Главная / Маданият ва санъат / Китоби технологияҳои информасионӣ барои синфҳои 8-9 (PDF – электронӣ)

Китоби технологияҳои информасионӣ барои синфҳои 8-9 (PDF – электронӣ)

Сарсухан: Инсон хамеша ба аcбобхои хисоббарори эхтиёч дошт. Дар чамъияти ибтидои одамон барои хисобкунихо аз ангуштони худ истифода мебурданд. Чубчахои нишонадор, тасмахои сурохдор, ресмонхои гирехдор ва дигар асбобхои оддитарин низ намунахои ихтирооти он даврахо мебошанд.

Чахиши асоси дар пайдоиш ва баркароршавии техникаи хисоббарор дар карнхои XVII-XVIII ба вучуд омад. Мошинхои аввалини арифметики мансуби махсули афкори олимони ин асрхо шумурда мешаванд.

kitobi-informatikКомпютери аввалин дар нимаи дуюми асри XX дар ИМА сохта шуд, ки дарозии он зиёда аз 30 метр ва вазнаш 30 тонна буд. Дар даврони мо компютерхое сохта шудаанд, ки онхо озодона дар кафи дасти инсон мегунчанд, вале зудкори ва махсулнокиашон аз компютери аввалин чандин маротиба зиёдтар аст. Имруз ба кучое, ки назар нанамоем, дар хама чо чашмонамон ба компютерхо бармехуранд. Ва раванди чомеа низ хаминро талаб менамояд.

Хонандагони азиз!

Китобе, ки дар даст доред, шуморо ба олами муъчизахои компютери ворид месозад. Агар шумо забони компютерро хуб аз худ намоед, он гох тавассути он бехтарин дусти беминнат, доно, хушхол, беозор, мехнатдуст, хоксор ва бовичдонро дарёфт хохед кард. Албатта дар муносибати байни шумо ва «дустатон» сахми шумо хамчун инсон бояд зиёдтар бошад. Кушиш кунед, ки сохти компютер, тарзи кори он ва мохияти программахои бо он коркунандаро дуруст ва амик дарк намоед. Ин бисёр зарур аст. Фардо махз шумо завод-автоматхо, муассисахои бе хуччатхои когазин коркунанда, истехсолоти бе иштироки одам неъматхои модди офаранда ва дигар сохахои прогрессивиро бунёд месозед. Ин дастовардхо танхо ба туфайли бемайлон дар хаёт тадбик намудани имкониятхои компютери амали мегарданд.

Барои он ки шумо асосхои кор бо компютерро хуб аз худ намоед, бояд дигар фанхо, хусусан математика, физика ва химияро чукуртар омузед. Фанхои номбурда аз чумлаи он предметхоеанд, ки сатхи азхудкунии принсипи кори компютер пеш аз хама ба дарачаи дониши аз ин фанхо андухта вобастаги дорад. Асоси забони гуфтугуи байни шумо ва компютерро бошад, забони англиси ташкил медихад. Вале истифодабарии компютер шуморо водор месозад, ки омузиши дигар фанхоро фаромуш нанамоед. Шахси баркамол бояд аз хамаи илмхои замони худ бохабар бошад.

Омузиши асосхои кор бо компютерро ба азхудкунии тарзи идоракунии автомобил мукоиса намудан мумкин аст. Одатан хангоми аз тарафи навомузон идора намудани автомобил онхоро доимо устод рохнамои мекунад. Шумо низ метавонед дилпур бошед, ки «Технологияхои информатсиони»-ро ба шумо утодони сохибихтисосос ва ботачрибаи донандаи тарзи кори компютерхои фардии IBM PC ва системахои оператсионии MS-DOS ва Windows дарс мегуянд. Гирифтани китоб дар шакли PDF – электронӣ >>>

Мархабо, шогирдони азиз, ба олами компютер!

МУНДАРИЧА

  1. Информатика ва компютер
  2. Имкониятхои компютер
  3. Программа – супориш ба компютер
  4. Заминахои пайдоиши компютер
  5. Мошини аналитикии Беббич
  6. Принсипи фон Нейман
  7. Наслхои МЭХ
  8. Программахои компютери
  9. Компютерхои фарди
  10. Компютерхои IBM PC
  11. Клавиатура
  12. Муш
  13. Монитор
  14. Блоки системави
  15. Микропротсессор
  16. Хотираи компютер
  17. Дискхо
  18. Принтерхо
  19. Кисмхои иловагии компютер
  20. Тарзи коркарди информатсия дар компютер
  21. Кодиронии матнхо ва тасвирхо
  22. Компютер ва саломати: коидахои дурусти кор
  23. Компютер ва саломати: эхтиёткунии чашмон ва истеъмоли витаминхо
  24. Системахои оператсиони
  25. Системаи оператсионии MS DOS
  26. Системаи файлии MS DOS
  27. Кисмхои СО MS DOS, драйверхо ва программахои резиденти
  28. Огози кори системаи MS DOS
  29. Командахои системаи MS DOS
  30. Командахои коркарди файлхо
  31. Командахои хидматии MS DOS
  32. Файлхои Config.sys ва Autoexec.иat

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …