Главная / Чамъият / Кумитахои карзи – Низомнома

Кумитахои карзи – Низомнома

МУНДАРИЧА:

  1. МУНДАРИЧА
  2. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
  3. ВАЗИФА, МАКСАД ВА ДОИРАИ МАСЪУЛИЯТИ КУМИТА
  4. ТАРТИБИ КОРИ КУМИТАИ САТХИ ОЛИ
  5. ТАРТИБОТИ БАРРАСИИ КАБЛИИ ПЕШНИХОДОТИ КАРЗИ
  6. ВАЗИФАХОИ КОТИБИ КУМИТА
  7. МАСЪУЛИЯТИ АЪЗОЁНИ КУМИТА
  8. ТАРТИБОТИ ОМОДАГИ БА ЧАЛАСАХОИ КУМИТА
  9. ТАРТИБОТИ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ КАРОРХОИ КУМИТА
  10. МУКАРАРРОТИ ХОТИМАВИ

ЗАМИМАХО (Намунахои шаклхои мукарраргардида)

2.       МУКАРАРРОТИ УМУМИ

2.01.               Бо Карори Шурои нозирони ЧСП «Алиф Бонк» (минбаъд «Бонк») дар назди Раёсати Бонк Кумитаи карзи сатхи оли (минбаъд Кумита) таъсис дода мешавад, ки он барои ба амал баровардани Сиёсати карзии Бонк ваколатдор мебошад.

2.02.               Кумита макомоти дастачамъонаи кори буда, бо максади дар доираи Сиёсати карзии Бонк таъмин кардани кабули карорхои машварати доир ба масъалахои вобаста ба амалиётхои карзие, ки бо хавфи карзи алокаманд мебошанд, ташкил карда мешавад. Дар баробари ин, салохияти фаъолияти Кумита танхо ба карзхое тааллук доранд, ки дар мухлати кабули карор ба кисми карзхои мушкилситон тасниф нашуда бошанд. Бинобар ин, Низомномаи мазкур фаъолияти Кумитаи кор бо карзхои мушкилситонро ба танзим намедарорад.

2.03.     Бо назардошти он, ки хама гуна амалиётхои фаъол (новобаста аз хачми маблаги он), ки дар Бонк гузаронида мешаванд, танхо баъд аз каблан барраси шуданашон дар сатхи Кумита ичро карда мешаванд.

2.04.      Бо максади баланд бардоштани самаранокии барраси ва кабули карор фаъолияти он дар ду сатх ташкил мешавад:

  • Кумитаи сатхи оли – дар Саридораи Бонк,
  • Кумитаи сатхи дуюм – дар филиалхои (МХБ-хои) Бонк.

2.05.     Микдори ( на камтар аз панч нафар) хайати шахсии Кумитаи карзии сатхи оли ва инчунин, худуди нихоии доираи ваколатхои он барои кабули карорхои мустакилона тибки масъалахои барраси гардида, аз чониби Шурои нозирони Бонк мукаррар карда мешавад.

2.06.     Ба Кумитаи сатхи оли барои таъсис додани Кумитахои карзии филиалхо ва дигар сохторхои амалиётии махсус гардонидашудаи Бонк (МХБ-хо) ва мукаррар намудани салохияти онхо барои гузаронидани амалиётхои фаъол, ваколат дода шудааст.

2.07.     Ба хайати Кумита кормандони бастии Бонк, ки вазифахои рохбар, сардор, муовини рохбар ва сардорро ичро мекунанд,  интихоб мегарданд.

2.08.     Дар холати бо сабаби узрнок мунтазам иштирок накардани яке аз аъзоёни Кумита, намояндагии уро дар чаласаи Кумита чонишини басти ё дигар шахси салохиятдор таъмин карда метавонад. (дар сохторхои амалиёти дар асоси фармони дахлдори Рохбари сохтор)

2.09.     Раиси бонк ва Муовини Раис ваколати  иштирок кардан дар чаласаи Кумитаи хамаи сатххо, бо хукуки овоздихи аз руйи кабули карорхо вобаста ба хамаи масъалахои мухокимашавандаро, бо назардошти худуди маблаги пешниходоти карзии аз тарафи Шурои нозирони бонк мукарраргардидаро доро мебошанд.

2.10.     Дигар аъзоёни Кумитаи сатхи оли ваколати  иштирок кардан дар чаласаи Кумитаи хамаи сатххо, бо хукуки овоздихи аз руйи кабули карорхо вобаста ба хамаи масъалахои мухокимашавандаро, бо назардошти худуди маблаги пешниходоти карзии аз тарафи Кумитаи карзии сатхи оли мукарраргардидаро доро мебошанд.

2.11.     Кумита танхо мачмуи хуччатхои ба таври мукарраргардида омодашударо, барои барраси кабул карда метавонад.

2.12.     Карорхои дахлдор доир ба масъалахои зерин кабул карда мешаванд:

  • Пешниходи карзхо (бастани созишномахои генерали, кушодани хати карзи, карзхои байнибонки) ва кафолатхои бонки,
  • Тагйир додани шартхои маблаггузории карзгирандагоне, ки карзи онхо ба катори мушкилситон тасниф карда намешаванд,
  • Мукаррар кардани хайат ва ваколатхои Кумитахои сатхи поёни.
    • Сохторхои амалиётии Бонк метавонанд ба Кумитаи сатхи оли пешниходоти карзиро танхо баъд аз мувофика шудани онхо бо Шуъбаи рушди махсулотхои бонки, чихати барраси пешниход намоянд.

Дар баробари ин, пешниходоти карзие, ки аз тарафи филиалхои Бонк (ба гайр аз Мудирияти амалиёти) пешниход мешаванд, дар Кумитаи сатхи оли танхо дар асоси пешниходи Шуъбаи Рушди махсулотхои бонки барраси мешаванд.

Ба мачмуи хуччатхои хатми, ки аз тарафи филиалхои Бонк чихати барраси ба Кумитаи болои пешниход мегарданд, бояд хамаи карорхое, ки дар сатхи Кумитахои зертобеъ кабул шудаанд, замима мегарданд.

2.14.     Фаъолияти Кумитахо дар шакли шиносшавии кабли бо хуччатхои карзи ва кабули карорхои зарури бо рохи овоздихи дар чаласахои Кумита ташкил карда мешавад.

2.15.     Дар чаласахои Кумита Рохбари Кумитаи дахлдор раиси менамояд. Агар дар чаласаи Кумитаи сатхи поёни Раиси Бонк ё Муовини Раиси Бонк иштирок кунанд, хукуки раисии чаласа ба онхо мегузарад.

2.16.     Ба хайати Кумита ба сифати котиби коргузор бе хукуки овоздихи метавонад корманди Бонк ворид карда шавад.

2.17.     Фаъолияти Кумитаи сатхи оли дар асоси фаъолияти доими, бо гузаронидани чаласахои накшавии на камтар аз ду маротиба дар як хафта ташкил карда мешавад. Руз ва вакти баргузории чаласахои накшави аз тарафи худи Кумита, бо эълон кардани сохторхои карзии Бонк, муайян мегардад то ин, ки онхо холати мазкурро дар банакшагирии фаъолияти худ аз чумла, дар муносибатхои тарафайн бо мизочони Бонк ба хисоб гиранд.

2.18.     Чаласахои гайринакшавии Кумита дар холати зарури метавонанд аз тарафи Раиси Бонк, Муовини Раиси Бонк ва Рохбари Кумитаи карзии сатхи дахлдор даъват карда шаванд.

3.   ВАЗИФА, МАКСАД ВА ДОИРАИ МАСЪУЛИЯТИ КУМИТАИ САТХИ ОЛИ

3.01. Вазифаи Кумита аз ташкил кардан ва дар заминаи машварат мунтазам ва самаранок татбик намудани баррасии масъалахои вобаста ба ташкил ва бурдани муносибатхои карзии дутарафа бо карзгирандагони Бонк мебошад.

3.02. Максади Кумита – ин мутобикатии натичаи баамал баровардани вазифаи интихобгардида, ташаккул додани сандуки карзии идорашаванда, даромаднок ва сифатнок мебошад.

3.03.          Ба доираи масъулияти Кумита дохил мешаванд:

  • Баррасии пешниходоти карзи;
  • Кабули карорхо доир ба тагйир додани хайат ва ваколатхои Кумитаи карзи дар сатхи сохторхои амалиётии бонк;
  • Баррасии пешниходот доир ба ворид кардани тагйироту иловахо ба Сиёсати карзии Бонк;
  • Кабули карорхо тибки натичаи тахлили микдор ва сохтори сандуки карзии Бонк;
  • Кабули карорхо тибки хисобот аз руйи вайрон кардани ваколатхои карзи (меъёрхо) аз тарафи сохторхои амалиётии Бонк;
  • Кабули карорхо тибки хисобот аз руйи вайрон кардани тартиботи барраси кардани пешниходоти карзии воридгардида аз тарафи сохторхои амалиётии Бонк;
  • Кабули карорхо тибки хисобот аз руйи тахлили карзхои батаъхирафтодаи сандуки карзии Бонк, хисобот оиди хисобкуни ва ташкили Фонди пушонидани талафотхои имконпазир аз руи карзхои батаъхирафтода;

3.04.     Масъулиятноки ва ваколатхои Кумита ичозат намедиханд, ки ба мавкеи баланд нигох накарда, ягон шахси рохбарикунандаи Бонк, ки  дорои ваколати кабул кардани карор дар бораи додани карз ба ягон кас дошта бошад, агар пешниходи карзии дахлдор аз тарафи Кумитаи карзии Бонк маъкул дониста нашуда бошад.

3.05. Таксимоти вазифахои байни аъзоёни Кумитаи сатхи оли чунин сурат мегирад:

  • Рохбари Кумита, (Раис ё Муовини Раиси Бонк) – ба сифати раисикунандаи чаласа;
  • Шуъба рушди махсулотхои бонки чихати татбики сиёсати карзии бонк ва баровардан ва химоя кардани пешниходоти карзи аз руи карзхои байнибонки,
  • Хадамоти идоракунии хавфхо омода ва пешниход кардани хулоса аз руйи пешниходоти карзи, додани тавсияхо доир ба хайат ва ваколатхои Кумитахои карзии сатхи поёни, пешниход кардани ахборот дар бораи натичаи назорат аз болои риоя шудани меъёри ваколатхои карзи ва сиёсати карзи;
  • Шуъбаи карзи чихати барраси ва химоя намудани пешниходоти карзи;
  • Шубаи хукук чихати риоя шудани тарафхои хукукии масъалахои ба Кумита барои барраси пешниходшуда.

3.06. Бо назардошти он, ки мутобики Карори Шурои нозирони Бонк тахти №03 аз 20.04.2015с. хайати Кумитаи сатхи оли ба микдори 5 нафар интихоб гардидааст, кворуми иштирок кардани аъзоёни Кумита ба микдори 3 (се) нафар, бо хукуки овоздихи хангоми кабули карор муайян карда мешавад.

3.07. Баъд аз мукаррар кардани кворум дар чаласа, рузномаи мачлис эълон ва тасдик карда мешавад.

3.08. Барои барраси кардани як аз масъалаи рузномаи мачлис на зиёда аз 15 дакика вакт бо назардошти он, ки хар як аъзои Кумита дар вакти шиносоии пешаки бо пешниходи карзи акидаи худро ташаккул додаст, муайян карда мешавад.

3.09. Кумитаи карзи дар шакли гуш кардани нишондихандахои асосии пешниходи карзи (на зиёда аз 5 дакика) ва мухокимаи фикрхои Рохбар  ва аъзоёни Кумита (на зиёда аз 10 дакика) ташкил карда шуда, баъд аз он тартиботи овоздихи гузаронида мешавад.

4.             ТАРТИБИ КОРИ КУМИТАИ САТХИ ОЛИ

4.01. Он сохторхои Бонк, ки хукуки омода кардани пешниход ва хисоботи карзи доранд, вазифадор хастанд, ки бо тартиби мукарраргардида аъзоёни Кумитаро бо мачмуи хуччатхои дахлдор шинос намоянд.

4.02. Бо максади сабт кардани натичаи шиносоии пешаки бо хуччатхое, ки барои барраси бароварда мешаванд, бояд варакаи шиносои ба расмият дароварда шуда, дар он аъзоёни Кумита, ному насаб, санаи шиносшави бо хуччатхои карзи ва инчунин дар холати зарури эроду пешниходоти худро кайд намоянд.

4.03. Баъд аз ба таври зарури кайд шудани варакаи шиносои, Рохбари Кумита дар бораи ба рузномаи мачлис ворид намудани масъалаи мазкур карор кабул мекунад. Бо ин максад у бо раводид, якчоя бо хуччатхои дахлдор ба котиби Кумита дастур медихад.

4.04. Дар холатхое, ки агар Рохбари Кумита дар мачмуи хуччатхои пешниходшуда мавчуд набудани хуччати заруриро мебинад ё ин, ки бо назардошти эродхои асосноки аъзоёни Кумита, ки дар варакаи шиносои кайд гардидаанд, камбудиро зохир менамояд, у метавонад хуччатхоро барои коркарди такрори ба сохтори дахлдоре, ки масъаларо барои барраси пешниход кардааст, баргардонад.

5.   ТАРТИБИ БАРРАСИИ ИБТИДОИИ ПЕШНИХОДОТИ КАРЗИ

5.01. Дар сохторхои амалиётии бонк хукуки омода кардани пешниходи карзи дода мешавад ба:

  • Сектори карздихии сохтор.

5.02. Секторхои фронт – офисии Бонк вазифадоранд мувофики тартибот маълумотхоро бо бастахои хуччатхои ба тарзи зарури барасмиятдаровардашударо ба аъзоёни Кумитаи сатхи поёни шинос намоянд.

5.03. Бастаи хуччатхои хатмие, ки дар парвандаи карзи замима мегардад, иборат аст аз:

  • Аризаи мизоч барои гирифтани карз дар шакли анкетаи намунавии аз тарафи Бонк мукарраргардида,
  • Нусхаи шиносномаи аризадиханда, бо кайди чойи истикомат,
  • Нусхаи РМА ва дигар хуччатхои хукукмуайянкунандаи аризадиханда,
  • Хуччати стандартизатсияшуда, ки гузаронидани тахлили молиявии харакати пулхои мизоч ва натичаи онхоро тасдик менамояд,
  • Маълумот дар бораи манбаи аввалини даромади мизоч,
  • Пешбинии (прогноз) харакати воситахои пули дар давраи истифодабари ва хизматрасонии карзи пурсидашуда,
  • Накшаи тахминии пардохти карз ва фоизхои он,
  • Руйхати амволи гарав (кафолатхо ва зоминхо), ки аз тарафи карзгиранда ба сифати таъмини дуюминдарачаи карз ба Бонк пешниход мегарданд,
  • Маълумот дар бораи карзгиранда аз Бюрои Карзии Точикистон (мувофики огози фаъолияти он),
  • Дигар хуччатхое, ки бо максади тасдик кардани вокеи буданашон мутахассиси карзи ба пешниходи карзи замима карданашонро зарур шуморидааст ё дар сиёсати пешниход кардани махсулоти алохидаи карзи пешбини гардидаанд.
    • Барои сабт кардани натичаи шиносонидани пешаки бо хуччатхое, ки барои барраси ба Кумитаи сатхи поёни бароварда шудаанд, варакаи шиносшавиро, ки дар он аъзоёни Кумита имзо ва санаи шиносшави бо парвандаи карзиро кайд мекунанд, ба расмият дароварда, инчунин эрод ва пешниходоти худро сабт менамоянд.

5.05. Баъд аз ба таври зарури ба расмият дароварда шудани варакаи шиносои, Рохбари Кумитаи  сатхи поёни дар бораи ба Рузномаи мачлиси Кумита ворид кардани масъала карор кабул намуда, бо ин максад у ба Котиби Кумита супориши дахлдор медихад.

5.06. Дар холатхое, ки агар, Рохбари Кумитаи сатхи поёни дар бастаи хуччатхо мавчуд набудани ягон хуччати зарури ё ин, ки бо назардошти эродхои асосноки аъзоёни Кумита, ки дар варакаи пурсиши сабт гардидаанд ошкор намояд, у метавонад хуччатхоро ба барои азнавкоркуни баргардонад.

5.07. Кумитахои сатхи поёни метавонанд ба мизочони, ки таърихи карзии хуб доранд як маротиба ба у мухлати имтиёзи пешниход намоянд.

5.08. Дар мавриди рад кардани карз дар кумитахои сатхи поёни, дархости карз ба кумитаи сатхи оли баровардан манъ аст.

6. ВАЗИФАХОИ КОТИБИ КУМИТА:

Вазифахои Котиби Кумитаи сатхи оли ва сатхи поёни иборат мебоашад, аз:

  • ташкил кардани чаласаи Кумита (додани эълон ва омода кардани толори мачлис),
  • бахисобгирии иштирокчиёни чаласаи Кумита,
  • кайди пайнавишти чаласаи кумита,
  • ба расмият даровардани хулосаи Кумита оид ба хар як масъалаи рузномаи руз,
  • гирифтани имзохои аъзоёни Кумита дар чунин хулосахо,
  • ба расмиятдарории нихоии пайнавишт ва хулосахои Кумита бо имзои Рохбари Кумита (ё дигар корманди рохбарикунандаи Бонк, ки дар чаласа раиси кардааст),
  • нигох доштани хуччатхое, ки тибки натичаи фаъолияти Кумита чамъ шудаанд.

6.01. Котиби Кумита тавассути почтаи электронии дохилибонки ё ба таври шифохи дар бораи баргузории чаласаи Кумита ба Раиси Кумита, муовин ва аъзоени кумита хабарнома ва рузномаи мачлисро  ирсол  менамояд,

6.02. Рохбарони сохторхое, ки масъалаи онхо ба рузномаи мачлиси Кумита ворид карда шудааст, бо раводиди худ метавонанд кормандони дахлдори Бонкро (эксперти карзи,  мутахассиси сохтори фронт – офиси Бонк, мутахассиси вобаста ба масъалаи дахлдор) даъват намоянд:

6.03. Карзгирандагони Бонк (мизочон) ба чаласа даъват карда намешавад, ба гайр аз он холатхое, ки дар ин хусус карори дахлдори Кумита кабул шуда бошад.

6.04. Мувофики хар як масъалаи рузномаи мачлис аз тарафи хар як сохторе, ки бо пешниходи карзи ё хисоботи карзи ба сатхи Кумита мебарояд, бояд хуччатхои мувофики замимаи №1 Низомномаи мазкур ба расмият даровардашуда пешниход гардад.

6.05. Хуччати мазкур аз ду кисм (тараф) иборат мебошад. Дар кисми якуми хуччат бояд нишондихандахои асосии пешниходоти ё хисоботи карзии пешниходгардида, ки бо имзои шахсии рохбари дахлдори сохтори Бонк ва санаи имзокуни ба расмият дароварда шудааст, пешниход мегардад. Дар баробари ин, аз пешниходоти мазкур бояд маълум бошад, ки сохтори баромадкунанда аз Кумита кабули кадом карорро интизор мебошад.

Тарафи дигари хуччат аз чониби котиби Кумита тибки натичаи овоздихи мувофики пешиниходот ё хисоботи карзи сабт карда мешавад. Дар он бояд сабт гардад:

  • Мазмуни карори кабулгардида,
  • Имзохои Рохбар ва аъзоёни Кумита бо нишон додани мавкеи хар яки онхо тибки карори кабулгардида,
  • Мухлати дастрас гардонидани карори кабулгардида то вохиди сохтории дахлдори Бонк, бо баргардонидани нусхаи хуччатхои аслии замимагардидаи пешниходи карзи ё ин, ки

6.06. Дар холати мавчуд будани кворум (на кам аз 3  – ва умуми 5 нафар иштирокчии чаласа) пешниходи карзии ба мухокима гузошташуда дар холати агар на камтар аз 3 аъзои хукуки овоздошта тарафдор овоз диханд, кабулгардида хисоб мешавад.

6.07. Карори Кумита, ки дар доираи ваколатхои мукарраргардида кабул мешавад (тибки ваколатхои мукарраргардида), дар худуди меъёри оддии фоиз, (дар доираи нишондихандахои махсулотхои карзии аз тарафи Раёсати Бонк тасдикгардида) бевосита ба он сохторе, ки масъалагузори карда буд, ирсол карда мешавад.

6.08. Карори Кумита доир ба масъалахое, ки аз доираи ваколатхо зиёд мебошанд (зиёда аз ваколати мукарраргардида ба як карзгир ё гурухи карзгирандагони вобаста) баъди дастгири ёфтан аз тарафи Кумитаи сатхи поёни ва Оли, барои кабули карори нихои тавассути Котиби Раиси Бонк чихати барраси ба Шурои нозирони Бонк ирсол мегардад.

6.09. Тибки натичаи чаласаи гузаронидашуда дар асоси карорхои кабулгардида, Котиби Кумита бояд пайнавишти чаласаро тартиб дода, инчунин имзои Раиси чаласаро гирад.

6.10. Дар холати мавчуд будани кворум масъалаи ба Кумитаи сатхи оли ва поёни барои барраси пешниходгардида дар он холат кабулшуда махсуб мешавад, ки агар тарафдор накамтар аз нисфи аъзоёни дар руйхатбудаи аъзоёни Кумита овоз диханд. Дар холати баробар будани овозхо, овози Раисикунандаи Кумитаи сатхи дуюм халкунанда мебошад.

7 МАСЪУЛИЯТИ АЪЗОЁНИ КУМИТА

7.01. Рохбар ва аъзоёни Кумита дар назди Раёсати Бонк барои карорхои тибки натичаи мухокимаи масъалахои рузномаи мачлиси чаласахои кори кабулгардида, масъул мебошанд.

7.02. Хар як аъзои Кумита дар вакти барраси шудани масъалахои мухокимашаванда танхо манфиатхои Бонкро бояд ба назар гирад. Дар холати ба вукуъ омадани мухолифати манфиатхо, раисикунанда иштирокчии мазкурро аз хукуки овоздихи аз руи масъалаи дахлдор махрум месозад.

7.03. Раёсати Бонк дар холатхои мазкур хукук дорад, ки нисбати аъзоёни Кумита чорахои модди ва маъмури андешад:

  • Мувофики натичаи умумии гайриканоатбахши фаъолияти кори Кумита,
  • Мукаррар кардани далелхои расонидани хисороти модди ба Бонк дар натичаи амалхои максаднок ё хунукназарии аъзоёни Кумита хангоми баррасии пешниходи муайяни карзи,
  • Хабар надодан оиди мавчудияти мухолифати манфиатхо ба Кумита ва аъзоёни он,
  • Муайян шудани дигар ходисахои вайрон кардани тартиботи баррасии масъалахо ва кабули карорхо мувофики Низомномаи мазкур.

8        ТАРТИБИ ОМОДАГИ БА ЧАЛАСАХОИ КУМИТА

8.01. Хамаи аъзоёни Кумита хукук доранд, ки бо маводхои барои барраси банакшагирифташуда пешаки шинос шаванд.

8.02.  Одатан, руйхати масъалахое, ки ба рузномаи мачлис дохил карда мешаванд, ба хар як аъзои Кумита ба тарики электрони то вакти муайянгаштаи баргузории мачлиси Кумита ирсол карда мешаванд.

8.03. Вакти чудошуда барои баррасии аризаи карзии мизочи Бонк аз лахзаи ворид шудани аризаи хаттии у то давраи омода кардани пешниходи карзи ва шиносонидани он ба аъзоёни Кумитахои карзии Бонк, бо асноди меъёрии дохилибонкие, ки масъалахои ташкил ва гузаронидани амалиётхои карзиро ба танзим медароранд, муайян карда мешавад.

8.04. Низомномаи мазкур танхо масъалаи мухлати баррасии пешниходи карзи ва хисоботхои карзии ба унвони Раиси Кумитаи карзии сатхи дахлдор воридгардидаро ба танзим медарорад.

8.05. Хамаи пешниходот ва хисоботи карзии ба унвони Кумита воридгардида бояд ба тарики когази ё электрони дар китоби бакайдгири сабт карда шаванд.

8.06. Барои барраси кардани пешниходоти карзии сатхи поёни 2 рузи кори чудо карда мешавад, ки вобаста ба ин чаласаи Кумита 3 маротиба дар як хафта баргузор мегарданд.

8.07. Барои барраси кардани пешниходоти карзии ба Саридораи Бонк пешниходгардида 5 рузи кори чудо карда мешавад. Мухлати мазкур барои аз номи Шуъбаи рушди махсулотхои бонки, Хадамоти идоракунии хавфхо ва Шуъбаи хукук барраси ва омода кардани хулосахо ба Кумитаи сатхи оли зарур мебошад.

8.08. Мухлати умуми – аз давраи омода кардани пешниходи якуми пешниходи карзи дар сатхи филиали (сохтори амалиётии) Бонк то баррасии он дар чаласаи Кумитаи карзии сатхи оли, бояд на зиёда аз 14 рузи таквимиро ташкил дихад.

8.09. Дар холатхои бо карзхои махсусан калон (ба маблаги зиёда аз ваколати ба Кумитаи сатхи оли аз тарафи Шурои нозирони бонк мукарраргардида) Кумитаи карзии сатхи оли дар шакли мукарраршуда ба унвони Шурои нозирони Бонк пешниходи карзи омода менамояд. Дар ин холат мухлати умумии барраси ва мувофика кардани масъалаи карзи аз давраи омода кардани пешниходи якуми карзи метавонад 20 рузи таквимиро дар бар гирад.

8.10. Микдор ва кифоятии хуччатхоеро, ки барои кабули карор мувофики масъалаи ба рузномаи мачлиси Кумита чихати барраси воридгардида зарур мебошанд, Кумита дар асоси машварат дар рафти чаласа муайян месозад.

8.11. Хангоми баррасии масъалахои ба салохияти Кумита тааллукдошта, он метавонад аз шахсони дахлдоре, ки дар ташкил ва хизматрасонии мизоч иштирок доштанд, пешниход кардани маълумоти дигар, ки барои хаматарафа барраси кардани пешниходи карзи имконият медихад мурочиат намоянд.

9 ТАРТИБИ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ КАРОРХОИ КУМИТА

9.01. Раиси Бонк ё Сардори филиали Бонк тибки пешниходи Кумитаи карзии сатхи дахлдор бо фармони худ Котиби Кумитаро таъин менамояд.

9.02. Мувофики натичаи чаласаи гузаронидашуда Котиби Кумита бояд пайнавишт тартиб дихад, ки дар он раисикунандаи мачлис низ имзои худро мегузорад.

9.03. Ракамгузории пайнавиштхо аз огози соли нави молияви аз сари нав сар карда мешавад. Дар пайнавишт раками он, санаи баргузори, руйхати иштирокчиён ва расикунанда сабт гардида, инчунин хулосаи масъалахои мухокимашаванда ва карори кабулгардида бояд инъикос шаванд.

9.04. Багайр аз карорхои пайнавишти Кумита, котиб инчунин мувофики шаклхои мукараргардида хулосаи Кумитаро тибки натичаи пешниходоти карзи доир ба мукаррар кардани (тагйир додани) шартхои карзгузории мизоч ё хисоботи карзиро ба расмият медарорад. Дар баробари ин, хар як аъзои Кумита, ки дар чаласа иштирок намудааст, дар сутунчаи дахлдори хулоса имзо ва акидаи худро нисбати масъалаи мухокимагардида сабт менамояд.

9.05. Мувофики хар як масъалаи мухокимагардида Кумита метавонад танхо як карори муайянгардидаро кабул намояд:

  • Маъкул дониста шудан,
  • Бо шартхо маъкул дониста шудан,
  • Мавкуф гузошташуда – то давраи муайян кардани маълумоти иловаги,
  • Баргардонидан (рад кардани кабули пешниход).

9.06. Дар вакти маъкул донистани пардохти карз ва шартхои он, дар кисми дуюми пешниход, дар он чое, ки Карори Кумита сабт мегардад, хатман хамаи мавкеъхои шартхои карз бояд нишон дода шаванд.

9.07. Дар холати маъкул донистан бо шартхо, пардохти карз бо шарти тахти назорати мутахассиси карзи  ичро кардани шартхои махсусе, ки дар сутуни дахлдори Карори Кумита инъикос мегарданд, амали мешавад.

9.08. Руйхати шартхои иловагии пардохти карз метавонанд гуногун бошанд, чунончи баъзеи аз онхо дар зер оварда мешаванд:

  • Аз тарафи мизоч махкам кардани хисобхои амонати дар дигар ташкилотхои карзи бо максади пайдо кардани имконияти мониторинги харакати маблагхо аз тарафи Бонк,
  • Пардохти карз бо усули якчанд хати карзи, пардохти хати карзии минбаъда бо ичро кардани шартхои пешаки аз руйи карз (ичрои хатмии ягон шарт ва г.) мувофика карда мешавад;
  • Мукаррар кардани махдудият тибки мухлати карздории дебитори, мукаррар кардани талабот дар бораи имкон надоштани карздории дебитории мухлатгузашта зиёда аз давраи муайянгардида;
  • Ворид намудани нишондихандахои муайяншудаи молиявии назорати (пардохтпазири, даромадноки ва г..), ба давраи амали намудани шартномаи карзи;
  • Аз тарафи карзгиранда кабул кардани ухдадорихо доир ба кабули шартхои Бонк доир ба ташкили хисоббаробаркуни бо таъминотчиён, харидорон ва фармоишдихандагон;
  • Санчиши хармохаи таъминнокии карз дар асоси маълумоти карзгиранда дар бораи бакияи арзишхои модди – амволи ва харочотхо;
  • Шартхое, ки бонк мувофики онхо хукуки пеш аз мухлат талаб кардани маблаги таъминнашудаи карз ё хамаи карзро сохиб мешавад.

Шартхои зерин ё пеш аз додани карз ичро мешаванд ё ба шартномаи карзи ба тарики ухдадории карзгиранда сабт карда мешаванд, ки барои ичро накардани онхо ба чавобгари, ки дар шартнома кайд мегардад, чалб карда мешавад.

9.09. Рад шудани карз дар Карори Кумита бо нишон додани сабабхои инкор сабт карда мешаванд.

9.10. Мавкуфгузории карз то маълум шудани ахбороти иловаги пас гардонида мешавад. Дар холати рад нашудани карз барои гирифтани розиги пешниход кардани маълумот ва тасдикоти иловаги зарур мебошад.

9.11. Карзхоеро, ки мутахассиси карзи барои рад кардан пешниход менамояд, бояд рад карда шаванд, агар ба мукобили ин пешниход дар вакти мухокима дар Кумита ягон сабабхои дигари мухим пайдо нашаванд. Агар карор дар бораи маъкул донистани он кабул шавад, хизматрасонии карзи мазкур ба мутахассиси дигар супорида мешавад.

9.12. Пайнавиштхои чаласаи Кумита дар як нусха дар асоси хулосахои Кумита тибки хар як масъалаи рузномаи мачлис тартиб дода шуда, аз тарафи расикунанда ва котиб имзо карда мешаванд.

9.13. Нигохдории пайнавиштхо, хулосахои Кумита ва дигар хуччатхои зарурии ба онхо замимагардида ба зиммаи Котиби Кумита гузошта мешавад.

10   . МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

10.01. Масъалахои фаъолияти Кумита, ки бо Низомномаи мазкур ба танзим дароварда нашудаанд, мутобики конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон, дастуру нишондодхои Бонки миллии Точикистон, Оинномаи Бонк ва дигар асноди меъёрии корпоративии ЧСП «Алиф Бонк» ба танзим дароварда мешаванд.

a.                 Карор дар бораи тасдик кардани Низомномаи мазкур аз тарафи Шурои нозирони ЧСП «Алиф Бонк» кабул карда мешавад.

b.               Кумита хукук дорад, ки даровардани тагйироту иловахоро ба Низомномаи мазкур пешниход намояд. Тагйироту иловахо аз давраи тасдик шудани карор дар бораи даровардани тагйироту иловахо ба Низомнома дар Шурои нозирони Бонк мавриди амал карор дода мешаванд. Бо назардошти тагйир додани номи сохторхои Бонк, ки тибки талаботи Низомномаи мазкур бо Кумита хамкори ташкил менамояд, дар он вакт мумкин аст, ки даровардани ислохотхои тахрири бо Раиси Бонк мувофика карда шаванд.

ЗАМИМАХО (намунахои шаклхои мукарранамуда барои пуркуни)

ЗАМИМАИ № 1 –        пешниходи карзи барои додани карз бо хулосаи Кумитаи карзии Бонк.

ЗАМИМАИ № 2 –        Пешниходи карзи барои тагйир додани шартхои муносибатхои карзи бо карзгирандабо хулосаи Кумитаи карзии Бонк.

ЗАМИМАИ № 3 –        Пайнавишти чаласаи Кумитаи карзии Бонк.

ЗАМИМАИ № 4 –        Карори Кумитаи карзии Бонк доир ба масъалахои додани ваколатхо ба Кумитахои карзии сатхи поёни.

ЗАМИМАИ № 5 –        Карори Кумитаи карзии Бонк мувофики натичаи баррасии хисоботхои карзи.

ЗАМИМАИ № 6 –        Пешниходоти Кумитаи карзии Бонк  доир ба масъалхои даровардани тагйироту иловахо ба Сиёсати карзии Бонк.

ЗАМИМАИ № 7 –        Шакли хисоботи дар бораи натичаи фаъолияти Кумитаи карзии Бонк .

 

 

 

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …