Главная / Гуногун / Заминхои Точикистон

Заминхои Точикистон

Тибки кадастри мелиоративи ба холати 1 январи соли 2018 дар чумхури майдони заминхои холати мелиоративиашон гайриканоатбахш  буда 37 014 гектарро ташкил медиханд.

Соли чори чихати бехтар намудани холати мелиоративии 9 765 гектар заминхои кишоварзи бо маблаги 10262,0 хазор сомони ба накша гирифта шуда, ба маблаги 6620,0 хазор сомони дар майдони 7 886 гектар холати мелиоративии заминхо бехтар гардонида шуд, ки ин мутаносибан 65 ва 81 фоизи накшаро ташкил медихад.

Чихати ичрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминхои нави обёришаванда ва баркарорсозии заминхои аз гардиши кишоварзи берунмонда дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2012-2020» дар соли чори азхудкунии 380 га заминхои нав ба накша гирифта шудааст, ки  то охири соли чори ба истифодаи кишоварзи супорида мешаванд.

Вобаста ба ин Вазорати кишоварзи ва Агентии бехдошти замин ва обёриро зарур аст, ки якчо бо вазорату идорахои дахлдор ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати чихати бехтар намудани холати мелиоративии заминхои кишоварзи, азхудкунии заминхои нави обёришаванда ва баркарорсозии заминхои аз гардиши кишоварзи берунмонда тадбирхои амали андешанд.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

Vivek-Sinha-Lor-vrach

Духтури Гушу-Гулуъ ва Бини аз Хиндустон ба Точикистон октябри 2021 меоянд

Ба диккати Пиру Барно мерасонем, ки дар Маркази тиббии «Шафран» саломатии шумо боз хам комилтар …