Главная / Илм / Заъфарон

Заъфарон

zafaron-660x330Заъфарон — ин торхои гули растани мебошад, ки монанди гулхои махсар аст, бисёр хушбуй. Рангаш зарди тираи моил ба сурхи, вале чун махсар хор надорад. Баргаш монанди барги ёсамин ва пиёзакаш монанди пиёзаки наргис аст. Дар миёни гули он се-чор торхои заъфарон дорад.

Ин растаниро аксар дар Кашмир, Эрон, Испания ва дигар мамлакатхо месабзонанд, дар нимчазираи Абшерони Чумхурии Озарбойчон низ меруёнанд. Бехтарини хамааш кашмири, баъд аз он эрони ва сони испании он аст, вале озарбойчониаш камбуй ва заиф мебошад.Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: агар инро ба дарун истеъмол фармоянд, фарахи бисёр меоварад, хамаи дах хисси одамиро кави мегардонад; хислати часпандаги дорад; моддахои зарарнок ва нодаркорро пазонида, барои хорич шудан мухайё месозад; хилти балгамро аз бадбу гаштан манъ мекунад ва инчунин онро аз вайрон шудан нигох медорад; пешобро меронад, кабзкунанда аст, яъне моддахои зарарнок ва нодаркори ба узвхо рехташавандаро манъ мекунад; бохро ба харакат меоварад; чавхари рухи хайвониро, ки манбааш дил аст, кави мегардонад; кувватбахши чигар, узвхои даруни шикам ва узвхои нафас мебошад, дар инсон хисси нишот меоварад, ханда пайдо мекунад, хичак ва гурдаро пок менамояд, башараро соф мекунад; куввати даворо ба дил ва узвхои дигар бурда мерасонад; гиреххои майна, чигар ва сипурзро мекушояд.

4,5 граммашро занхо бо чой фуру баранд, душвории зоиданро осон мекунад. Агар хар руз аз он 0,2 грамм бихуранд, сипурзро ба дарачае пок мекунад, ки ёфтани он амри мухол мегардад; ин микдорро бо майи пухтаги бихуранд, хуморро дафъ менамояд; агар инро бо асал бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезо-ад, бо кокути бихуранд, дарди бачадон ва макъадро дафъ мекунад.

Заъфаронро бибуянд, варами пардахои даруни синаро нафъ дорад, хоб меоварад. Агар заъфаронро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро равшан мекунад ва пардаи ба он афтодаро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ менамояд, инчунин дар натичаи бемори кабуд гаштани чашмро ба ислох меоварад; шилпуки, кутур ва реши чашмро шифо мебахшад.

Заъфаронро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом ба сар бирезанд, дарди шадиди сар ва бехобиро ба ибро меоварад. Агар инро гузошта банданд, обравии чашмро ислох ва ба чашм фуромадани рутубатхоро манъ мекунад; реши чамра, ки мухлик мебошад ва варами гарми гушро мегардонад; дарди сари аз сарди баамаломадаро таскин медихад, бехобиро дафъ мекунад.

zafaronИнро бо фарфюн (молочай) даромехта бимоланд, барои иллати никрис (подагра) ва беморихои бугумхо дору мешавад. Ва агар куфта бипошанд, хуни рафтаистодаро манъ мекунад. Заъфаронро занхо аз таг бардоранд, дарди бачадонро ба ибро меоварад ва агар дар макъад бардоранд, дарди онро таскин медихад.

Вале агар онро аз хад зиёд бихуранд, ба гурда зарар дорад, иштихоро ба таом суст мекунад, мумкин аст дилро бехузур (бечо) созад, зарараш бинобар пайдо шудани турши аз рехта гаштани моддаи савдо ба меъда аст; инчунин меъдаро кави мегардонад, аз сабаби он ки дар заъфарон гарми, куввати дибогаткунандаги ва кабзиятовар мавчуд аст; дарди сар меоварад. Агар бо шароб бихуранд, масти меоварад. Вале бардавом бихуранд, хисхои одамиро тира мегардонад, инчунин ба асабхо хам зиён мекунад. Дар ин маврид арпабодиён бихуранд ё сиканчабин биёшоманд, зарараш ислох меёбад.

Микдори як бор хурдан аз заъфарон дар як руз то 7 грамм аст; вале мегуянд, ки 10,5 грамми он кушанда мебошад ба воситаи бехад хурсанд ва хушхол кардан. Як тори заъфаронро дар сурохи закар гузоранд, пешоби бандшударо равон мекунад.

7 грамми онро бо шароб хамир карда, монанди чормагз кулула сохта, онро сурох карда, бо ресмон ба шиками зани хомила биёвезанд, душвор зоиданро осон мекунад ва хамрохаки (ёраки) тифлро зуд фуруд меоварад. Аз заъфарон равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. 225 грамми заъфаронро дар 1050 грамм равгани кунчиди нав ё равгани зайтун панч руз андохта монанд ва хар руз бархам, зананд, яъне бикованд ё бичунбонанд, баъд соф карда нигох доранд, ки ин равгани заъфарон хисоб меёбад.

Хислатхои шифобахши ин равган: агар инро бимоланд, асабро мулоим мекунад, сахтии бачадонро, ки дар тибби хозира ноболигии бачадон меноманд, ба холи сихат мегардонад, хоб меоварад. Агар инро дар сурохи бини бимоланд ва дар бини бирезанд. зот-ул-чанбро, ки варами пардахои даруни сина аст, шифо мебахшад. Молидани ин равган решхои бачадон, решхои хабиса (злокачественные язвы) ва бадфиоли дигар узвхоро пок мегардонад. Агар ин равганро бо муми занбури асал ва магзи устухон даромехта, занхо аз таг бардоранд, реши бачадонро шифо медихад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …