Главная / Гуногун / Заминхои туркманнишинро ишгол кардани Русия

Заминхои туркманнишинро ишгол кардани Русия

Дар нимаи дуюми солхои 70 ва аввали содхои 80-ум артиши Русия амалиёти Харбии худро дар кисмати чанубу гарбии Осиёи Маркази, сарзамини туркманхо мегузаронданд. Мохи марти соли 1876 хукумати Русия “Низомномаи муваккатии идораи харбии кишвари Закаспий”-ро тасдик намуда, мувофики он дар сарзамини туркманхо шуъбаи Закаспийро таъсис дод, ки марказаш Красноводск буд. Шуъбаи мазкур ба зери идораи волии Кафкоз дода шуд.

1872_vereshchagin_triumphierend_anagoria

Хукумати Русия карор дод, ки ба махаллаи Ахалтегин сарбозон равон кунад. Он аввали соли 1877 Кизиларватро ишгол кард. Сардори шуъбаи Закаспий Н. Ломакин бо сабаби дурии кароргохи асоси шахри Красноводск амр кард, ки аскархо ва кормандони маъмурияти шуъба онро тарк кунанд. Тирамохи соли 1878 генерал Н. Ломакин дар Атрек истехкоми Чатро бунёд карда, мохи августи соли 1879 бори дуюм Кизиларватро ишгол менамояд. У дар карибихои Куктеппа ба муковимати шадиди ватанпарварони туркман дучор мегардад. Дар мухорибахои 28 – 29 августи соли 1879 баамаломада шикаст хурда, мачбур мешавад, ки ба чои бехатар акибнишини кунад. Баъди ин шикасти Н. Ломакин дар Петербургу Тифлис ба ташвиш афтода, уро бо генерал М. Д. Скобелев иваз намуданд. Ин генерал хануз дар чанги солхои 1877 – 1878 зидди Туркия ном бароварда буд. У барои забти Куктеппа омодагии чидди гирифта, пас аз чангхои серуза 12 январи соли 1881 калъаи Данглитеппа ва баъди он Куктеппаро ба даст медарорад. 18 январи соли 1881 аскарони Русия Ашкободро хам таслим кунонданд. Мохи майи хамон сол шуъбаи харбии Закаспий ба вилояти Закаспий дода мешавад.

Солхои 1881 – 1885 аскарони Русия тамоми заминхои туркманхоро ишгол намуданд, харчанд Британияи Кабир барои махалхои бахсноки он Афгонистонро ба муборизаи зидди Русия машк медод. Мохи марти соли 1885 дастахои харбии Русия дар зери рохбарии сардори Закаспий А. В. Комаров артиши Афгонистонро аз минтакаи панчдехи туркманнишини Пандин фишор дода бароварданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …