Тартиби кабули карор аз чониби комиссияи созиш ва мазмуни он
- Комиссияи созиш бо аксарияти овозхои аъзои дар чаласаи комиссия иштирокдошта карор кабул мекунад. Дар сурати кабул карда нашудани карори дахлдор, масъала такроран аз нав барраси карда мешавад. Бо талаби аризадиханда ё як нафар аз аъзои комиссия, овоздихии пинхони гузаронида мешавад.
- Дар карори комиссияи созиш дарч карда мешавад:
– номи ташкилот (сохтор), насаб, ном, номи падар, вазифа (мансаб), касб ва ихтисоси корманди ба комиссия мурочиаткунанда;
– санаи мурочиат ба комиссия ва баррасии бахс, мохияти бахс;
– насаб, ном ва номи падари аъзои комиссия ва дигар шахсони дар чаласа иштироккунанда;
– мохият ва асоснокии карор (бо истинод ба санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон);
– натичаи овоздихи.
- Нусхаи карори имзошудаи комиссияи созиш дар давоми се рузи баъд аз кабул шуданаш ба корманд ва рохбарияти ташкилот супорида мешавад.