Главная / Илм / ЗИКИРЁХОЧАЕВ Дилшод Зухурович

ЗИКИРЁХОЧАЕВ Дилшод Зухурович

nophotoЗИКИРЁХОЧАЕВ Дилшод Зухурович (тав. 09. 04. 1949, дехаи Паркенти вил. Тошкенти Чумхурии узбекистон), онколог, доктори илми тиб (1987), проф. (1989), Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи ЧТ (1999). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1972). Чаррох-онкологи беморхонаи ш. Кургонтеппа (1972 – 73), духтури Диспансери чумхуриявии клиникии онкологии ш. Душанбе (1973 – 75), ординатор (1975 – 76) ва ассистенти (1977 – 79) кафедраи онкологияи ДДТТ, сардухтури Диспансери чумхуриявии клиникии онкологии ш. Душанбе ва хамзамон муаллими ДДТТ (1980 – 1984), докторанти Маркази илмии умумииттифокии онкологии АИТ ИЧШС (ш. Москва, 1984 – 87), декани факултаи такмили ихтисоси духтурон (1988 – 91), декани факултаи муоличави (1991 – 93), мудири кафедраи онкологияи ДДТТ (1993 – 2007). Аз марти 2007 директори муассисаи давлатии Маркази илмии онкологи. Дар мавзуи «Нефробластома ва нейробластома дар кудакон. Тадкикоти клиникию иммунологи» рисолаи доктори дифоъ намудааст.
З. яке аз ташаббускорони кабули консепсияи нави тарбияи кадрхои тибби буда, онро ба стандартхои чахони наздик кардааст. Аз с. 1994 узви хайати тахририяи мачаллахои «Детская онкология» ва «Экспериментальная онкология» (Украина) мебошад. С-хои 1992 – 96 Комиссияи муттахидаи чумхурияви оид ба фанхои чаррохиро рохбари кардааст.
Муаллифи зиёда аз 250 асару маколахои илми, аз чумла 6 монография, 30 навовари, китоби дарси оид ба онкология буда, дар тахияи 6 тавсияи методи оид ба масъалахои ташхис ва табобати беморихои онкологи, тадриси онкология дар донишкадахои тибби иштирок кардааст. Тахти рохбарии у 3 наф. рисолаи доктори ва 20 наф. рисолаи номзади дифоъ намудаанд. Саронкологи Вазорати тандурустии ЧТ, президенти Ассотсиатсияи зидди саратони ЧТ (аз с. 1993), узви вобастаи Чамъияти аврупоии онкологхои кудакон (SIOP, аз с. 1994), академики фахрии Чамъияти байналхалкии академикхо (аз с. 1998). Бо дипломи фахрии Чамъияти онкологхои Москва (2000) сарфароз гаштааст.
Ос.: Рак легкого с метастазами в головной мозг. Мач. «Здравоохранение Таджикистана», № 6, 1978; Исследование лимфогранулематоза с помощью ЭВМ. Мачм. «Ахбороти АФ ЧШС Точикистон, № 4, 1983; Нефробластома и нейробластома у детей, М., 1987; Этиология опухолей у детей, Д., 1993; Опухоли у детей, Д., 1993; Онкология, Д., 1995; Онкологическая гинекология (дастури таълим), Д., 1995; Лекция по детской онкологии, М. – Д., 1997; Злокачественные опухли анального канала, Д., 1997; Справочник по химиотерапии злокачественных новообразований у детей, Д., 2001; Рак кожи, Д., 2001; Профилактика рецидивов рака желудка, Д., 2005; Современные подходы к терапии рака пищевода. Мачм. МДМИО, ч. 2, 2009.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …