Зуф

zuf_bargi_zulf-2-600x330Зуф (барги зулф)- ин растани ду навъ мебошад. Якеро баргаш камбару дароз, аз миёни баргхояш пояи борике мехезад, ки дар сари он поя тухм мебандад. Навъи дигареро барг васеъ ва шакли он дароз нест, назар ба барги хели якум калонтар. Агар банди барг ё баргашро аз бандаш чудо кунанд, чизхои риштамонанд аз он зохир мегардад. Ин навъаш аз миёнаи поя то нугаш зич тухм мебандад. Баргашро барги зуф меноманд. Мо ба воситаи мушохидхои худ низ муайян намудем, ки хар ду навъаш хам барои давоги мешояд. Тухми навъи дувумаш сиёхтоби кулула ва майдатар аз навъи якум мебошад.

Мизочаш дар дарачаи дувум сард ва хушк аст, вале дар тухм ва решааш хушки зиёдтар мебошад. Хислатхои шифобахши он: хар як кисми зуфро бихуранд, хун кай карданро манъ мекунад ва тамоми хунравихоро аз хамаи узвхои ботини банд менамояд (аз чумла, хуни биниро хам) ва барои иллати саръ даво мешавад. Агар инро дар бини бирезанд ё дар пеши сар ва сина гузошта банданд, хамин таъсирро дорад.

Обашро нимгарм батакрор дар гуш чаконанд, дарди гушро, ки аз гарми бошад, таскин медихад.

Решаашро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд ё баргашро бихоянд, дарди дандонро таскин медихад, чушиш ва дигар беморихои даханро шифо мебахшад, хатто доначахои дар он дамидаро хам, ки бадтарин иллати дахан аст, дафъ мекунад; милки дандони сустгаштаро мустахкам менамояд ва хунравиро аз он бозмедорад. Ва ё оби навъи борикбарги онро дар дахан гардонанд, чушиши даханро дафъ мекунад.

Оби зуфро хох бичаконанд ва ё бимоланд, дарди чашмро, ки аз гарми бошад, шифо мебахшад. Дорухои чашм дар оби ин гиёх соида мешаванд ва худаш низ ба давохои чашм дохил карда мешавад. Тухмашро бихуранд, хунравиро аз дарун манъ мекунад.

Наскро бо барги он якчо пухта бихуранд, дамкутахиро шифо мебахшад. Усораи онро, ки оби дар офтоб гафс гардонидашудаи он аст, биёшоманд, барои иллати дик (логаркунанда), сил, хун кай кардан, захми шуш, дамкутахи аз галабаи хун, яъне аз фишори баланди хун ва саръ даво мешавад. Хурдани усораи он чигар, сипурз ва гурдаи гарммизочро кави мегардонад, инчунин гирехи ин узвхоро мекушояд, шиддати ташнагиро мешиканад, вайронии хазми таомро дафъ мекунад, хун кай карданро бозмедорад, хунравихоро, ки аз хар як узвхои ботини бошанд, манъ менамояд, сузиши пешоб, яъне сузокро шифо мебахшад, вале хуни хайз ва бавосирро мебандад.

Реша, барг ё тухми онро бихуранд, гирехи чигар, гурда ва хичакро мекушояд, инчунин ин ба давохои кушояндаи гиреххои онхо дохил карда мешавад, илова бар ин барои захми рудахо дармон мебошад. Наскро бо барги он якчо пухта бихуранд, ба чойи барги лаблабу барои иллати истиско (водянка)-и гарм дармон мешавад.

Инро ба намак, наск ва сирко пухта бихуранд, исхоли хунинро мебандад. Оби баргашро бо шароби тило (мусаллас) биёшоманд, барои дарди гурда ва хичак даво мебошад. Усорааш, яъне оби баргашро дар офтоб гафс гардонида биёшоманд ё тухми онро дар об чуш дода, бо он об нимгарм хукна кунанд, захми рудахоро шифо мебахшад ва хуни бавосирро мебандад.

Агар куфтаи барги зуфро занхо аз таг бардоранд, дарди бачадонро, ки аз хукна кардан ба хам расида бошад, таскин медихад. Гуфтаанд, ки агар се адад решаи онро бихуранд, таби руздармиён ва чор адад решаи онро бихуранд, таби дуруздармиёнро шифо мебахшад. Агар усораи барги инро бо 113 грамм шароб даромехта биёшоманд, табхои тезро дафъ мекунад.

zuf_bargi_zulf-178x300Решаи зуфро бо намак куфта гузошта банданд, захри саги девона газидаро дафъ мекунад. Барг ва решаи инро куфта гузошта банданд ё хушкашро куфта бардавом бипошанд, захмхоро аз рим пок месозад ва решхои хабисаи кухна, чарохатхои чукуррафта, сухтагии оташ, нори форси ва решхои давандаи хурандаро шифо мебахшад. Агар инро бо сафедоб (белила) даромехта гузошта банданд, чамра (карбункул) ном реши мухлик ва филпоро аз афзоиш манъ намуда, баъд дафъ мекунад.

Решааш ё баргашро куфта гузошта банданд, варамхои гармро тахлил медихад; мурчагазак, шаро (аллергия), сурхбод, варами пушти гуш ва ханозер (хукгардан)-ро шифо мебахшад. Агар решаашро ба гардан овезанд хам, барои ханозер хуб таъсир мекунад.

Вале мегуянд, ки истеъмоли ин ба дарун барои шуш зарар дорад. Барои дафъи ин зиёнаш асал бояд хурд. Инчунин усораашро бихуранд, ба сипурз зиён дорад — дар ин холат мустако бояд биёшоманд, то ки зарари он ислох ёбад.

Микдори як бор нушидан аз оби барги он дар як руз аз 50 то 150 грамм аст. Ба чойи ин туршаки (щавели) бустониро истеъмол намоянд, раво мебошад. Хосияти тухмаш монанди усораи барги он аст. Аз чумла 3,5 грамм аз ин биёшоманд, хунравиро аз кисми поёни бадан манъ мекунад.

Ин тухмашро тафсонида бихуранд, исхолро мебандад; агар бо равгани бодоми ширин ё равгани гулисурх чарб карда бихуранд ё танхо худашро дар об чушонида, он обро бо тухмхояш якчо биёшоманд, дарди рудахоро дафъ мекунад, хунравихоро, ки аз дарун бошанд, мебандад. Микдори як бор хурдан аз тухмаш дар як руз то 10,5 грамм аст.

Ин чо ду калима аз бозёфтхои худ дохил намоем. Хар руз ба дили нахор оби барги зуфро ним ё як соат пеш аз ношито ва бегохи руз низ аз 150 то 180 грамм то як мох бинушанд, саратони меъдаро шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …