Главная / Гуногун / ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД РУДАКИ

ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД РУДАКИ

Бо таваччух бар он ки перомуни зиндагии Устод Рудаки кариб 200 сол дар Урупо, Русия, Омрико, Эрон, Хиндустон, Точикистон ва кишвархои араби пажухишгарони зиёде тахкикоти илми мебаранд, хануз хам дар зистномаи Устод Рудаки нуктахои торик ва масоъили халношуда бисёранд. Аз анбухи фаровони пажухиши мухаккикон навиштахои донишмандони номи Херман Этте72, Эдуард Браун73, Саъид Нафиси74, Садриддин Айни75 ва Абдулгани Мирзоев76 ба арзиши хоси илми ва таърихи сазоворанд. Хамчунин, адабиёти мавчуда дар бораи Устод Рудаки дар осори Саъид Нафиси ва Абдулгани Мирзоев покизакорона ва бо камоли таваччух тахлилу чамъбаст карда шудаанд. Аз ин лихоз, моро зарур нест, ки ин корро аз сари нав анчом бидихем.

МАХАЛЛУ ЗАМОНИ ТАВАЛЛУД

Зодгохи Рудаки дехаи Рудак, ки яке аз рустохои нохияи Панчакент мебошад, шинохта шудааст. Аслан ин деха аз тавобеъи Самарканд дониста шудааст, ки иллати онро поёнтар шарх хохем дод. Нахустин хабаре, ки дар ин бора дар манобеьи хатти сабт гардида, хамон маълумоти «Китоб -ул-ансоб» аст. Муаллифи он Точулислом Абусъаид Абдулкарим ибни Мухаммад ибни Мансур ибни Абубакр Мухаммад Тамимии Марвазии Самъони (506—562 / 1113-1166) дар ин асари худ рочеъ ба Рудак ва Панчрудак чунин менависад: «Ал-Банчи-бифатх-ил- боъ-ил- муъчама, бивохиди ва замми-н-нун ва фи-л-охирихи ач-чим, хазихи-н-нисбату ило карияти мин курроъи Рудак би навохийи  Самарканд, юкола лахо Банчрудак.  Ва  хия  кутби  Рудак  ва мин хазихи-

л-карияти кона шоъир-ул-маъруф Абуъабдуллох ар-Рудаки ва сазкаруху фи харфи-р-«ро» лианнаху аштахру бизалика ва лакиннаху  кона мин Банч.  Кола   Абусаъд  ал-Идриси  ал-Хофиз: «Кабру  Абуъабдуллох  ар-

Рудаки машхурун бихо, хува халфа бустони Банчрудак язору ва кадд зиёратуху».77

Зодгохи Рудакиро Самъони аз руйи маълумоти хамзамонони худи Устод, аз чумла, аз забони Идриси (ваф. 406/1115), ки оромгохи Рудакиро зиёрат кардааст, чунин меоварад: «Ал-Банчи… нисбае бувад ба дехае аз дехахои Рудак, ки Банчрудакаш гуянд. Ва он кутб (яъне марказ)-и Рудак бошад ва шоъири маъруф Абуабдуллохи Рудаки аз хамин деха бувад. Дар харфи «ро» зикрашро хохем овард, зеро ба он шухрат ёфта, валекин аз Банч бувад. Абусаъид Идрисии Хофиз гуяд: «Кабри Абуабдуллохи Рудаки дар :он машхур аст, дар паси бустон (яъне богот)-и Панчрудак, ва онро зиёрат мекунанд ва ман хам зиёрат кардам».

Шакли навишти арабии Панчрудак — Банчрудак бисёрихоро ба иштибох андохтааст. Онхо «Банч»-ро, ки ба сабаби дар алифбои араби вучуд надоштани харфи «п» ва бо «б» ифода шудани он ва, умуман, навишта нашудани харфи садоноки кутох, хол он ки «Бунч» ва «Бануч» навиштаву хамин тавр хам хондаанд, «панч» сабт кардану хондан лозим буд.

Устод Айни айни нахустин тахкикаш, хануз соли 1940, на танхо ин иштибохро аз байн бурд, балки махз Панчруд будани зодгохи Рудакиро бо тамоми далойил исбот кард.

Дар ахбороти дигари Самъони рочеъ ба масофаи байни Рудак ва Самарканд маълумоти дигаре хаст, ки ба он Садриддин Айни эътибор надодааст, аммо Абдулгани Мирзоев онро як навъ содда шарх додааст. Аниктараш, агар Самъони масофаи байни Самарканду оромгохи Рудакиро ду фарсах гуфта бошад. А. Мирзоев даъво мекунанд, ки масофаи байни Самарканду Панчруд дах фарсах аст, аммо котиб «дах»-ро «ду» навиштааст. Вале фаромуш набояд кард, ки матни Самъони араби буда, дар он чо «ало фарсахайни мин Самарканд» (яъне «дар ду фарсах аз Самарканд», вараки 262) навишта шудааст, ки дар он хеч имкони ба «ду» табдил ёфтани «дах» нест. Ба фикри мо, Самъони на байни Самарканду Панчрудро, ки 15 фарсах аст (120 км), балки рохи байни Панчруду чодаи асосии кад-кади руди Зарафшонро кайд кардааст, ки хакикатан хам ду фарсах (18 км) мебошад.

Самъони дар харфи «ро» рочеъ ба Рудаки ва зодгохи у менависад: «АрРудаки, би замми -р-ро ва сукуни -л-вов ва фатхи -з-золилмуъчама ва фи охирихо ал-кофу, хазихи-н-нисбату ило Рудак ва хия ъало фарсахайни мин Самарканд ва-л-машхуру минхо аш-шоъир-ул-малех- ул-кавл би-л-форсияти, ас-сойиру девонуху фи билоди-л-ъачам: Абуъабдуллох Чаъфар бинн Мухаммад бинн Хаким бинн Абдуррахмон ибн Одам ар-Рудаки -аш-шоъир-ус-Самарканди, кона хасана-ш-шеъру           ва матина-л-кавлу; иннаху аввал ман кола аш-шеър -ул-чадид би-л-форсияти.  Кола  Абусаъид ал-Идриси ал-Хофиз: «Абуъабдуллох Рудаки кона мукаддаман фи-ш-шеъри би-л-форсия фи замонихи ъало акронаху, юрави ъан Исмоил бинн Мухаммад бинн Ислом ал-Кози ас-Самарканди хикоята хакохо Абуъабдуллох бинн Абехамза ас-Самарканди ло наъламу лаху хадисан маснадан ва баъдона раъайят лаху ривояту лам истахсана тарка зикрихи. Кола: ва кона Абулфазл ал-Балъами вазири Исмоил бинн Ахмад волию Хуросон якул: «Лайса лир-Рудаки фи-л-ъараб ва-л-ъачам назирун ва мота би-р-Рудак санати 329».78

Яъне «Ар-Рудаки – ба замми «ро» ва сукуни «вов» ва фатхи «золи муъчама», ки аз пайи вай «коф» ояд, нисбате бувад ба Рудак ва он дар дуфарсахии Самарканд вокеъ аст. Ва аз машхуртаринони он макон шоъири шахири форсигуй, ки девонаш дар  билоди Ачам даргард  аст,  Абуабдуллох Чаъфар  ибни  Мухаммад ибни Хаким  ибни  Абдурахмон ибни Одам Рудаки шоъири Самаркандист, ки шеъри хубу сухани матине дошт.  Гуянд, у нахустин касест, ки ба форси шеъри наку гуфта бошад. Абусаъид Идрисии Хофиз гуяд: «Абуабдуллохи Рудаки дар шеъри форсии  замони  худ  мукаддам  аз  шоъирони  дигари хаммаслаки хеш буд. Аз Исмоъил  ибни Мухаммад ибни Ислом Козии Самарканди хикояте ривоят кардаанд, ки Абуабдуллох ибни Абухамзаи Самарканди овардааст, ки хадиси  мусаннаде  барои он  намедонем ва пас аз он ки ривояте барои он дидем, худдори    аз зикри онро неку надонистем, гуяд: Абулфазли Балъами-вазири Исмоъил ибни Ахмади фармонравои Хуросон мегуяд: « Рудакиро дар Арабу Ачам монанд несту дар    Рудак дар соли    329 вафот кардааст».    Соли 329 хичри ба  санаи 941   мелоди мусовист.

Ибн  ал-Асир (555—630/1160—1233)  бо каме фарк гуфтори Самъониро мухтасар дар «Китоб-ул-боб фи тахзиб-ил-ансоб»-и худ накл мекунад. Устод Айни нахустин шахсе буд, ки дар кучо будани Рудакро анику дакик ба исбот расонд. Дар ин бора  Абдулгани Мирзоев мегуяд: «Чустучуи тахкикотии Садриддин Айни хеле доманадор буда, якчанд сол давом мекунад.  Иттифокан, дар соли  1940 бо як нафар мардикори захматободи, ки барои шикасту рехти манзили у дар Самарканд даъват шуда буд, мусохиб шуда, аз у мефахмад, ки дар  нохияи  Панчакент  ду каряе будааст, ки хануз бо номи «Рудак» ва «Панчруд» (Панчрудак)  хонда мешудаанд. Садриддин Айни бо ахбороти  ин шахс каноат хосил  накарда,  аз дигар одамони Кухистон низ мепурсад. Хатто ба рохбарияти нохия мактуб навишта, хохиш мекунад, ки мавчудияти ин ду каряро тахкик карда, масофаи байни онхоро мушаххас созанд ва ба у хабар диханд. Хангоме, ки дар бораи ин ду каря чавоби муносиб меояд, у ба пойтахт — ба Сталинобод мурочиат намуда, талаб мекунад ба он чо як хайати тахкикотии илми фиристода шавад».79 Худи Садриддин Айни дар ин бора чунин менигорад: «Бо таъкид масъала  тамоман рушан хал шуда,

кабри Рудаки ва каряи Рудак ёфт шуда буд. Акнун кори танхо ба ин маълумот як шакли расми додан монда буд. Бинобар он, ман ба Иттиходияи нависандагони Точикистон, ба рафик Дехоти, хат навишта, як маъмурият ташкил кардани иттиходияи суханварон ва дар ин маъмурият ширкат намудани хайати Фархангистони улуми Чамохири Шурави ва Институти тахкикотии Точикстонро муносиб дидам».80

Хаминро бояд илова намуд, ки марди захматободие, ки Абдулгани Мирзоев ёдаш мекунад, окои Диёри Фароби ва рохбари хамонвактаи Панчакент Шарофи Мухаммади буданд. Дехаи зодгох ва махалли кабри Рудакиро дар баъзе кариячоти гирду атрофи он Панчикруд низ мегуянд, ки аз кудмати он гувохи медихад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …