Маркази савдои «Садбарг»!
Ин марказ дар заминаи хонаи маишии «Садбарг», ки соли 1975 ташкил шуда буд ба кор шурӯъ намудааст ва аз 22-юми феврали соли 2008 ҳамчун Ҷамъияти Саҳмии Кушодаи «Континент-Инвест» то ба имрӯз фаъолияти соҳавии худро идома медиҳад.
Фаъолияти асосии ҷамъияти мазкур ба иҷора додани ҷойҳои истеҳсолӣ барои соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти намудҳои гуногуни хизматрасонии маишӣ, савдои молҳои ниёзи мардум, хурокаи умумӣ дар асоси шартномаи иҷоравӣ махсусгардонидашуда мебошад, амал мекунад.
Намудҳои асосии хизматрасонии маишӣ дар ин ҷамъият аз инҳо асосан иборатанд:
- — Духтани либосҳои миллӣ,
- — Таъмири пойафзол,
- — Таъмири мошинаҳои дарздӯзӣ
- — Тавақуфгоҳ дар таҳхона иборат аз 2 ошёна
- — Таъмири маҳсулоти чармӣ,
- — Сартарошхона,
- — Толори варзиши занона
- — Хушкашуӣ,
- — Кошонаи ҳусн,
- — Таъмир ва рангубори маҳсулоти чармин,
- — Таъмири техникаи рӯзгор,
- — Таъмири молҳои заргарӣ,
- — Хариду фурӯши молҳои заргарӣ ва ҷавоҳирот,
- — Таъмир ва хариду фуруши телефонҳои мобилӣ,
- — Пизишкдандон,
- — Сабти навор ва садо,
ва ғайраҳо мебошад.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз соли 2019 бинои Маркази савдои “Садбарг” таъмиру таҷдид гардида намои берунаву дарунии он симои замонавӣ пайдо намуд.
Бино иборат аз 7-ошёна ва ду бинои 2-ошёнаи пайвастшуда, бо ҷойгирии тавақуфгоҳи зеризаминии иборат аз ду ошёна бо масоҳати умумиашон ба 15 702 м² баробар аст.
Ба охири соли 2023 дар ҷамъияти мазкур 590 нафар фаъолияти меҳнативу соҳибкорӣ менамоянд аз ҷумла аз руи басти вазифавӣ 57 – нафар, соҳибкорони-иҷорагиранда иборат аз 350 нафар, соҳибмулкони нуқтаҳои хусусигардонидашуда 182 адад, Ба ин васила онҳо бо ҷойҳои кори доимӣ таъминшуда мебошанд.
Маъмурияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Континент-Инвест» баҳри хизматрасонии ниёзи мардум ва некуаҳволии он ҳама чораҳои заруриро андешида, барои фароҳам овардани фаъолияти хубу мунтазами маркази савдо раванди шароити беҳтари хизматрасониҳоро доимо таҳти назорат худ қарор медиҳад.
Суроғаи ҳуқуқи Маркази савдои «Садбарг»:
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, хиёбони Абуабдуллоҳи Рӯдаки 10.