КАРОРИ ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АХОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
БАРОИ СОЛХОИ 2018-2019
Мутобики моддаи 13 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи мусоидат ба шугли ахоли” Хукумати Чумхурии Точикистон карор мекунад:
- Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2019 тасдик карда шавад (замима мегардад).
- Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон, вазорату идорахо, макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхои тобеи чумхури ичрои саривакти ва пурраи чорабинихои Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахолии Чумхурии Точикистонро барои солхои 2018-2019 таъмин намоянд.
- Вазорату идорахо, макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхои тобеи чумхури чараёни ичрои Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахолии Чумхурии Точикистонро барои солхои 2018-2019 мавриди барраси карор дода, аз натичаи он хар семоха ба Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон маълумот пешниход намоянд.
- Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон оид ба чараёни ичрои барномаи мазкур хар нимсола ба Хукумати Чумхурии Точикистон маълумот пешниход намояд.
Раиси
Хукумати Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон
аз 26 октябри соли 2017, № 499
ш. Душанбе