Главная / Илм / КАШФИ КАЛЪАИ КУХИ МУГ

КАШФИ КАЛЪАИ КУХИ МУГ

Дар тадкики даврахои аввали таърихи асримиёнагии Сугд кашфиёту тадкикотхои археологи чунон макому ахамиятеро сохиб аст, ки зохиран ин гуна макому ахамияти онхо дигар дар хеч кучо ба назар намерасад. Мо борхо ба ин гуна мадракоти археологи истинод кардем. Дар болои материалхое, ки аз Калъаи кухи Муг ва аз Панчакенти кадим ба даст омадаанд, андак муфассал таваккуф мекунем.

Ахли дехаи Хайробод (дар худуди райони Айни) аз даврахои кадим чоеро медонистанд, ки онро «Калъаи Муг» мегуфтанд ва ин ном дар адабиёти илми ба шакли «Калъаи кухи Муг» маъмул шуд. Дар ибтидои солхои 30-юм ахли деха ба ин чо бисёр омадурафт доштанд ва, инак, бахори соли 1932 Чураали ном подабон як сабад ва дар он як варак когази абрешими ёфт, ки ба кадом як хати ачоиби галати ким-чихо навишта шуда буд. Хатро на махмадонохои деха ва на ахли саводи Уротеппа хонда натавонистанд. Тирамох ин хабар ба гуши котиби райкомпартия Абдулхамид Пулоди расид, ки ба таъриху маданияти кадим майлу рагбати зур дошт. Вай бо як дидан пай бурд, ки варак вараки одди не ва онро фавран ба Душанбе фиристод. Айнан дар хамон вакт, яъне соли 1932 бо таклифи КМ Партияи коммунистии Точикистон ва хукумати республика, бо карори Президиуми АФ СССР Базаи точикистонии АФ СССР таъсис ёфта буд. Аввалин рохбари он шаркшиноси оламшумул С.Ф. Олденбург таъин шуд. Мутахассисонн База мукаррар карданд, ки хат ба забони уйгури ё сугди навишта шудааст ва бахори соли 1933 расми дастнависро ба эроншиноси номии совети А.А.Фрейман доданд. Вай мукаррар кард, ки хат ба забони сугди ва бо хуруфоти сугди навишта шудааст. Бозёфти подабон кашфиёти бузурги илми гардид. Осори катибаи сугдиён хеле пеш хам маълум буд (онхо аз Туркистони шарки ёфт шуда буданд). Соли 1932 катибаи сугди махз дар хоки худи Сугд ёфт шуд – оре, хати сугди аз худи Сугд баромад – аз ин хабар дили кадом олим ба тапиш намеомад![1]

А.А. Фрейман ба Душанбе омад, бо нусхаи аслии хат шинос шуд, таърихи ёфта шудани онро ба тафсил пурсида гирифт ва инак, акидае пайдо шуд, ки дар назари аввал гуё хаёли хом менамояд — дар чои ёфтшудаи хат бояд боз дигар хатхо хам бошад. Бо маслихати А.А. Фрейман ба Калъаи Муг як гурух ходимони базаи точикистонии АФ СССР рафтанд. Ахли республика бо иштиёки тамом мунтазирии кашфиёти нав гардид. А. Пулоди дар чунин шароит тобистони соли 1933 ба кофтуков сар кард. Албатта, гуфтан даркор, ки вай археолог набуд ва эхтимол, дар ин кор сахву галат хам карда бошад, вале хар чи хам набошад, ба гайрату чидду чахди вай коил шудан даркор. Мохи июл зиёда аз бист хуччат ва чанд ашёи модди ба даст омад. Совети Комиссарони Халки РСС Точикистон барои давом додани хафриёт карори махсус кабул карда, маблагу воситахои лозимиро дод.

istaravshan-qalai_mug_00-768x480

Тирамохи хамон сол ба сари хафриёт котиби илмии Базаи точикистонии АФ СССР А.И.Василйев бо як гурух олимону мутахассисон омад. Ана хамон вакт ба кофтукови калъа шуруъ карданд; А.И.Василйев боз 21 дастхат ёфт. Бо карори идорахои рохбарикунандаи Точикистон мохи октябр як экспедитсияи калону мукаммал таъсис дода шуд, ки рохбари он А.А.Фрейман буд. Ноябри соли 1933 А.И.Василйев дар хайъати хамин экспедитсия Калъаи кухи Мугро кофтуков кард. Сонитар (дар соли 1947) Л.Воронина кори А.И.Василйев сар кардаро анчом дод.

