Главная / Гуногун / Дебоча Устод Рудаки

Дебоча Устод Рудаки

Беш аз дусад сол аст, ки дар саросари чахон рочеъ ба руз­гору   осори   Устод   Рудаки   тадкикот   бурда   мешавад.  Агар   асархоеро,  ки рочеъ  ба   шархи  холу мероси  адабии  Абуабдуллох Чаъфар ибни Мухаммад ибни Абдурахмон ибни Одам Рудаки  навишта шудаанд, гирд оварем, садхову хазорон номгуй мешавад. Вале аксари онхо ба иллати хеле кам боки мондани мероси адабии    шоъири   бузург,  такрори   маколоту  кутуби  пешин  мебошанд ва ками андар кам нуктахои тозаро фаро мегиранд, зеро аз Устод Рудаки  хамаги дар худуди  1050 байт боки мондааст. Бар    замми ин,  дар   тахкику  пажухиши  рузгору  осори Устод   Рудаки    асархое мавчуданд, ки осори  салафи худро чамъбаст намуда, чун мархалахои навин шинохта мешаванд. Ба андешаи ман, аз кулли асархое, ки дар тули 200 соли охир таълиф гардидаанд, се асари зерин чолиби таваччухи хос мебошанд.

Якум. Соли 1873 ховаршиноси машхури олмони Херман Эте аввалин шуда аз байни мухаккикони уропои бахшида ба масоъили рузгору осори Рудаки  бо номи «Рудаки  — шоъири Сомониён» китобе таъ­лиф намуда, аз 24 маъхаз 52 пора абёт ва ашъори парокандаи шоъирро, ки чамъан 238 байтро фаро мегирад, гирд оварда, онхоро ба олмони низ баргардонда, аз руйи тасвирхои шоъиронаи онхо, ки аглаб аз тимсолхои равшани ба чашм дидашаванда иборат буданд, ба кури модарзод будани Устод Рудаки  шак оварда, пешниход намуда буд, ки гуяндаи чунин ашъор набояд кури модар­зод бошад.

Дувум.   Донишманди пуркору пухтакори  эрони  Саъид   Нафиси солхои  1930—1934 доир ба  масъалахои зиндаги ва осори Рудаки  иборат аз се чилд бо номи «Ахвол ва ашъори Абуабдуллох Чаъфар ибни Мухаммад Рудакии Самарканди» асари муфассале навишта, дар давоми солхои   1309   шамси   (1930   мелоди)   –   1313   (1934   мелоди)   ба   табъ расонд,   ки  дар   Рудакишиносии  чахон  макоми   арзандаеро  молик аст.

Устод  Нафиси дар чилди аввали асари худ ба вазъи сиёси,   ахволи  хочаги,  манзараи   фарханги дахл    карда,   хамчунин вазъи  сиёси-иктисоди    ва   чугрофии   замони   Рудакиро    чамъбаст намуда¹,    чилди дувуми  онро ба   зистномаи Рудаки     ва  масъалахои марбут ба он, аз кабили ба хам омехтани ашъори Рудаки ва Катрон, махсус гардонда, дар чилди савум гуфтори дар хакки Одамушшуъаро эродкардаи бузургони адабиёти форсу точик, ахли китоби арабу турк, тарчумаи навиштахои хоричи рочеъ ба Рудакиро дар Урупо гирд оварда, аз 78 манбаъ 832 байти Рудакиро чамъ карда, китоби арзандаеро дар бораи Рудаки таълиф намуд, ки пояи тамоми тадкикоти минбаъда перомуни сардафтари адабиёти форсу точик карор гирифт.

Савум. Соли 1958 дар Иттиходи Шурави, Эрон ва баъзе кишвархои дигар 1100-мин солгарди зодрузи Абуабдуллохи Рудаки тачлил карда шуд. Ба ин муносибат дар Точикистон масъалаи омухтан, чустучу ва тахкику тахлили зиндаги ва мероси адабии бокигузоштаи Устод Рудаки суръату харакати бештаре пайдо карда, бахшида ба санаи мазкур як силсила асархои пурарзише ба вучуд омаданд, ки монографияи академик Абдулгани Мирзоев «Абуабдулло Рудаки»(Душанбе, 1958) мухимтарини онхост, ки соли 1966 (ба забони форси) дар Техрон ва соли 1968 (ба забони руси) дар Маскав низ ба табъ расид.

Мархум Абдулгани Мирзоев тамоми ахбору асноди дар маъхазхои форси, араби ва турки доир ба рузгору осори Устод Рудаки мавчудбударо фарохам оварда, аз чихати танкиди омухта, маълумоти муфассали адабиёти илмии урупоиён, русхо, шаркиён ва сойири кишвархоро тахлил намуда, ба хулосахои амики илми расид. Соли 1341 шамси (1961) дар Техрон нашри дувуми асари Саъид Нафиси бо такмилу иловахо тахти унвони «Мухити зиндаги ва ахволу ашъори Рудаки» аз чоп баромад, ки дар зимни он 1048 байт аз ашъори Устод Рудаки аз 93 манбаъ гирд оварда шудааст.

Соли 1968 профессор Абдурахмон Тохирчонов бо номи «Рудаки» ба воситаи нашриёти Донишгохи давлатии Ленинград рисолаеро чоп кунонд, ки «Хаёту эчодиёт. Таърихи пажухиш» ном зерсарлавха дошта, бо маколи арабии «ал-хакикату бинт-ал-бахс» яъне «хакикат духтари бахс аст» шуруъ мешавад.²

Азбаски дар ин асархо хар дафъа кулли асархои пешин бо камоли чиддият аз нигохи тахлилу тахкику танкид мегузаранд, ин амр моро аз тахлилу чамъбасти дигарбораи асархои то кунун рочеъ ба Устод Рудаки нигошташуда бениёз мегардонад.

Алхол ахли тахкик рочеъ ба Рудаки аз манбаъхои хаттии асрхои X—XV ба точики ва араби гуфтори шуъарои муъосири у —  Абузироъаи Гургони, Дакики (ваф. 977), Тавхиди (ваф. 1010), Фирдавси (ваф. 1020), Унсури (ваф. 1039), адибони баъдина – Носири Хусрав (ваф. 1088), Рашидии Самарканди (асри XI), Амир Муиззи (ваф. 1126), маълумоти «Таърихи Систон» (асри XI), ахбороти Арузии Самарканди дар «Чахор макола» (соли таълиф — 1157), Абубакри Самъони дар «Китоб-ул-ансоб» (1113— 1167), Мухаммад Авфии Бухорои дар «Лубоб-ул-албоб» (со­ли таьлиф — 1221), «Шархи Ямини» (асри ХШ), Хамдуллохи Казвини дар «Таърихи гузида» (соли таълиф — 1330), гуфтахои Хофизи Шерози, Шамси Фахри Рози (асри XIV), навиштахои Ахмад ибни Али ибни Умари Манини дар шархи «Таърихи Утби» (ибтидои асри ХШ), Ёкути Хамави (1179—1229) дар «Муъчам -ул-булдон», Начотии Нишопури дар «Басотин -ул-фузало» ва «Райохин -ул-ъукало фи шархи «Таьрих -ил-Утби» (соли таълиф —1309), Абдурахмони Чоми дар «Бахористон» (асри XV), Давлатшохи Самарканди дар «Тазкират-уш-шуъаро» (соли таъл. —1487)-ро дар даст доранд, ки хар кадар мухтасар ва гохе такрори якдигаранд, баъзе чихатхои зиндаги ва эчодиёти Устодро ба таври худрушан мегардонанд. Вале тамоми навиштахои баьдина айнан ва ё бо тахриру талхис аз манобеъи мазкур иктибос шуда,  чизи тозае надоранд.

Соли 1965 дар Душанбе бо номи «Рудаки» фехристе нашр гардид, ки 1235 номгуйро фаро мегирад ва дар он хамаи навиштахое, ки дар Точикистон оид ба масъалахои гуногуни рузгору осору афкори Устод Рудаки то соли 1965 дар рузномаву мачаллахо ва китобхои чудогона ба табъ расидаанд, гирд оварда шудаанд³.

Баъди ин хам баррасии мухити зиндаги, таърихи замон, чараёни хаёту эчодиёт ва суннатхои поягузоштаи Устод Рудаки давом кард. Соли 1970 дар Душанбе, дар назди Академияи улуми Чумхурии Точикистон, Анчумани «Солонаи Рудаки» таъсис гардид, ки соле як бор  конфаронси илми барпо мекард. Чунин чаласахои анчуман дар шахрхои Душанбе, Хучанд, Панчакент, Кулоб ва сойири шахрхои дигар баргузор шуданд ва аз маводи конфаронсхо мачмуъае тахти унвони «Ёдбуди Устод Рудаки» нашр гардид. Соли 1977, баъди вафоти Абдулгани Мирзоев, фаьолияти анчуман катъ гардид, аммо пажухиши масоъили рузгору осори Рудаки хамон давом мекард, ки дар ин соха корхои анчомдодаи профессор Расул Ходизода ва лугатшинос Амон Нуров кобили зикр аст4.

Бешубха, таърихи 1100- солаи пасини адабиёти классикии точик бо номи бунёдгузори он Устод Рулаки сахт марбут аст. Устод Рудакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонхои ифтихории кофиласолори назми форси, сохибкирони шоъири, устоди шоъирони чахон, султони шоъирон, Одамушшуъаро. мукаддамушшуъаро, мукаддимаи шуъаро ва амсоли инхо ёд мекунанд. Хамин эътирофи умум аст, ки имруз Устод Рудакиро сардафтар ва асосгузори адабиёти форсии точики меномем. Гурухе гумон мекунанд, ки асосгузор ва сардафтари адабиёт будани Устод Рудаки,  гуё, маънои онро дорад, ки вай бояд нахустин касе бошад, ки аввалин бор ба точики шеър гуфтааст. Ин акида дар давоми 800 соли ахир пайваста такрор шудааст, ки сахех нест, зеро кабл аз Устод Рудаки  хам шеъру адабиёти точик вучуд дошт. Асосгузор ва сардафтари адабиёт будан аслан маънии кабл аз дигарон асар навиштанро надорад. Устод Рудаки  бо хидматхои бузургаш ба ин макоми шойистаи таърихи сохиб шудааст, ки ин рисола барои рушан кардани баъзе чихатхои он навишта гардид.

Азбаски зиндаги, эчодиёт, талош. зебописанди, маишат, ахлок ва дархостхои Устод Абуабдуллохи Рудаки  бо пайдоиш, муборизахои озодихохона,  набардхои   мафкурави,   комёбихо  ва   рушду     такомули риштахои иктисод, маданият, фарханг ва таназзулу сукути Давлати Сомониён сахт марбут аст, зарур мешуморем, ки бори дигар ба таърихи ин силсила нигарем.

Рочеъ ба замони салтанати Сомониён, пайдоиш, таракки ва сукути онхо донишмандони риштаи таърих, аз чумла Луи Дюбу, Тосимбур, В. В. Бартолд, А. Семёнов, Л.Босворт, Б. Г. Гафуров, Н. Неъматов, Чаводи Харави5, Ахрор Мухторов ва бисёри дигарон бештар таваккуф намудаанд, ки мавриди таваччухи хамагонанд. Соли 1986 гулчини навиштачоти камина «Дар сафи бузургон» ба табъ расид, ки маколаи муфассали бо номи «Султони шоъирон» 6 дар авроки он чопшуда асоси рисолаи хозираро ташкил медихад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …