Главная / Илм / ЗИРКИ СИЁХ

ЗИРКИ СИЁХ

zirki-siehЗИРКИ СИЁХ (Berberis heterobotrus), зилоли сиёх, буттаест сершох. То 3 – 3,5 м кад мекашад. Навдахояш дорчини (навдахои яксолааш дорчинии сурхча). Баргаш гафс, сабзи зардчатоб (дар нимаи дуюми тобистон сурх мешавад), гулаш зард, мевааш сиёхи аргувони (баъди пухтан сиёх). Мохи июн гул карда, мевааш мохи август мепазад. З. с. дар арчазору фаркзорхо меруяд. Дар мавзеъхои Хисору Дарвоз, Точикистони Чануби ва Шарки (дар баландии 1000 – 2000 м аз с.б.) пахн шудааст.
З. с. дар байни мардуми чумхури хеле маъмул аст. Чушоби пустлохи онро хангоми беморихои чигар, гурда, масона, сил, тарбод, галаёни хун, исхоли хунин, захми меъда, зардпарвин, истиско, бавосир истифода мебаранд. Махсусан киёми З. с. шухрати зиёд дорад. Чойи пустлох ва барги З. с. хамчун давои таскинбахш ва зидди исхоли хунин истифода мешавад. Чушоби меваю барги онро хангоми зангила кор мефармоянд. Чушоби решаи З. с. барои табобати никрис муфид аст.
Дар тибби муосир реша ва пустлохи З. с.-ро дар мавриди беморихои чигар, дарди санги гурда, зардпарвин, илтихоби гурда ва масона, хусусан хангоми никрис, тарбод, сих задани узв тавсия медиханд. Киёми онро дар як истакон об хал карда, рузе ду маротиба менушанд. Меваашро ба таом меандозанд.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …