Главная / Гуногун / ЗИ ТОМОТУ ДАЪВИ ЗАБОН БАСТА ДОР (Макола)

ЗИ ТОМОТУ ДАЪВИ ЗАБОН БАСТА ДОР (Макола)

Аз он рузе ки сохиби бехтарин неъмати руи замин – Истиклол гаштем, як кирдори номатлуб ба мо ёр гашт. Ин бахсхои худситоию донотароши ва гразноку бемантик. Ва боз худро сафед карда мегуянд, ки: “Ин ошкорбаёни аст!”

Ва хамзамон мисрахои Хофизи Шерози ба ёд меоянд:

Яке аз акл мелофад

Яке томот мебофад

Биё к-ин доварихоро

Ба пеши Довар андозем.

Довари хак кист?

Боз хонандаи азизу гироми гумон накунад, ки ман мукобили танкид мебароям. Харгиз не!

Саъдии бузургвор гуфта:

Аз сухбати дусте ба ранчам,

К-ахлоки бадам хасан намояд.

Айбам хунару камол бинад,

Хорам гулу ёсуман намояд.

Ку душмани шухчашми бебок,

То айби маро ба ман намояд.

Бале, айбу камбуди!

На ин ки дуруг бофему тухмат бизанем.

Ислом хам дуругу тухматро манъ намуда, вазниниву сабуриро такозо мекунад. Хазрати Мухаммад (с) дар ин хусус мефармояд: “Муъмин набояд ба муъминзан нафрат кунад, зеро агар ба вай ягон хислати у маъкул набошад, аз хислатхои дигари (неки) у каноатманд бояд шавад”.

Устод Урун Кухзод хам таъкид менамоянд: “Ошкорбаёни изхори руирости акида аст, на таънаву маломату гайбат”.

Вале дар ин чода мо хадро намешиносем. Хеле мухим аст, ки андозаро нигох дорем.

Андоза нигах дор, ки андоза накуст,

Хам барои душману хам барои дуст.

– Чаро ин хел?! Охир, чаро?!

Ин суолхо хамвора чун овои чигарсуз ва садои пуршуру пурсуз сари забони хурду калон мебошад.

Ин яз як су.

Аз суи дигар бо ин суолхо мардумро ба бахс мекашем.

Хонанда дар дил хавас мекунад, ки “дилсузи чунин бояд!” Аммо агар амиктар бингари гуфтор аз кирдор аз замин то ба осмон фарк мекунад.

Бале аз замин то ба осмон!

Ин мисли хамон аст, ки “Воизон к-ин чумла дар мехробу минбар мекунанд…”

Оташи як бахси басо домандореро бародари мо, нависанда Мирахмади Амиршо аланга доданд. Пас аз ин мо бо у сухбати ру ба ру доштем.

– Ман танхо бо хотири ба бахс кашидани мардум навиштам, – иброз намуд он кас. – Магар кори ганда кардам?

Не, кори хуб, икдоми нек. Бехуда нагуфтаанд, ки:

Аклхоро аклхо ёри дихад,

Машварат идроку хушёри дихад.

Аммо хар кор тартиб дорад. Бахс низ истисно нест. Бахс на танхо чоиз, балки зарур. Аммо бахс бояд бафайз бошад. Бахси бефайз якдигархои асту бас. Чунин бахс хатарнок хам хаст. Одат мешавад. Ба кавли устод Урун Кухзод: “Одат чу кадим шавад, табиат гардад”. Вакти он расидааст, ки дурустакак андеша бикунем: то кай якдигарро мехоем?!

Аз чи бошад, ки бештар ба гузашта санг мезанем. Бародари мо Мирахмади Амиршо бошад табарвор задааст: “Хафтод сол дуруг гуфтанду дуруг навиштанд”.

Шояд он кас ин чумларо сари эхсосот руи когаз оварда бошанд. Вакте ки эхсосот шох аст, чашмони адл кур мешавад. Аз ин ру бояд хамеша адл шох бошад. Устод Гулрухсор гуфтаанд:

Чое, ки адл шох аст,

Чашмони чахл кур аст.

Аз тарафи дигар бародари мо пеш аз навиштани ин чумла аз афташ ин пандро пеши ру наовардаанд: “Захми табар мераваду захми сухан не”.

Таъкид карданиям, ки хар касе ки калам ба даст мегирад хамин пандро бояд пеши ру биёрад.

Баъд аз Мирахмади Амиршо пурсидам, ки мисол биёред, ки ки дуруг навиштааст. Он кас асархои Чалол Икромиро мисол оварданд. Ман дар чавоб гуфтам, ки хар замон талаботхои худро дорад. Он замон адибон бояд образхое меофариданд, ки мардумро ба рохи рост, некиву поки ва кахрамони хидоят мекард. Устод Чалол Икроми дуруг нанавиштаанд, балки образхои барчаста офаридаанд, ки дар тарбияи одамон накши бузург гузошт ва дар оянда хам хохад гузошт. Сипас яке аз хикояи бехтарини худи Мирахмади Амиршо “Мочарои дахсумаи дузди”-ро мисол овардам. Хонанда метавонад шубха кунад, ки дар хаёт чун Абдурахмон инсонхо нест. Чи, магар шумо дуруг навиштед? Не, албатта! Шумо образи хуберо офаридед, то ин ки дигарон аз у ибрат гиранд, пайрави кунанд. Аз гуруснаги бимиранд хам ба рохи кач по нагузоранд, ба дузди даст назананд.

Магар ин кори бад аст?

Албатта не!

Зиндаги чун санги осиё гардон асту чун оби равон равон асту равон, хаёти инсон низ гузарон асту гузарон. Аз ин ру набояд гузошт, ки лахзаяке бе самар сипари гардад. Хамовози ин мисроахои шоир бояд буд:

Нафас хар дам зи касри умр хиште меканад Бедил,

Пайи таъмири ин вайрона меъмор инчунин бояд.

Бале, тарзе бояд зист, ки рузхои гузашта фаромушнашаванда бигарданд. Ба кавли сохибсухане:

Умр агар хуш гузарад зиндагии Хизр кам аст,

В-арна нохуш гузарад ними нафас бисёр аст.

Хамин нуктахо дар як сухбате мавзуи бахс карор дошт. Баъд “Аммо… вале… лекин…” – хои бисёре иброз гашт. Нихоят ба хулосае омаданд, ки ин хама “Аммо… вале… лекин…” – хо аз нахондани китоб аст.

Ба ин сухбат танхо пирамарди баландпайкаре ки чашмонаш хаётдустона медурахшиданд шарик намешуд. Вай риши мавчноки гулиашро даст-даст карда, гуё аз байни он чизе чустани мешуд.

Лахзае хама хомуш шуданд.

– Бобои Амир, шумо чаро хап нишастаед? Ё сухбати мо бо шумо маъкул нест? – пурсид яке.

– Чонам шави, маъкул, – дар чавоб гуфт бобои Амир. – Китоб хондан хам фарз асту хам сунат.

– Худатон мехонед?

– Ман хамеша мехондам, мехонам ва хохам хонд.

Чавони бегаме бо тамасхур лукма партофт:

– Аз бекори кадукори гуед.

Пирамард ба у ру овард:

– Нафахмидам?

– Мегуям, ки вакти холиатон мул будааст-дия! – нидо намуд у бо захрханда.

Киёфаи бобои Амир чидди шуд.

– Китобро на барои вакткуркуни мехонанд. Барои он мехонанд, ки гизои маънави гиранд, некро аз бад , сиёхро аз сафед фарк кунанд. Агар гизои маънави набошад, мурги аклу дил мемурад. Икболи Лохури бархак фармуда:

Нафас дорад, валекин чон надорад,

Хар он, ки бар муроди дигарон зист.

Зеро ки ман китобхонаи шахси дорам. Он аз падар ба ман мерос мондааст. Бояд, ки волидайн гами фарзандонро хуранд. Холо ман барои аберахоям китобхои хубро ба дас оварда истобаам.

– Эха, холо… – чавони бегам забон хоида, хомуш монд.

Пирамард нигохи тезе чониби у андохт ва гуфт:

– Холо мурдани нести мегуи? Риштаи кисмат дар дасти худаш аст. Аммо аз мурдан наметарсам. Аз хаёт дигар карздор нестам. Аз дахсолагиам захмат кашидам. Дах фарзандро тарбия карда ба воя расонидам. Дониш додам сохиби хонаву зану фарзанд кардам. Холо мурдан барои ман айб аст, айб.

Вакте ки пирамард аз хона бадар рафт, марде аз акиби у гуфт:

– Мардест шарифу фозил.

– Тарбияи хуб гирифтааст, – эътироф намуд дигаре.

– Тарбия аз аллаи модар сар мешавад.

Чавохирлаъл Нехру гуфтааст: “Агар дар оила мард бемаърифат аст, бар зарари худи мард аст, агар дар оила зан бемаърифат аст, бар зарари аъзои оила аст”.

Шоире гуфта: “Фардо – ана чи мухим аст, на дируз”. Барои ба пеш харакат кардан, бояд хазор балохоро аз сари рох дур созем. Чи тавр? Ба ин суол устод Урун Кухзод чавоб додааст: “Ахлоки воло, дафъи бало”.

Хазрати Фирдавси гуфта:

Кунун гар набоши ту фарёдрас,

Набини ба Мозандарон зинда кас!

Имруз барои хамаи мо он Мозандарони Фирдавси ахлок аст.

Бале ахлок, ахлоки воло!

Инсон хамеша ба тарбия ниёз дорад. Решаи мафхуми адабиёт – адаб аст. Мавлоно Чалолиддини Балхи мефармояд:

Хоча дарёб, ки чон дар тани инсон адаб аст,

Одам аз олами улвист, шарафи чон адаб аст.

Аз гузашта оташ мегиранд, на хокистар. Бо пош додани хокистар ба чое намерасем. Аз ин ру бод дони хокистар танхо ифлоси меораду халос.

Танкидхои беасосу гаразнок хам дили хонандаро хунук мекунад. охир агар мо якдигарро бадном кунем, магар хонанда дилмондаву дилгир намешавад?!

Устод Мухаммадчон Шакури бехуда таъкид накардаанд: “Холо бештар аз хар вакт дар дили одамизод одамиятро бедор кардан ва бедор доштан даркор аст. Махз бо хамин максад, ноодамиро дар дили инсон куштан лозим меояд. Зиёда аз ин, ноодами, качдиливу качфахми, курдии ичтимоиву маънавиро бо хама нафратангезихояш, бо кувваи тамом нишон додан зарур аст, ки одамият устувор шавад”

Зиндаги хамеша якранг нест. Агар якрангу хамвор мебуд хазрати Бедил ин шохбайтро ба мо ба ёдгор намемонд:

Зиндаги бар гардан афтодааст, Бедил, чора чист,

Шод бояд зистан, ношод бояд зистан.

Бале, бояд зист! Ва на танхо барои худ, балки барои дигарон. На ин ки аз пашша фил сохта, дили хонандаро сарду нафраташро бедор кард. Ба чои он ки хонем, омузем санг мезанему санг. Ин хама чи гап аст?! Ба кавли маъруф: “Мурдаро монда тухури”.

Вакте ки зиёи чора начуста меноладу санги маломат хаво медихад, аз одамони одди чи чои гила.

Чаро ин байтхоро ба ёд намеорем:

Накуи мекуну дар Дачла андоз,

Ки Эзид дар биёбонат дихад боз.

Ё ин ки:

Хар шаб зи худат бипурс, агар ту марди,

К-имруз чи хизмате ба мардум карди.

Танхо одамони нек ба гаму шодии якдигар шарик шуда метавонанд. Танхо одами нек ба дигарон шодкомихо ва шахду шакари хаёт орзу мекунад. Танхо одами нек бар ивази бетобии худ сихатмандии дигаронро металабад.

Бо нияти нек, дили гарм, самимият ба бахои асархо даст бизанем. То ки дили хонандаро бедору гарм намоем.

Яке аз рисолати инсони он аст, ки ба якдигар рафтори шоиста ва мухаббатомез дошта бошем. Ва фаромуш насозем:

Зи чуе, ки хурди аз он оби пок,

Нашояд фигандан, бар у санги хок.

Дона дар синаи хок месабзад, одамон аз мехру мухаббат. Ин мисрахои Чалолиддини Румиро набояд фаромуш созем:

Биё то кадри якдигар бидонем,

Ки то ногах зи якдигар намонем.

Чи хуб мешуд, агар панди Саъдиро сармашки кори худ мекардем:

Ба сидку иродат миён баста дор!

Зи томоту даъви забон баста дор!

23 майи соли 2004

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …