Моддаи 158-и Кодекси Мехнат. Мухлатхои пардохти музди мехнат
- Мухлати пардохти музди мехнатро шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ва ё дигар санадхои меъёрии дохили (локали) мукаррар менамоянд, вале он дар хар ним мох камтар аз як маротиба буда наметавонад.
- Дар сурати мувофик омадани рузи пардохти музди мехнат ба рузхои истирохат ё иди гайрикори маош дар арафаи чунин рузхо пардохт карда мешавад.
- Хангоми аз кор озод намудани корманд хамаи маблагхои у дар рузи охирини кор пардохт карда мешаванд.
- Музди мехнате, ки корманд то рузи фавт нагирифтааст, ба аъзои оилаи у ё шахсе дода мешавад, ки харочоти дафнро ба зимма гирифтааст.
- Агар музди мехнат бо гунохи корфармо аз мухлати мукарраргардида дертар пардохт карда шавад, у ухдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонки, ки дар махалли ичрои кор дар рузи пардохти маош мавчуд аст, барои хар рузи таъхири пардохти маош маблаги иловаги дихад.
- Корфармо барои сари вакт напардохтани музди мехнат мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон масъул аст.