Главная / Илм / Зирк чи андоза фоида дора?

Зирк чи андоза фоида дора?

Зирк (русс. Багульник)  —   Инро точикони баъзе махалхо зелол низ меноманд. Зирк буттадарахти маълум аст, ки танаш хорхои сегона дорад ва чубаш дар зери пустлохаш зард мебошад. Гулаш зарди сафедтоб, самараш дар хуша, дар вакги гураги кабудсабз ва баъди пухтан сиёх ва сурх мегардад. Кисми бехтаринаш он аст, ки самараш дарозак бошад, он чи кулула аст, шарбаташ кам ва барои давоги суст аст.

zirkМизочаш хунук ва хушк дар дарачаи севум аст. Хусусиятхои нигохдорандаги, яъне кабзият ва тарёки дорад.

Хислатхои шифобахши он: чойники миёнахачмро бо оби чуш чайконида, хар як бемор як чанголи худ аз самари хушки зирк дар он андозаду аз болояш оби чуш пур карда, баъди хунук шудан оби онро бинушад, хамин тавр се руз давом дихад, хилти сафроро катъ мекунад; ташнаги, тафси меъда ва чигарро таскин медихад, фишори баланди хунро ба эътидол меоварад ва аз дарун рафтани хунро, ки аз хар як узве бошад, манъ мекунад; дил, чигар ва меъдаи гармро кувват мебахшад ва намегузорад, ки моддахои зарарнок ва нодаркор ба ин узвхо рехта шаванд, инчунин барои бавосир ва рафтани рутубати бечо аз бачадон низ мумкин аст, биёшоманд.

Вале барои кушодани гирехи чигар, дафъ кардани истиско, кувват бахшидан ба чигари хунукмизоч ва дигар узвхои даруни шикам ва даруни сина, барои манъ кардани исхол аз сустии чигар ё бар зидди таби кухнае, ки аз бисёрии балгам мегирифта бошад, бо дорчини ва асал бихуранд, шифо мебахшад. Агар он оби зирк тар кардашударо бо оби талхшувок якчо бинушанд, узвхои хозимаро (меъда, чигар, сипурз ва рудахоро ) кави мегардонад; бо заъфарон бинушанд, барои сахтии чигар ва рондани пешоб дору мешавад. (Дар омади гап, кайд кунем, ки агар чигар сахт гардад, инро бо усули тибби кадим илоч накунанд, ранги бемор торафт захиртар тофта, иллат руз ба руз бадтар мегардад ва окибат гирифтораш барчомонда гашта, аз олам чашм мепушад).

Самари зиркро куфта гузошта банданд, чохои сахтгаштаи баданро мулоим мекунад.

  Оби меваашро бинушанд, кай ва бехузур шудани дилро манъ месозад.

  Тухмашро махин куфта бихуранд, захми рудахо ва харошида шудани сатхи даруни онхоро шифо мебахшад, инчунин исхолеро, ки аз сустии узвхои шикам ходис шуда бошад, бозмедорад.

  Чун бигиранд як микдор оби меваи зирк ва баробари он оби себи пухтаги, оби лиму чоряки он, ки нисфи яке мебошад, шакари сафед дар он хал карда, ба кивом оваранд, то ки гафс гардад ин тарёки хар гуна захрхои каттол аст. Ин таркиб барои газидани мори афьи, иллатхои дилтапак (дилбози), бехушшави, гамгини ва сустии иштихо дору мешавад. Агар ба ин таркиб туршак (щавель), турунч ва хали марворид изофа намоянд, чойи тарёки кабирро мегирад. Тарёки кабир- ин бехтарин давои мураккаби тибби Шарк мебошад, ки барои аксари беморихои сардмизоч нафъ дорад.

  Хуллас, зирк ба одамони гарммизоч ва сафровимизоч фоидабахш ва мувофик аст, вале барои касони хунукмизоч, яъне ба онон, ки дар баданашон хилтхои савдо ва балгам зиёд бошанд, зарар дорад, инчунин ба беморони кулинч ва иллати боди доштагон низ зиён мекунад. Агар ба хунукмизочон зарар расонида бошад, бояд каранфули гардан бихуранд ва агар ба одамони дорои мизочи дигар зарар кунад, шакар ва дигар ширинихоро истеъмол фармоянд, безарар мегардад.

  Микдори як бор нушидан аз оби самари зирк то 100 грамм аст дар як руз ва микдори хурдан аз тухмаш то 14 грамм аст. Агар тухми зирк ёфт нашавад, ба чойи он хамин микдор тухми гули сурхро ба кор баранд, раво мебошад.

  Аз реша ва чуби зирк кивом хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Решаашро бо теша тароша карда, дар зарфи калон аз болояш об рехта, муддате то кувваташ ба об гузалгган мечушонанд. Баъд он обро чудо намуда, ба офтоб мегузоранд, ки кивом гардад. Хамин кивоми зирк аст ва хеле талх мебошад.

  Мизочи кивоми зирк дар дарачаи якум гарм ва дар дувум хушк аст.

  Агар аз ин кивом камеро дар гулоб хал карда, дар чашм кашанд ё чаконанд, рутубатхои равони чашмро хушк мекунад ва бакияи дарди онро, ки кухна шуда бошад, дафъ месозад. Агар пеш аз дард карданаш ба чашм кашанд, дарди чашмро пешгири мекунад.

  Агар инро бихуранд, исхолро мебандад ва намегузорад, ки моддахо дар бадан бадбуй гарданд ва агар буйи бад гирифта бошанд, манъ мекунад, гиреххоро мекушояд, пухтани (чушиши) дахан ва сустии милкхои дандонро шифо мебахшад, чашми заифро кави мегардонад.

  Инро бипошанд, реш ва захмхоро хушк мекунад.

  Кивоми хушки зиркро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро кави мегардонад. Агар инро дар об хал карда, он обро дар дахан гардонанд, бадтарин дарди дахан ва чушиши бехи дандонхоро шифо мебахшад, дарди дандонро таскин медихад ва милки дандонро мустахкам мекунад. Камтарашро аз он дар шароб хал карда бинушанд, иллатхои номбурдаро шифо мебахшад.

  Аз кивоми зирк хар руз ба андозаи донаи чав дар об хал карда бинушанд ё онро бо об фуру баранд, дар муддати як хафта ё дах руз кирми чигарро нест мекунад. Агар инро бо шароб бихуранд, дарди чигари бетабро даво мешавад, вале бо оби хунук биёшоманд, дарди чигари табнокро ба ибро меоварад.

  Инро дар об хал карда, бо он нимгарм хукна (клизма) кунанд, захми рудахоро аз чирк пок мекунад.

  Вале хурдани кивоми зирк ба одамони сурфа дошта зарар мекунад. Дар ин маврид асал бихуранд, зиёнаш ислох мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …