Моддаи 8-и Кодекси Мехнат. Манъи мехнати мачбури
- Мехнати мачбури манъ аст, ба истиснои мавридхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст.
- Мехнати мачбури хисоб намешавад:
– коре, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хизмати харби талаб карда мешавад;
– коре, ки дар шароити холатхои фавкулода, хангоми зери хатар будани хаёт, амнияти шахси ва ё саломатии ахоли талаб карда мешавад;
– коре, ки дар натичаи эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунандаи суд талаб карда, тахти назорати макомоти ваколатдори давлати, ки масъули назорати конуният хангоми ичрои хукми суд мебошанд, ичро карда мешавад.
- Дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 моддаи мазкур кормандро ба ихтиёри шахси алохида ё ташкилотхои гайридавлати гузоштан мумкин нест.