Главная / Илм / МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараккиёти куввахои истехсолкунанда, беш аз пеш чудо шудани касбу хунар аз хочагии кишлок, инкишофи минбаъдаи истехсолоти моли, алокаи наздик бо кабилахои бодиянишин боиси ривочи доду гирифт дар дохили давлатхои Осиёи Миёна ва бо кишвархои хамчавор гардид. Дар ин хусус чи мадракхои бостоншиноси (хусусан, дар кисмати Хитой ва Эрон) ва чи манбаъхои хатти гувохи медиханд.

Мадракхои фаровони сиккашиноси аз мавчудияти мубодилаи пули далолат мекунанд. Аз асри ХI то ибтидои асри ХIII дар сарзамини Осиёи Миёна сиккахои зарби давлатчахои гуногун (вобаста ба дохил шудани онхо ба хайъати нохия ва вилоятхои чудогонаи Осиёи Миёна) роич буданд. Сиккахои газнави ва салчуки одатан дар нохияхои чанубии Осиёи Миёна: аввали дар Точикистон, дувуми дар Туркманистони чануби бештар дучор меоянд. Аксаран дар худуди Киргизистон, Узбекистон ва Точикистони шимоли сиккахои карохони вомехуранд. Сиккахои хоразмшохии Мухаммад ибни Текишро дар саросари Осиёи Миёна пайдо кардан мумкин аст.

Муомилоти пулии онвактаро[1] метавон бо ду хусусияти асосии он тавсиф намуд: яке ин аст, ки ахамияти пули тилло дар ин давра нисбат ба замони гузашта хеле меафзояд. Дуруст аст, ки ин пулро мисли пештара бо баркаш кабул мекунанд. Вале роли он хамчун воситаи муомилот афзунтар мегардад. Пули тилло дар аксари шахрхои Осиёи Миёна бароварда мешавад ва он ба бозор рох меёбад, ки пеш ин тавр набуд. Дигар хусусияти сиккахои онвактаи Осиёи Миёна бо ходисае, ки «бухрони пули нукра» ном гирифтааст, алокаманд мебошад. Аз асри ХI дар давлатхои шарк иёри пули нукра ба поин ру менихад ва дар баъзе мавридхо вазни он кам мешавад. Дирхамхои камиёр дигар ба Аврупои шарки бароварда намешаванд. худуди гардиши онхо танг шуда, хамчун пули камарзиш факат дар дохили давлате, ки онхоро баровардааст, гардиш мекунанд.

Чараёни таназзули пули нукра дар хар давлат ба таври гуногун сурат мегирифт. Масалан, дар давлати Газнавиён ин холат нисбатан сусттар ба амал меомад. Султон Махмуди Газнави ва писари у — Масъуд аз хиндустон чунон сарвате ба горат бурда буданд, ки чанд муддат курби пули нукраро нигох дошта тавонист.

uli_somoniyon-768x371Дар сиккаи онхо 70–76% нукраи холис мавчуд буда, дирхамхои пуриёре, ки 95% нукра доштанд, хануз роич буданд. Аммо дар худи хамин вакт дирхамхои карохонии зарби навохии чануби Осиёи Миёна хамаги дорои кариб 20% нукра буданд.

Дар Фаргонаи миёнахои асри ХI, ки тахти нуфузи Карохониёни шарки вокеъ гардида буд, дирхамхои тамоман бенукра бароварда мешуданд. Ин кабил дирхамхо аз омезиши мис ва сурб сохта шуда, хатто аз муомилоти адади махрум буданд. Дуруст аст, ки баъдтар сардори давлати Карохониёни гарби — Иброхими Тамгочхон Фаргонаро забт намуда, пулхое баровард, ки дар таркиби худ ба хисоби миёна 20% нукра доштанд. Вале ин хам дер давом накард. Дар асри ХII Карохониён дирхамхои мисии бо варакахои тунуки нукра рукашшударо бароварданд. Илова бар ин, дар Осиёи Миёна дирхамхои мисии аз давраи гузашта меросмонда низ мавчудияти худро дар муомила давом медоданд. Хамаи ин сиккахо дар доираи гардиши пули нукра амал намуда, зохиран дар тичорат пули нукраи хакикиро иваз мекарданд. Бинобар ии кувваи харид ва нархи мукаррарии онхо аз арзишашон болотар буд.

Баъзе мухаккикон кадре пештар аз ин ба Аврупо гузаштани нукра ва кам-ёб шудани ин фулузи гаронбахоро сабабгори бухрони пули нукра донистаанд. Ин, албатта, омили хеле мухим аст, вале ба сари худ боиси шикасти пул шуда наметавонад. Дар дигар даврахо хам, дар сурати мавчуд будани чунин захираи нукра сиккахои пуриёр мебароварданд, факат муносибати онхо бо тилло ва курби онхо тагйир меёфт. Дар ин маврид махз тараккиёти пуравчи шахрхо, истехсолоти моли ва тичорати пули чунон микдори пул, яъне воситаи муомилотро талаб намуд, ки онро ба василаи зарби сиккахои комилиёр конеъ кардан аз имкон берун буд. Талаботи афзудаи бозор, аз як тараф, харакати тиллоро зиёдтар намояд, аз тарафи дигар, ба баровардани пулхои камиёр водор мекард. Ба хар васила бештар пул баровардан лозим буд.

Аз ин тавсифи хочагии пулии асрхои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII муносибатхои хеле боравнаки молию пулии онвакта равшан мегардад. Агар дар ин маврид ба муносибатхои молию пули кашида шудани гушахои дурдаст, аз он чумла, навохии кухистон ба назар гирифта шавад, дар таърихи инкишофи муносибатхои молию пулии Осиёи Миёнаи асримиёнаги то чи андоза мавкеи хоса доштани давраи тахкик кардаистодаи мо аён мегардад.

[1]Давидович Е. А., 1960 а, с. 92–117.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …