Главная / Илм / ЗООНОЗХО

ЗООНОЗХО

zoonozhoЗООНОЗХО, беморихои шадиди сироятии одаму хайвонот. Ангезандаашон бактерияхо (мас., ангезандаи брутселлёз, сухтани) ва вирусхо (мас., ангезандаи оксил) буда, муддати мадид (хафтаву моххо ва ангезандаи сухтани чанд сол) дар мухит зинда мемонанд. Ба З. гов, буз, гусфанд, хук ва баъзе чонварони дигар гирифтор мешаванд.
Ангезандаи беморихо аз хайвони касал бо шир, оби дахон, пешоб, ахлот ва г. ихроч мегарданд. Хайвонот хангоми хурдани хурокихои сироятнок (алаф ё хоки олудаи барангезандаи беморихо) сироят меёбад. Брутселлёз дар хайвонот асосан боиси искоти бармахал мешавад; сухтани ба табларзаву ахлоти хунин, оксил бо бисёр рафтани оби дахон ва дар луобпардаи дахон ба вучуд омадани обилачахои хурд рух менамояд.
Одамон ба З. хангоми истеъмоли шир ва махсулоти ширии хом, нигохубини чорвои бемор, куштани чорво ва кима кардани гушти хом, пусту муи хайвонот ва г. сироят меёбанд; ба сухтани дар натичаи газидани хашароти хунмак (мас., курпашша) гирифтор шудан мумкин аст.
Дар муборизаи зидди З. тадбирхои санитарию ветеринари ахамияти калон доранд: сари вакт ошкор кардани беморон ё шахсоне, ки гирифтори бемории хайвонот буданашон шубха шудааст; аз дигарон чудо нигох доштан ва муоинаи тиббии онхо, манъ кардани фуруши шири хайвоноти касал ва бе ичозати назоратчиёни ветеринари рох надодан ба куштани онхо. Хусусан гузарондани дезинфексия ва риояи коидахои гигиенаи шахси (мас., истифодаи либоси махсус), моягузаронии пешгирикунандаи коргарони хочагихо, комбинатхои гушт, заводхои чарм ва г. ахамияти калон доранд.
Ниг. низ Антропозоонозхо.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …