Моддаи 130-и Кодекси Андоз. Бахисобгирии андози хоричи
- Маблаги андоз аз даромад ё андоз аз фоида, ки берун аз каламрави Чумхурии Точикистон пардохт шудаанд, хангоми дар Чумхурии Точикистон пардохтани чунин андозхо, дар сурати тасдик шудани пардохти андоз берун аз каламрави Чумхурии Точикистон тибки тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати, ба хисоб гирифта мешавад.
- Хачми бахисобгири, ки дар кисми 1 хамин модда пешбини шудааст, набояд аз маблаги андозе, ки дар Чумхурии Точикистон нисбат ба чунин даромад ё фоида тибки меъёрхои дар Чумхурии Точикистон амалкунанда хисоб карда шудааст, зиёд бошад.