Кухе, ки дар болои он харобаи калъа чой дорад, як харсанги босалобати яклухти хаштодметраест, ки дар сохили чапи дарёи Зарафшон, дар карибии бо он хамрох шудани дарёчаи Кум вокеъ гардидааст. Се тарафи ин харсанг об ва тарафи чорумаш рохи росту фарози мушкилгузар мебошад. Майдончаи болои кух замоне девори сангин доштааст ва калъа ба ин сабаб кариб тамоман фатхнопазир мешуд. Дар ин майдонча харобаи биное менамояд, ки замоне дуошёна будааст. хангоми огози хафриёт факат харобахои ошёнаи якум менамуду бас. Иморат шаклан росткунчаи нобаробаре буду пахлухои он 18,5–19,5 м буд. Ошёнаи якум чунин бинохо дошт: чор хонаи дарозу борик, ки ба кадди иморат баробар буданд (бари хар як аз ин хонахо 1,9-2,25 м) ва дар ши-моли ин хонахо долони аз ин хам бориктари кундаланге буд, ки тамоми он чор хонаро ба хам мепайваст. Аз ин долон даре ба берун кушода мешуд. Тах-курсии деворхо аз хишти пухта ва сардеворихо аз хишти хом буд. Худи бино калон нест. Ягон зебу ороиш надорад ва як калъаи мукаррарии дидбони аст.

Дар рафти хафриёт маълум шуд, ки хуччатхо (шумораи онхо аз 80 гузашт ва аз чумлаи онхо 74-тоаш сугди буд) дар баландии 50-70 м аз фарш, дар таги шикастапорахои фурурафтаи шифт хобидаанд. А.И.Василйев дуруст тахмин кард, ки бино аслан дуошёна буду хуччатхо дар ошёнаи дувум меистоданд. Дар рафти хафриёт на факат хуччат, балки бисёр ашёи маданияти модди низ ба даст омад ва номгуи онхо ба 400 расид. Алалхусус, сафолот бисёр аст. Ашёи бофта — сабадхои гуногун чолиби диккатанд. Ин сабадхо нихоят бо хавсала бофта шудаанд ва тарзи бофти онхо бо бофти точикони Помир шабохат дорад.

Ашёи чубинро махсус кайд кардан даркор – карсону табак, тугмаву сагак, белу кошук барин чизхо хеле бомахорат сохта шудаанд. Сандукчаи чубине кирои зикр аст, ки бо чарми сиёхи тунук рукаш гардидааст ва дар сарпуши он ба шакли ситорахои хаштгушаи сурх накши ачоибе хаст. Дигар ашёи нодир сипари чубин аст, ки низ рукаши чармин дорад ва дар руи он сурати рангоранги аспу савори мусаллах кашида шудааст. Матоъхое, ки аз он чо ёфт шудаанд, асосан пахтаги, абрешими ва пашми мебошанд. Алалхусус, саргиракхои тури чолиби диккат аст, ки аз ресмони пахтаги бофта шудааст ва осори багоят ачоибу олисифатва бехамтою бесобикаи санъати турбофии Осиёи Миёна мебошад.[2] Аз чумлаи асбоби чанги гайр аз сипаре, ки дар боло зикр кардем эхтимол, ин сипари чанги не, балки сипари маросими хам бошад), боз гилофи чубини ханчар, пайконхои охани, тирхои найи, чуби ва чубунайиро номбар кардан даркор. Инчунин ашёи шишагин, шаш дона танга ва бокимондахои зироат ёфт шуд.

Тамоми ин бозёфти фаровон дар бораи хусусияти маданияти моддии сугдиён бори аввал маълумоти муфассал дод ва кашфиёти хуччатхои хатти, ки бозёфти беамсоли даврон хисоб мешуд, дарак медод, ки баъди кушодани рамзи он рочеъ ба таърих ва маданияти маънави мадракоти гаронбахо ба даст хохад омад. Ба шарофати мехнати пурмашаккату шадиди А.А.Фрейман кушодани рамзи дастхатхои сугди огоз ёфт ва ин корро шогирдони вай М.Н.Боголюбов, В.А.Лившитс, О.И.Смирнова анчом доданд, матнхои арабиро И.Ю.Крачковский ва В.А.Крачковская хонда, шарх доданд.

Тадкики ин материалхо имкон дод, ки санаи бунёди Калъаи Муг ва давраи истехсоли ашёи он аник муайян карда шавад. Рохнамо як хуччати араби шуд, ки дар матни он В.А.Крачковская ва И.Ю.Крачковский зуд номи «Дивасти»-ро хонданд (сугдиёнро «Диваштич», «Диваштак» мегуфтанд) ва ин ном дар маъхазхои рочеъ ба Осиёи Миёнаро истило кардани арабхо зикр шудааст. И.Ю.Крачковский баъди 10 соли ин кашфиёт дар китобаш «Над арабскими рукописями» («Дар сари дастнависхои араби») тафсилоти вокеаро хеле анику дакик ва бо обуранг тасвир кардааст. Дар хотима вай гуфтааст: «Дар хакикат, номи Диваштич мифтохи тамоми кор гардид – яъне на факат хати арабиро фахмонда дод, балки барои тадкики хуччатхои сугди заминаи мустахкам фарохам овард. Диваштак хокими сугдиён будаасту махз бокимондахои архиви вай дар Калъаи Муг ба дасти экспедитсия афтодааст. Номи дигар волии араб, ки Диваштич мактубро ба вай ирсол карда буд, ба осони муайян шуд ва махз хамин ном имкон дод санаи мактуб аник карда шавад ва он соли садуми  хичри, яъне такрибан солхои 718–719 будааст».

Аллакай феврали соли 1934 дар Ленинград, дар мачлиси Академияи фанхо, ки ба экспедитсияи Калъаи Муг бахшида шуда буд, натичаи он, аз чумла, аввалин кушиши кушодани рамзи дастнависхои сугди ва хондани хуччатхои араби арз карда шуд. И.Ю.Крачковский хеле дуруст гуфтааст, ки: «…Ин тантана буд, тантанаи экспедитсия буд, ки илмро бо маълумоти бесобика гани кард, ин тантанаи илм буд, ки кудрати худро равшан нишон дод ва дар пеши назари хама дониши моро ба зинаи баландтаре баровард.[3]

Факат хаминро илова кардан даркор, ки ба ин тантана хам як подабони одди ва хам котиби райкомпартия ва хам рохбарони идорахои республикави ва хам шаркшиносони оламшумули совети сахми худро гузоштанд.

Хамаи ин диккати олимонро ба хавзаи болооби Зарафшон кашид. Дар он вактхо дар Точикистон муассисахои археологи вучуд надоштанд, вале олимоне буданд, ки мехостанд гузаштаи республикаро тадкик намоянд. Яке аз хамин гуна одамони ташаббускор археологи кишваршинос В.Р.Чейлитко ном шахси кордони богайрате буд. Вай солхои 1934-1937 хавзаи болооби Зарафшонро тадкик карда, аз чумла, дар Панчакенти кадим андак хафриёт гузаронд. Аз ахбори мухтасару беробитаи газетахо дар бораи ин хафриёт маълумоти муфассал гирифтан мумкин не, вале шубхае нест, ки натичаи ин хафриёт хеле хуб буд. Вале тавсифи бозёфтхо бисёр камбудихо дорад. Аммо дар айни хол бояд икрор кард, ки В.Р.Чейлитко ахамияти димнаи Панчакенти кадимро дуруст муайян намуд ва ояндаи онро низ дуруст пешгуи кард, ки ба туфайли тадкикоти ин димна як шахри калони бутун падид меояд, ки пеш аз истилои арабхо вучуд дошт ва ба ин шахр «таъсири асрхои минбаъда нест, зеро баъди дар ибтидои асри VIII хароб шудан мардум дигар ба ин чо манзил накарданд. Ба туфайли хафриёт бисёр асархои санъат, тамгахо ва сафолот ёфт шуд.

Вале тадкики илмии Панчакент факат пас аз 10 сол огоз ёфт. Соли 1946 «Экспедитсияи археологии сугдшиносии точик» ном экспедитсияи калони илми ташкил карда шуд. Дар кори экспедитсия се муассиса — Институти таърихи маданияти моддии АФ СССР, Филиали точикистонии АФ СССР ва Эрмитажи давлати ширкат доштанд. Аъзо — корреспонденти АФ СССР, забардасттарин шаркшинос ва археологи совети, шогирди В.В.Бартолд-А.Ю.Якубовский рохбари экспедитсия таъин карда шуд. Вай соли 1946 бо як гурух олимон ба Панчакент омад. А.Ю.Якубовский димнаро бодиккат тафтиш кард ва бо маълумоти В.Р.Чейлитко шинос шуда, ба хулосае омад, ки дар ин махал хафриёти калон ташкил намудан зарур аст. Вай хамин нуктаро дар назар дошт, ки «Панчакенти кадим дар замони ислом вучуд надошт». А.Ю.Якубовский мехост маълумоте чамъ кунад, ки он имкон дихад дар бораи шахрхои то истилои араб вучуддошта акидае баён карда шавад. Вай масъалаи тадкики Панчакенти кадимро аз гушаву канору тангкучахои сарбастаи кишваршиноси берун бароварда, ба шохрохи илми совети хидоят намуд. То вопасин дами худ (соли 1953) А.Ю.Якубовский рохбари хафриёти Панчакент буд. Баъди сари вай ба хафриёт М.М.Дяконов рохбар шуд (вафоташ соли 1954), аз соли 1954 рохбари хафриёт А.М.Беленитский мебошад.

Харобахои Панчакенти кадим 60 км шарктари Самарканд, дар канори Панчакенти имруза чой гирифтааст. «Дар хамин чо, дар сохили баланди Зарафшон димна вокеъ аст. Пеш аз хафриёт ин чо заминхои лалми буду дар вусъати майдони лаби дарё тархи базур аёни девори калъа ва бурчхои он ба назар мерасид. Агар кас ба болои яке аз ин харобахои бурчхо барояд, сатхи худи димнаро медид, ки он майдоне буд пур аз теппаю дунгию дунгичахои гуногунсохту гуногуншакл. Ин майдони худи шахр буд, ки сонитар ба он истилохи шахристонро нисбат доданд. Вусъати шахристон 19 га ва масофаи гирдогирдаш 1750 м аст. Девори шахристон факат дар шимол ва шарк рост аст, дар чануб ва гарб бошад, ба пастию баландии махал мувофик шуда, качу килебу пастубаланд мебошад. Дар тарафи гарбии шахристон бошишгохи хоким – арк чой дорад, ки замоне бо деворхои калъа як истехкоми томро ташкил медод. Арк дар болои теппаи 30-метра вокеъ буда, аз шахристон бо сое чудо аст. Дар тарафи шарки ва чанубу шаркии шахристон хавлихои наздишахри чой дошт, ки он гуё ибтидои работхои шахрхои давраи мутараккии асрхои миёна буд. Дар чануби шахристон чанд теппачахо хаст, баъди хафриёт маълум шуд, ки онхо новусхои зардушти будаанд. Пас, кабристон хам дар хамин чо будааст.

Шахристон кучахои бисёр дорад. Бари кучахои шахр 3–5 м буда, онхо гох мутавози мераванд ва гох ба хам пайваста мешаванд. Дар ду тарафи куча махаллахои сершумор, дукону устохонахои бисёр чой дошт. Масалан, дар яке аз кучахое, ки шартан № 3 номида шуду ба тули 100м муфассал тадкик гардид, дар як тарафаш махаллахои ХIII ва VI ва дар тарафи дигараш махаллахои III, ХХ, VII ва ХVI ёфт шуд, ки хар яке аз даххо хавлихо ва зиёда аз 100 бино иборат аст.

Масалан, махаллаи истикоматие, ки шартан «объекти III» ном гирифт, дар гушаи шимолу шаркии шахр чой дорад ва росткунчаи такрибан дурусте мебошад, ки аз шимол ба чануб тул кашида, андозааш 190х35 м аст. Тарафи гарбии махалла дар тули 100 м ба шакли девори яклухт аст, ки панч дарвоза ва як айвон дорад, вале хамин ки ба чануб тоб хурд, шаклаш дигар мешавад. Тарафи шаркии махалла хеле бисёр дарвозаву айвон дорад. Ба акидаи О.Г.Болшаков, тамоми махалла аз хашт хавли иборат буда, дар хар як хавли 10–15 иморат хаст.[4]

Хавли аз бинои болохонадор иборат мебошад, ки аз хонаи поён ба хонаи боло бо рохи моил ба баланди баромадан (пандус) мумкин аст. Маркази хавли толори калони чоркунча мебошад. Девори гафсу баланди бедарвоза як хавлиро аз дигар хавли чудо кардааст.

Сохти объекти VI–ХIII назар ба объекти III он кадар ботартиб нест. Бинохои ин хавли ба девори калъа пайваст буда, дар гардишхои он чойхои холи мондааст, ки мисли руйдаричахо мебошад. Б.Я.Ставиский дар ин чо бисёр хавлихоро муайян намудааст, ки ошёнаи якуми онхо аз чор то дах хона доранд. Дар якчанд аз ин хавлихо толори калони ташрифот хаст, ки ба он долони шервонисакф мебарад, гайр аз ин чанд хонахои иловаги дорад ва барои ба ошёнаи дувум баромадан баромадгохи моили зинамонанд сохта шудааст. Хамаи ин хавлихо ба хавлии объекти III монанди дорад.

В.Л.Воронина муайян кардааст, ки иморати хар як хавли ба ду таксим ме-шавад: ба хонаи ташрифот ва хонаи истикомати. хавлихои бойтар дарвоза-хонае доштанд, ки ба намуди айвон сохта шуда буд. Хонахои поён одатан шервонисакф ва шифти онхо хеле баланд буд (то 5 м) ва таг-таги девор барои хуфтухоб суфахо сохта шуда буд. Хонахои поён андак ториктару салкинтар ва хонахои боло равшантару сабуктар сохта мешуду, эхтимол, хонахои тобис-тони буданд ва ба он ба воситаи баромадгохи моил ё бо зина ба баланди баромадан мумкин буд. Чи тавре дар боло хам кайд кардем, маркази ин хавлихо толори калони чоркунчае мебошад (андозаи онхо ба хисоби миёна 50-80 м2). Гирдогирди даруни толор суфа дошт ва суфаи рубаруи дари даромад баланду барчаста буд. Шифти толор аз чуби мукаррари буда, ба чор сутун такя мекард ва дар миёнчо равзан дошт. Саросари деворхои толорро пур аз накшу нигор ва танаи сутунхоро кандакори мекарданд. хайкалхои чубин хам дар ин толорхо меистоданд.

хар як ин гуна хавли бошишгохи ашрофе мебошад, ки барои истикомати худи сохиби хавли ва ахли хонаводаи вай хонахои зиёде дошт, барои хизматгорону анбору ошхонаву ва г. низ хонахо буданд (баъзан онхоро аз хонахои асоси чудо месохтанд) ва инчунин толори ташрифот буд, ки он вазифаи мех-монхонаи хавлии бойи асрхои ХIХ ва аввали ХХ-уми точикро ичро мекард.

Дар катори ин гуна хавлихои калон дар махаллахо хавлихое буданд, ки толори ташрифот надоштанд; хеле хоксорона ва хатто факирона буданд ва, зохиран, дар ин хавлихо шахриёни катори зиндаги мекарданд.

Яке аз хавлихои объекти VI сохти махсус дорад. Дар ин хавли чор толори ташрифот хаст, аз чумла, толори росткунчаи ташрифот, ки андозааш 12,7Х7,9м мебошад. Дар ин толор 100 кол ёфт шуд, дар байни расмхои руи девор лавхи нардбози хам кашида шудааст. В.Л.Воронина мегуяд, ки ин толор «толори махсуси бози буд», вале ин гапи уро исбот кардан мумкин набошад хам, ба хар хол чои шубха нест, ки ин хавли хавлии чамоати буд.

Сохти хавлихо бетагйир намемонд. Онхоро васеъ мекарданд, борхо аз нав месохтанд.

Дар солхои охир муайян шуд, ки хонахои алохида-алохидаи (баъзан иборат аз ду кисми) сари кучахо, ки бевосита ба куча дар доштанд, чи гуна хонахо будаанд. Дар чои тадкикшудаи чоркуча зиёда аз чил адад ин гуна хонахо баромад. Дар баъзе ин гуна хонахо кура, порахои пахшшудаи охани гудохта, дошхои пури дажгол ва дигар осори касби хунарманди падид омад. Дар хамин хонахо нисбат ба дигар навъ хонахо танга бисёр ёфт шуд. АМ.Беленитский мегуяд, ки ин хонахо устохона ё дукон мебошанд ва ё хам устохонаву хам дукон мебошанд ва ин иддаои уро беасос гуфтан мумкин нест.

Як силсила ин гуна хонахо пайваста ба як хавлии хеле бой сохта шуда, дар пеш майдончае дорад, ки ба куча мебарояд ва шумораи он хонахо ба 11 мерасад. Пеши тамоми ин 11 хона як айвон дошт. Бозорчойхо дар кади кучахои шахр вокеъ буданд. Чунончи, дар давраи мутараккии асрхои миёна чунин буд, дар он даврахо низ бозор хам чои истехсол буду хам чои хариду фуруш.

Ба кавли А.М.Беленитский, «хафриёти солхои охир тасаввуроти пешинаро рочеъ ба тартиби кучахои шахр ба кулли дигар кард. Маълум шуд, ки кучахои шахр кучахои росту батартибе мебошанду хонахоро ба махаллахои муайян таксим мекунанд. Бешак, майдонхо низ буданду андозахои гуногун доштанд.[5]

Дар кисми шимолии димна пастхамии калоне хаст, ки замоне майдон буд. Дар гарби ин майдон ду теппаи калоне хаст, ки замоне ду иморати чамоатии ба хам пайваста буд ва, одатан, алхол онхоро маъбад мегуянд – маъбади чануби (№ 1) ва маъбади шимоли (№ 2). Маъбадхо хам аз ду кисм иборат – худи бинои маъбад ва хавлии маъбад, ки чанд иморатхои истикомати ва хочагиро дар бар мегирифт. Гуфтан даркор, ки маъбади № 2 дар мобайни хавли чойгир шудаасту чор тарафи онро хонахои гуногун печонида гирифтаанд (тули хавли аз шарк ба гарб 75–80 м ва аз шимол ба чануб 60м). Маъбади № 1 бошад, дар як кунчи хавли истодаасту факат як тарафаш ру ба хавли мебошад. Маъбад дар болои тахкурсии баланд сохта шуда, нисбат ба хавли болотар аст. Кас, хамин ки ба хавли даромад, рост рубаруи дарвоза дар пеши маъбад рохрави болопушидаи ду тарафаш кушодаеро медид, ки бомаш бар шаш сутун устувор буд (тули ин рохрав кариб 21м аст).

Дар охири ин рохрав айвони чорсутунаи чоркунчае ру ба хавли, яъне ру ба шарк сохта шуда буд (андозаи ин айвон дар як маъбад 7,58Х8,1 м ва дар маъбади дигар 8,1Х10,3 м). Аз ин айвон ба ибодатгохе даромадан мумкин, ки андак дарунтар вокеъ асту тархаш чоркунча мебошад. Аз ду тараф ва дар кафои маъбад рохрави болопушидаи сутундори ду тарафаш кушодае вокеъ буд, ки бо хамин гуна рохрави пеши маъбад пайваст мешуд. Девори толорхои маркази чорсутундор ва девори айвонхо пур аз расму сурат мебошанд ва, аз афти кор, замоне дар ин чо хайкалхои гили хам будаанд. Дарвозахонаи маъбади № 2 бо накши гили зинат дода шуда буд. А.М.Белинитский исбот кард, ки як кисми ин накшу нигор ахамияти маросими дошт ва инчунин таърихи ин иморатхоро муайян намуд.

Ин иморатхо алхол хароб шуда бошанд хам, холо хам салобати онхо касро зер мекунад. Меъмор нияти муайяне доштааст ва бо махорати тамом ин нияти худро ба амал баровардааст. Аз рохрави каторсутуни болопушидаи ду тарафаш кушодаи майдон бинои марказии маъбад хеле бошукух менамояд. «Маъбад дар болои тахкурсии баланд, болотар аз хама ва дар миёнчои хавли чо дошт ва баромадгохи моили зинамонанди васею бошавкати худ катори сутунхои мавзуну нозуки худ ва толорхои музайяну мукарнасии худро бо гурури тамом чилва медод. Ачаб намуде дошт катори назаррабои сутунхои он, накши назокатомезу пурлатофати сутуну мучассамахои он ва сахаргохон, вакте анвори заррини офтоб ба даруни айвонхо фуру мерехт, накшу нигори он ба тобиши рангинкамон партав меафканд».[6]

Хамаи ин хафриёт кабати болоии шахристонро ошкор намуд, ки ба асрхои VII-VIII нисбат дорад.

Ин давра давраи авчи тараккиёти шахр буд ва онро истилои арабхо катъ намуд. Дар баъзе чойхои шахр осори сухтори азиме менамояд, ки, эхтимол, соли 722 пеш аз милод ва ё худ андак сонитар (то солхои 738/39) ба вукуъ омадааст.

Такрибан солхои 738-740 шахр боз баркарор мегардад. Вале баъдтар дар солхои 70-уми асри VIII, эхтимол, ба муносибати шуриши Муканнаъ арабхо Панчакентро боз хароб карданд ва ин дафъа зиндаги дар шахристону работ дигар эхё наёфт.[7]

Дар баъзе китъахои шахр шабакахои поёнтар хам тадкик карда шуд ва маълум гардид, ки хам арк ва хам шахристони деворпеч, хануз дар асри V ва ибтидои асри VI пайдо шуда будааст. Махз дар хамин давра шахр таракки мекарду ташаккул меёфт.[8]

«…Панчакент шахри хакики буд. Тамоми вусъати он пур аз иморатхои ду ва сеошёна буд, ки онхо махаллахои калонро ташкил медоданд ва ба хамдигар зич чой гирифта буданд. Вакти хафриёт дар ду тарафи кучахои танг дуконхои сершумори савдогарону косибон ёфт шуд, ки ба масофаи калон тул кашидаанд. Алхол зиёда аз сад иморатхои серхонаи панчакентихои кадим кашф гардидаанд. Кариб сеяки ин иморатхо, яъне на факат хонаи аъёну ашроф, балки кариб хамаи хонахои шахриёни доро толорхои бошукухе доранд, ки бо накшунигори мучассамахо зиннат ёфтанд. Ба туфайли хафриёт маълум шуд, ки дар Панчакенти кадим санъати монументали нихоят маъмул будааст, хол он ки ин акида ба гушаи хаёли касе намеомад. На факат маъбадхо, на факат касри шох, балки даххо хонахои ахолии оддии шахр он кадар осори рассомию хайкалтароши доштаанд, ки хар яки онхоро музеи санъат гуем хам, хато намешавад».[9]

Дар айни вакт бо хафриёти дигар кисмхои шахр А.И.Тереножкин ба кофтукови арк сар кард. Солхои охир дар ин китъаи хафриёт археологи чавон А.Исхоков бомуваффакият кор мекунад.

Онхо мукаррар карданд, ки арк иборат аз бурчи маркази, ки ба майдончаи пеши арк пайваста мебошад ва, инчунин чанд иморати поёни дорад, ки ру ба шахристон сохта шудаанд. Махз дар хамин чо якчанд иморатхои калони ташрифоти, аз чумла, толорхои бузург ёфт шуданд, ки суфахои бисёр доранд. Миёнчои иморат толори азимест, ки (10х12,5) нишемангохи чукуре дорад. Инчунин шикастапорахои чубии тахкурсии тахт хам ёфт шуд. Девори тамоми хонахо пур аз расму суратхои оличаноб мебошад, вале онхо аз сухтор сахт зарар дидаанд. Аз эхтимол дур нест, ки ин харобахои касри Диваштич бошад.[10]

Китъаи наздишахри 20–25 га вусъат дорад. Ин чо саросар иморат нест, балки чо-чо хавлихо алохида ба назар мерасад. Солхои 1951–1953 нух хавли ёфт шуд, ки пеш аз хафриёт факат теппахои холи буданд. Яке аз ин теппахо, ки  алохида меистод, 2,5 м баланди ва 22Х16 м вусъат дошт.

Дар натичаи хафриёт тарзи сохти хавлихо хам ошкор шуд. Иморати хавли гайр аз дахлез боз се хонаи дигар, долон ва баромадгохи зинамонанд дорад. Тамоми бинохо нисбатан дуруст боки мондаанд. Дар хонаи аз хама дарунтар чархуште ёфт шуд, ки он далели хамин аст, ки ахли ин хавли машгули шаробпази буд. Дар дигар хонахо ахли хонаводаи сохиби хавли зиндаги мекарданд. Яке аз бинохо, эхтимол, огилхона буд.

Баъзан чанд метр дуртар аз хонахо новусхо, яъне сагонахо низ ёфт шудаанд, ки бошандагони китъаи атрофи шахр мурдахои худро дар он чо мегурониданд.[11]

Гуристони шахр аз девори чанубии шахристон такрибан ним километр дуртар вокеъ буд. хозир дар ин чо 70 хоктеппаро дидан мумкин (пештар дар ин чо камаш 2–3 баробар бештар хоктеппа будааст). Сеяки онхо кофта шуданд ва маълум гардид, ки ин хоктеппахо хамон новусхое буданд, ки ба он чо устухондонхоро мегузоштаанд. Ин новусхо хучраи равокдореанд, ки баъди устухони мурдаро ба он гузоштан дари онро лойбанд мекарданд. Вусъати ин хучрахо одатан 4-5м2 буда, баъзан то ба 10м2 мерасид. Дар таги девори хучра суфачахо бардошта, ба болои он устухондонхоро мемонданд.[12]

Дар рафти хафриёт дар бораи бинокори, санъати меъмори ва дигар намудхои косибии хунарманди материали зиёде ба даст омад.[13]

[1] И.Ю. Крачковский ин воrеаро чунин ба rалам додааст: «Соли 1932 эроншиносони Ленинград хама сахт ба хаячон омаданд — овоза пахн шуд, ки дар Точикистон ким-чи хел дастнависхои суuди ёфт шудааст. То ба хол дар худи Суuд ин хел чизхо ёфт нашуда буд, фаrат дар мулкхои туркистонии он ёфт шуда буд. Дар ин мобайн овоза зуртар шуд, ки дар Rалъаи Муu дар сохили Зарафшон ким-чи гуна осори архив ёфт шудааст» (Крачковский И.Ю., 1945, с. 94).

[2] Дар маъхазхои хитои як навъ ашёи бофта зикр шудааст, ки аз Самарrанд меовардаанд ва Э.Шэфер номи онхоро «hair иrocadу» тарчума кардааст (Schafуr У.N.,1963, р. 202), вале аниr муайян карда натавонистааст, ки он чи бошад. Шояд ин чиз худи хамон саргиракхои тури бошад, ки аз Rалъаи Муu ёфт шуд.

[3] Крачковский И. Ю., 1945, с. 97–98

[4] В.Л. Воронина дар ин чо 14 биноро муrаррар кардааст.

[5] Беленицкий А.М., 1956, с.179-186, 194-195. Барои ин тавсифу таъвили хафриёти шах-ристон асархои дигар рохбарону иштирокчиёни хафриёт, ки нашр шудаанд, низ ис-тифода бурда шуд (Беленицкий А.М., 1958; Болшаков О.Г 1964; Воронина В.Л., 1958, 1964; Ставиский Б.Я., 1964, б; Распопова В.И., 1971, Исоrов А. И., 1977 ва дигарон).

[6] Воронина В.Л., 1957, с. 131. Дар бораи тавсифи муфассали хафриёти маъбадхо ва дигар бозёфтхои он чо ниг.: Беленицкий Л.М., 1950 б; 1958, с. 105-113 ва дигарон.

[7] Большаков О.Г., 1964, с. 118-120

[8] Беленицкий А.М., 1967, с. 8-9; Маршак Б.И., 1964.

[9] Беленицкий А.М., Маршак Б.И., 1976, с. 75.

[10] Тереножкин А.И., 1950 а; Ставиский Б., 1950; Исхоrов А., 1971.

[11] Большаков О.Г. ва Неъматов Н. Н., 1958; Воронина В.Л., 1958, с. 203– 209.

[12] Воронина В.Л., 1957, с. 133-135; Ставиский Б.Я. ва дигарон, 1953.

[13] Тавсифи муфассали рафти хафриёт ва таъвили материалхои бадастомада дар асархои А.Ю.Якубовский, М.М.Дяконов, А.М.Беленитский ва дигарон оварда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …