Главная / Илм / ЗАРБУ ЛАТИ ЧУМЧУМА ВА МАГЗИ САР

ЗАРБУ ЛАТИ ЧУМЧУМА ВА МАГЗИ САР

magzi-sarЗАРБУ ЛАТИ ЧУМЧУМА ВА МАГЗИ САР, садамаи косахонаю магзи сар, осеби косахона, магзи сар ва пардаи он. З. ду хел мешавад: пушида (дар ин хол барои аз микробхо сироят ёфтани майна ва пардахои он шароит нест) ва кушода (дар ин хол майна бисёр вакт бо микробхо олоиш ёфта, беморихои сарсом, думбал ё энсефалит рух менамоянд). Зарбу латхои пушида хамон иллатхои чумчумаю майнаанд, ки дар мавриди онхо пусти сар осеб надидааст ё бофтахои мулоими косахонаи сар бидуни шикасти устухон иллат ёфтаанд. Барои З.-и кушода якбора осеб дидани хам бофтахои мулоим ва хам устухони косахонаи сар хос аст. Агар дар ин хол бутунии пардаи сахти майна дарида бошад, онро зарбу лати нофиз меноманд. Дар мавриди З.-и нофиз хавфи сирояти магзи сар хеле калон аст.
Осебхои чумчума метавонанд дар шакли кафидаги, шикастагии сурохдор ва фурухамида, шикастани устухонхои буни чумчума бо кушода шудани чавфхои иловагии гушу бини руй диханд. Яке аз нишонахои шикастани буни чумчума аз бинию гуш баромадани хун ва моеъи хароммагз, дар атрофи чашмхо чун айнак хоб рафтани хун мебошад. Хангоми чи дар шакли пушида ва чи дар шакли кушода будани З. имкон дорад, ки се навъи осеби майна – зарб хурдан, лат хурдан ва фишурда шудан (дар алохидаги ё муштарак) руй дихад.
Зарб хурдани майнаи сар асосан баъди осеби пушидаи чумчумию майна зохир мешавад. Аз зарб тамоми магзи сар ба дард медарояд; аз ин шакли осеб яклухтии майна зарар намебинад, вале робитаи байни хучайрахои майна ва шуъбахои гуногуни он муваккатан гум мешавад. Ин гуна чудои боиси халал ёфтани кори майна мегардад.
Аз зарб хурдани майна одам, одатан, бехуш мешавад (он вобаста ба шиддати зарб аз чанд сония то чанд соат давом мекунад). Баъди ба хуш омадан, сар ба дард меояд, дилбехузури ва баъзан кай руй медихад, бемор холати то зарбу лат ёфтан ва айни зарбу лат хурданро дар ёд надорад (фаромушии ретрогради). Сурх ё сафед шудани руй, тез шудани набз, сусти, серараки зухур мекунад. Хамаи ин нишонахо, одатан, баъди 1 – 2 хафта гум мешаванд. Вале ин чунин маъно надорад, ки зарб хурдани майна барои бемор бенукс мегузарад. Баъзе беморон (хусусан онхое, ки низоми таъиншудаи оромии катъиро вайрон кардаанд) хеле вакт сустии тамоми аъзои бадан, дарди сар, ноустувории кори системаи рагхо, пурэхсоси, белаёкатиро хис хоханд кард.
Дурудароз (зиёда аз 1 – 2 соат) бехуш будан нишонаи он аст, ки майнаи сар озор ёфтааст ё фишурда шудааст. Вале чандон дер давом накардани бехуши низ маънои беозори ё таъзик надидани майнаро надорад. Ин холат хамон вакт руй медихад, ки хангоми озор ёфтан, раги хунгузари парда ё моддаи майна гусаста, дар зери чумчума хуномос хосил шудааст ва он тадричан калон шуда, баъди чанд вакт майнаро мефишорад.
Лат ёфтани магзи сар гуфта хамагуна осеби чузъии моддаи майнаро меноманд. Он аз иллати андаке, ки дар кисми осебёфтаи майна факат хунрези ва варами хурд ба вучуд овардааст, то осеби аз хама вазнинро, ки бофтаи магзи сар чудо ё дархам кашида шудааст, дарбар мегирад. Аз хама бештар сабаби озор ёфтани майна зарбу лати кушода, хусусан зарбу лати нофиз мебошад. Лат хурдани магзи сар ба монанди зарб хурдани он бо зуд аз хуш рафтан, ки аз чанд соат то чанд рузу хафта тул мекашад, зохир мегардад. Нишонахои осеби чузъии майна бе низом шудани харакат (фалачи), ихтилоли нутк (хангоми озори нимкураи чапи миёна) ва г. мебошанд. Дар холатхои вазнин халал ёфтани нафасгири ва кори дил низ мумкин аст. Хангоми сабук лат ёфтан бенизомии харакат, хис ва диг. иллатхо дар 2 – 3 хафта тамоман бартараф мешаванд. Баъди лати вазнин бошад, осори устувор – фалачи чузъию умуми, ихтилоли хиссиёт ва нутк, хуручхои бемории саръ боки мемонанд.
Фушурда шудани магзи сар дар натичаи рехтани хуни дохили чумчума, фишор овардани устухони шикаста, варами майна сурат мегирад. Одатан, хангоми тазйик ёфта шикастани устухон, дар баробари фишурда гаштан, майна лат низ мехурад; дар натичаи осеби чузъии бофтаи майна варами он низ авч мегирад. Бинобар ин дар хар ду холат шиддати З. зуд ошкор мешавад. Вакти аз хуномос фишурда шудани майна кор ранги дигар мегирад: кафидани раги хун, хусусан дар пардаи магзи сар, бидуни осеби бофтаи майна рух намуда, факат боиси каме лат хурдани магзи сар мегардад. Дар ин холат баъди бехушии кутохмуддат андаке бехбуди рух медихад, ки хоси латхурии сабуки майна буда, чанд соат (хатто шаборуз) давом мекунад. Нишонахои аввалини фишурда гаштани майна аз саялони хун афзудани дарди сар, безобитаги ё, баръакс, хоболуди аст. Баъд бехуши фаро мерасад, нафаскашию кори дил аз низом баромада, мумкин бо марг анчомад.
З.-ро факат дар шароити беморхона табобат мекунанд. Дар аксар мавридхо, хусусан хангоми фишурда шудани майна, фавран чаррохи кардан зарур аст. Агар майна сахт осеб надида бошад, он гох беморро бидуни чаррохи табобат мекунанд. Шахси майнааш зарбхурда бояд низоми катъии бистариро риоя намояд.
Осебдидаро хар чи зудтар ба беморхона мебаранд. Хатто дар холати бехушии кутохмуддат (аз сабаби озор ёфтани майна) низ беморро бо занбар бурдан хатмист. Ёрии аввалин дар чои вокеа: дар аснои зарбу лати кушодаи косахонаю магзи сар чои захмро бо захмбанди тоза бастан зарур аст; хангоми аз бини ва гуш омадани хун, ба он чойхо пахта ё дока гузоштан чоиз нест (то ки захм сироят наёбад). Вакти катъ гардидани кори дил ва нафасгири оддитарин воситахои зиндагардонии организм – масхи дил ва нафасдихии сунъи (бо рохи дахон ба дахон ё дахон ба бини)-ро татбик мекунанд. Воситахои дастии нафасдихии сунъи хавфнок аст, чунки оромии беморро халалдор ва хуншориро дар дохили чумчума зиёд менамояд.
Барои пешгирии З. дар катори чорахои умуми истифодаи тоскулох ахамияти калон дорад (бо он дар сохтмон, корхои зеризамини, хангоми рондани мототсикл, бозии хоккей ва г. сарро мухофизат мекунанд).
Ад.: Киселев В.П., Козырев В.А., Черепно-мозговая травма у детей, М., 1971; Лебедев В.В., Горенштейн Д.Я., Лечение и его организация при черепно-мозговой травме, М., 1977; Дубров Я.Г., Амбулаторная травматология, М., 1986.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …