Главная / Чамъият / ЗАНБУРИАСАЛПАРВАРИ

ЗАНБУРИАСАЛПАРВАРИ

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ ЗАНБУРИАСАЛПАРВАРИ  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, 2012 г., №4, мод. 270)

Конуни мазкур муносибатхоро дар сохаи истехсоли махсулоти занбуриасалпарвари, хифз, истифода ва афзоиши оилахои занбури асал, самаранок истифода бурдани онхо барои гардолуд кардани растанихои энтомофили, фарохам овардани шароит барои афзун гардонидани махсулоти занбури асал, инчунин зироаткори, таъмини кафолатхои риояи хукук ва манфиатхои шахсони вокеи ва хукукие, ки ба занбуриасалпарвари машгуланд, танзим менамояд.

ЗАНБУРИАСАЛПАРВАРИ

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

занбуриасалпарвари – парвариш, хифз ва нигахдории занбури асал, ки истифодаи он барои гардолуд намудани растанихои энтомофили ва баланд бардоштани хосилнокии онхо, гирифтани махсулоти занбури асал равона шудааст;

занбурпарвар – шахси вокеи ё хукукие, ки ба занбуриасалпарвари машгул мебошад;

оилаи занбури асал – вохиди томи биологи, ки аз занбурони кори, нарзанбурон ва модарзанбур иборат буда, дар як куттии занбури асал ё лона сукунат доранд;

модарзанбур – занбури модинае, ки оилахои занбури асалро афзун мегардонад;

селаи занбури асал – оилаи нави занбури асал, ки аз оилаи асосии занбури асал пайдо шуда, аз он хангоми оилачудокунии табии мустакилона берун шудааст;

гурухи занбури асал – мачмуи оилахои занбури асал дар доираи зоти занбури асал, ки дар худуди муайян ташаккул ёфта, ирсияти  умуми дорад;

куттии занбури асал – чихоз барои нигохдории оилаи занбури асал;

занбурчой – мавзеи муайяне, ки куттихо бо оилахои занбури асал ва тачхизоти барои занбуриасалпарвари зарур дар он чойгир карда шудаанд;

занбурчойи доими – мавзее, ки дар давоми сол куттихо бо оилахои  занбури асал дар он доими чойгир карда шудаанд;

занбурчойи сайёр – мавзее, ки куттихо бо оилахои  занбури асал тавассути кучонидан ба манбаъхои чамъоварии асал гузошта мешаванд;

асал – махсулоти табиие, ки онро занбури асал аз шираи растанихо чамъовари менамояд;

мум – махсулоте, ки онро занбури кори аз гадудхои мумчудокуниаш хорич менамояд;

гарди гул – махсулоте, ки занбури кори аз гули наботот чамъовари менамояд;

ширеш – махсулоте, ки занбури кори аз шираи гулхо чамъовари менамояд;

шири занбур – махсулоте, ки онро занбури кори аз гадудхои болоиаш истехсол менамояд;

захри занбур – махсулоте, ки онро занбури кори аз нешаш чудо менамояд;

мумварак – варакчахои тунуки ба таври сунъи аз мум сохташуда, ки колаби чашмакдори андозахояшон муайянро доранд;

шиносномаи байторию санитарии занбурчой –  хуччате, ки мавзеи муваккати ё доимии занбурчой, микдори оилахои занбури асал, зоти онхо, мухлат ва амалиётхои байториро бо максади пешгири, ташхис ва муоличаи касалихои онхоро дар бар мегирад;

растанихои энтомофили– растанихое, ки тавассути хашарот гардолуд мешаванд;

манбаи асалгундори – шира ва гарди гули растанихое, ки барои занбури асал хам манбаи гизои табии ва хам  асалгундори мебошанд;

хочагихои зотпарвари – субъектхои хочагидорие, ки аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи занбуриасалпарвари аттестатсия шуда, оилахои занбури асали зоти ва модарзанбурхои бордоршудаи зоти муайянро парвариш менамоянд ва мефурушанд;

макоми ваколатдори давлати дар сохаи занбуриасалпарвари – макоми давлатие, ки танзими давлатии сохаи занбуриасалпарвариро дар доираи ваколатхояш амали менамояд.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи занбуриасалпарвари

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи занбуриасалпарвари ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ ЗАНБУРИАСАЛПАРВАРИ

 

Моддаи 3. Фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки дар сохаи занбуриасалпарвари

  1. Шахсони вокеи ва хукуки метавонанд фаъолияти сохибкориро дар сохаи занбуриасалпарвари амали намоянд.
  2. Шахсони вокеие, ки сохибкори инфироди намебошанд, хукук доранд фаъолиятро дар сохаи занбуриасалпарвари барои конеъ гардонидани талаботи шахсиашон амали намоянд.
  3. Занбурпарварон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хукуки ташкил кардани иттиходияхои занбуриасалпарвариро доранд.
  4. Шахсони вокеи ва хукуки метавонанд маълумотро дар сохаи занбуриасалпарвари аз макоми ваколатдори давлати дар сохаи занбуриасалпарвари талаб карда гиранд.

 

Моддаи 4. Шумораи оилахои занбури асал

  1. Шумораи оилахои занбури асали шахсони вокеи ва хукуки махдуд намебошад, ба истиснои холатхое, ки дар кисмхои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбини шудаанд.
  2. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати хукук доранд чойгиронии шумораи оилахои занбури асали шахсони вокеи ва хукукиро дар доираи сархади минтакахои наздишахрию кабудизорхо вобаста ба шароити нигахдории занбури асал мутобики меъёр ва коидахои байторию санитари мукаррар намоянд.
  3. Чойгиронии шумораи оилахои занбури асал дар худудхои дахлдори ташкилотхои гайритичоратии богдорию полезкории коллективи аз чониби мачлиси умумии ин ташкилотхо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 5. Бакайдгири ва бахисобгирии оилахои занбури асал

Бакайдгири ва бахисобгирии оилахои занбури асал бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардад.

 

Моддаи 6. Чойгиронии куттихо бо оилахои  занбури асал

  1. Шахсони вокеи ва хукуки куттихо бо оилахои занбури асалро дар китъахои замини мавриди истифодаашон бо риояи меъёр ва коидахои зоотехники ва байторию санитарии нигохдории занбури асал чойгир менамоянд.
  2. Занбурпарвар  куттихо  бо  оилахои  занбури      асалро аз  муассисахои  таълими,  тандурусти,  фарогатию    фарханги  дар  масофае  чойгир  менамояд,  ки  ба  одамон  зарар нарасонанд.  Тартиби чойгиронии бехатари куттихо бо оилахои  занбури  асал  бо макомоти  ичроияи  махаллии  хокимияти  давлати мувофика карда мешавад.
  3. Куттихо бо оилахои занбури асал дар китъаи замин дар масофаи на камтар аз панч метр аз сархади китъаи замин ва дар баландии на камтар аз ду метр чойгир карда мешаванд ё аз китъаи замини хамсоя бо бино, иморат, иншоот, девори яклухт ё буттазори зичи  баландиашон на камтар аз ду метр чудо карда мешаванд.

 

Моддаи 7. Чудо кардани китъахои замин барои фаъолият дар сохаи занбуриасалпарвари

  1. Китъахои замин барои фаъолият дар сохаи занбуриасалпарвари мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба шахсони вокеи ва хукуки  чудо карда мешаванд.
    2. Истифодабарандагони китъахои замине, ки барои чойгиронии куттихо бо оилахои занбури асал бештар мувофик мебошанд, хукук доранд ба шахсони вокеи ва хукукии машгули занбуриасалпарвари мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар давраи гулкунии манбаъхои асалгундори, чойгиронии куттихо бо оилахои  занбури асалро, новобаста ба макони бакайдгирии оилахои занбури асал, ичозат диханд.
  2. Занбурчойхои сайёр дар назди манбаъхои асалгундори дар чунин масофае чойгир карда мешаванд, ки барои нигохдории пурмахсули оилахои занбури асал ва гардолуд шудани растанихои кишоварзии энтомофили мусоидат намоянд.
  3. Занбурчойхои сайёр бояд дар назди манбаъхои асалгундори дар масофаи на камтар аз якуним километр яке аз дигараш ва се километр аз занбурчойи доими вокеъ гардида бошанд.
  4. Интихоб намудани занбурчойхои сайёр дар рохи парвози занбури асал аз занбурчойи дигари пештар ба манбаи асалгундори чойгиршуда манъ мебошад.
  5. Занбурпарварон ухдадоранд, ки пас аз чойгиронии занбурчойи сайёр ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба он маълумот диханд ва шиносномаи байторию санитарии занбурчойро пешниход намоянд.
  6. Дар занбурчойхо бояд танхо зотхои занбури асали ба ин ё он махал мутобикгардида мувофики накшаи нохиябанди, ки онро макоми ваколатдори давлати дар сохаи занбуриасалпарвари тасдик намудааст, нигох дошта шавад.

 

Моддаи 8. Истифодаи оилахои занбури асал барои гардолуд намудани растанихои энтомофили

Шахсони вокеи ва хукукие, ки фаъолияти парвариши растанихои энтомофилиро амали менамоянд, бо максади баланд бардоштани хосилнокии онхо метавонанд оилахои занбури асали дар моликияти шахсони дигар карордоштаро бо пардохти хакки хизмати ташкили гардолуд намудани растанихои энтомофили дар асоси шартномахо тибки Кодекси граждании Чумхурии Точикистон истифода баранд.

 

Моддаи 9. Махсулоти сохаи занбуриасалпарвари

  1. Махсулоти сохаи занбуриасалпарвари тавассути хусусиятхои чамъовари ва физиологии занбури асал дастрас мешавад.
  2. Махсулоти асосии сохаи занбуриасалпарвари аз асал иборат буда, ба махсулоти дуюмдарачаи он мум, мумваракхо, гарди гул, ширеш, шири занбур ва захри занбур дохил мешаванд.

 

БОБИ 3. МАСЪАЛАХОИ МОЛИКИЯТ ДАР СОХАИ ЗАНБУРИАСАЛПАРВАРИ

 

Моддаи 10. Объекти моликият дар сохаи занбуриасалпарвари

Объекти моликият дар сохаи занбуриасалпарвари оилаи занбури асал, селаи занбури асал ва дигар тачхизоти барои амали намудани фаъолият дар сохаи занбуриасалпарвари зарури мебошад.

 

Моддаи 11. Хукук барои баргардонидани селаи занбури асали паридарафта

Шахси вокеи ё хукукие, ки селаи занбури асалро аз даст додааст, барои баргардонидани он хукук дорад. Дар ин маврид шахси вокеи ё хукукие, ки селаи занбури асалро аз даст додааст, хукук дорад онро чамъ намояд, агар селаи занбури асал дар худуди бегона маскан гирифта ё дар куттии холии бегона чойгир шуда бошад.

 

Моддаи 12. Хукуки чуброни арзиши селаи занбури асали паридарафта

  1. Шахсони вокеи ва хукукие, ки селаи занбури асалро аз даст дода, онро бе танаффус чустучу намудаанд, барои чуброни арзиши селаи занбури асали паридарафта хукук доранд, ба шарте ки селаи занбури асал ба куттии занбури асале даромада бошад, ки дар моликияти  шахси дигари вокеи ва ё хукуки карор дорад.
  2. Арзиши селаи занбури асали паридарафта тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.

 

Моддаи 13. Селаи занбури асали бесохиб

  1. Селаи занбури асале, ки аз чониби шахси вокеи ё хукуки чустучу карда намешавад ё селаи занбури асали пайдоишаш номаълум бесохиб хисобида мешавад.
  2. Хукуки моликият ба селаи занбури асали бесохиб тибки Кодекси граждании Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ЗАНБУРИАСАЛПАРВАРИ

 

Моддаи 14. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон  дар сохаи занбуриасалпарвари

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи занбуриасалпарвари инхоянд:

– тасдики барномахои чумхуриявии максадноки рушди занбуриасалпарвари, барномахои дахлдори минтакави;

– тасдики меъёрхо ва коидахо дар сохаи занбуриасалпарвари;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи занбуриасалпарвари;

– хавасмандгардонии иктисодии сохаи  занбуриасалпарвари;

– мусоидат барои хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи занбуриасалпарвари;

– хамохангсозии фаъолият доир ба тарбияи мутахассисон ва такмили ихтисоси онхо дар  сохаи занбуриасалпарвари;

– амали намудани салохиятхои дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 15. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи занбуриасалпарвари

Макоми ваколатдори давлати дар сохаи занбуриасалпарвари ваколатхои зеринро амали менамояд:

– татбики  барномахои сохавии рушди занбуриасалпарвари;

– тахия ва тасдики санадхои меъёри дар сохаи занбуриасалпарвари дар доираи ваколатхои худ;

– таъмини назорати риояи меъёрхо ва коидахои зоотехники ва байторию санитарии нигохдории занбури асал, сифати махсулоти занбури асал;

– таъмини амали намудани тадбирхо оид ба пешгирии касалихои занбури асал, табобат, мубориза бо хашароти зараррасони оилахои занбури асал ва пешгирии захролуд гардидани занбури асал аз  пеститсид ва дигар маводи кимиёви;

– назорати фаъолияти хочагихои зотпарвари, минтакахои зотпарвари ва занбурчойхои селексиони;

– хамохангсозии фаъолияти селексионию зотпарвари дар сохаи занбуриасалпарвари, мусоидат ба рушди репродукторхои зотпарвари (занбурчойхои селексиони) ва парваришгоххои занбури асал;

– хамкории байналмилали дар сохаи занбуриасалпарвари;

– ташкили тахкикотхои илмие, ки ба хифз ва афзоишдихии занбури асал равона гардидаанд.

 

Моддаи 16. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи занбуриасалпарвари ваколатхои зеринро амали менамоянд:

– назорат оид ба рушд ва хифзи сохаи занбуриасалпарвари дар каламрави  дахлдор;

– хамохангсозии фаъолият оид ба тарбияи мутахассисон ва такмили ихтисоси онхо дар сохаи занбуриасалпарвари.

 

Моддаи 17. Тадбирхои дастгирии давлати дар сохаи  занбуриасалпарвари

  1. Максади дастгирии давлати дар сохаи занбуриасалпарвари таъмини талаботи ахолии кишвар бо махсулоти сохаи занбуриасалпарвари аз хисоби истехсоли онхо аз чониби молистехсолкунандагони ватани мебошад.
  2. Дастгирии давлати дар сохаи занбуриасалпарвари бо роххои зерин амали мегардад:

чудо намудани маблагхои давлати;

– додани карзхои имтиёзнок;

– андешидани чорахои хавасмандгардонии иктисоди;

– инвеститсия ба сохаи занбуриасалпарвари.

 

БОБИ 5. ХИФЗИ ЗАНБУРИ АСАЛ

 

Моддаи 18. Ташкили хифзи занбури асал, назорати зоотехники ва байторию санитари дар сохаи  занбуриасалпарвари

  1. Ташкили хифзи занбури асал аз чониби макомоти дахлдори давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Назорати риояи меъёрхо ва коидахои зоотехники ва байторию санитарии нигохдории занбури асал тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 19. Талаботи асоси барои хифзи занбури асал

Талаботи асоси барои хифзи занбури асал инхоянд:

– таъмини хизматрасонии аз чихати илми асосноки зоотехники, истифода ва афзоишдихии  занбури асал;

– хифзи мухити табиии зисти занбури асал, мавзеъхои чойгиршави  ва роххои кучонидани занбури асал;

– таъмини хизматрасонии байторию санитарии занбури асал.

 

Моддаи 20. Таъмини хифзи занбури асал

Хифзи занбури асал тавассути тадбирхои зерин таъмин мегардад:

– аз чониби шахсони вокеи ва хукуки риоя намудани меъёрхо ва коидахои зоотехники ва байторию санитарии нигохдории занбури  асал ва чойгиронии куттихо бо оилахои  занбури асал дар назди манбаъхои асалгундори;

– аз чониби шахсони вокеи ва хукуки ичро намудани талаботи хифзи мухити зист, мавзеъхои чойгиршави ва роххои кучонидани  занбури асал;

– хифзи куттихо бо оилахои занбури асал аз вайронкуни, пешгирии захролудшавии онхо аз пеститсид ва дигар маводи кимиёви;

– хифзи оилахои занбури асал аз паррандахо ва дигар хашароти занбурхур дар махалхои зисти мавсими;

– пешгири намудани касалихои занбури асал, табобати онхо, мубориза бар зидди хашароти зараррасони оилахои занбури асал;

– мусоидат барои хамлу накли бемонеаи оилахои занбури асал;

– ташкили тахкикотхои илми дар сохаи хифзи занбури асал;

– рекламаи занбуриасалпарвари тавассути воситахои ахбори омма;

– тарбияи муносибати эхтиёткоронаи шахрвандон ба занбури асал, инчунин  хавасмандгардонии онхо дар ин соха.

 

Моддаи 21. Пешгирии захролудшавии занбури асал аз пеститсид ва дигар маводи кимиёви

  1. Истифодаи пеститсид ва дигар маводи кимиёви тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Номгуи воситахои мухофизати растани, маводи кимиёви ва дигар дорухои барои коркарди растани дар занбурчойхо истифодашавандаро макоми ваколатдори давлати оид ба идоракунии сохаи кишоварзии Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  3. Пеститсид ва дигар маводи кимиёви барои коркарди киштзор, алафзор, чангал, китъахои мухофизатии чангал ва дарахтзорхо дар давраи гулкунии манбаъхои асалгундори бо тартиби дар моддаи 26 Конуни мазкур муайянгардида истифода карда мешаванд.

 

Моддаи 22. Хифзи занбури асал дар мавриди истифодабарии чангал

  1. Чорабинихо оид ба баланд бардоштани махсулнокии чангалхо бо назардошти талаботе, ки самаранокии фаъолиятро дар сохаи занбуриасалпарвари таъмин менамоянд, амали карда мешаванд.
  2. Буридани дарахтон ва буттахо – манбаъхои асалгундори, дар худудхое, ки аз занбурчойхои доими дар масофаи наздиктар аз се километр вокеъ шудаанд, ба истиснои холатхои бехтар намудани вазъи санитарии чангалхо ва зиёд кардани шумораи нихолхо манъ аст.

 

Моддаи 23. Хифзи занбури асал дар шароити мухити табиии зисти он

  1. Фаъолият оид ба истифодаи хусусиятхои фоидаовари  занбури асал ва чамъоварии махсулоти занбури асал дар шароити мухити табиии зисти он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Вайронкунии ковокии дарахт ва дигар чойхои зисти оилахои занбури асал дар шароити мухити табиии зисти он манъ аст.
  3. Агар оилаи занбури асал дар шароити мухити табиии зисташ  ба фаъолияти хаётии инсон халал расонад, чунин оилаи занбури асал бо иштироки намояндаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи занбуриасалпарвари кучонида ё нобуд карда мешавад.

 

Моддаи 24. Пешгирии касалихои занбури асал, табобати онхо, мубориза бар зидди хашароти зараррасони оилахои занбури асал

  1. Бо максади ба хисоб гирифтани занбурчойхо ва гузаронидани тадбирхои байтори шиносномаи байторию санитарии занбурчойхо дода мешавад. Шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд, ки шиносномаи байторию санитарии занбурчойхоро дошта бошанд.
  2. Шакли шиносномаи байторию санитарии занбурчой ва тартиби додани онро макоми ваколатдори давлати дар сохаи занбуриасалпарвари мукаррар менамояд.
  3. Пешгирии касалихои занбури асал, табобати он, мубориза бар зидди  хашароти зараррасони оилахои занбури асал тибки конунгузории байтории Чумхурии Точикистон ба рох монда мешаванд.
  4. Шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд, ки оид ба пешгирии касалихои занбури асал, табобати он, мубориза бар зидди хашароти зараррасони оилахои занбури асал чорахо меандешанд.
  5. Шахсони вокеи ва хукуки барои амали намудани чорахои пешгирии касалихои занбури асал, табобати он, мубориза бар зидди хашароти зараррасони оилахои занбури асал метавонанд мутахассисони сохаи байториро чалб намоянд.
  6. Шахсони вокеи ва хукуки дар сурати пайдошавии беморихои сирояти вазифадоранд ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи занбуриасалпарвари маълумот пешниход намоянд.

 

Моддаи 25. Парвариш, истифодаи зотхо ва гуруххои бештар арзишдори занбури асал

  1. Фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки оид ба парвариш, истифодаи зотхо ва гуруххои бештар арзишдори занбури асал, инчунин оид ба бехтаргардонии зотхо ва гуруххои занбури асал тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба рох монда мешавад.
  2. Бо максади таъмини шахсони вокеи ва хукуки бо зотхо ва гуруххои бештар арзишдори занбури асал, инчунин бехтаргардонии зотхо ва гуруххои занбури асал дар худудхои муайян (мухити табиии зисти он) хочагихои зотпарвари ва репродукторхои зоти (занбурчойхои селексиони) таъсис дода мешаванд.
  3. Дар атрофи хочагихои зотпарвар ва репродукторхои зоти (занбурчойхои селексиони) минтакахои мухофизати дар доираи на камтар аз понздах-бист километр муайян карда мешаванд, ки дар худуди онхо ворид намудани оилахои занбури асал ё модарзанбурхои зотхо ва гуруххои дигари занбури асал, инчунин оилахои занбури асал ё модарзанбурхои авлодашон номаълум манъ аст.

 

Моддаи 26. Огохонидани шахсони вокеи ва хукуки дар бораи холатхои барои занбури асал хатарнок

  1. Шахсони вокеи ва хукуки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои дастрас намудани иттилооти саривакти, пурра ва сахех дар бораи вазъи мухити зист, инчунин оид ба холатхои барои занбури асал хатарнок хукук доранд. Шахсони вокеи ва хукуки дар бораи вазъи мухити зист, инчунин оид ба холатхое, ки барои занбури асал хатарнок мебошанд, тавассути воситахои ахбори омма огохонида мешаванд.
  2. Шахсони вокеи ва хукукие, ки барои коркарди растанихои киштзор ва чангал пеститсид ва дигар маводи кимиёвиро истифода мебаранд, ухдадоранд на дертар аз се шабонаруз то огози чунин коркард шахсан дар шакли хатти ё тавассути воситахои ахбори омма шахсони вокеи ва хукукиеро, ки  занбурчойхояшон дар масофаи камтар аз панч километр аз киштзору чангал коркардшаванда вокеъ гардидаанд, огох намоянд. Дар баробари ин санаи коркарди растанихои киштзор ва чангал, тарзи коркарди онхо, сатхи захрнокии пеститсид ва (ё) маводи кимиёвии истифодашаванда кайд карда мешавад.

 

Моддаи 27. Мусоидат ба хамлу накли куттихо бо оилахои занбури асал

  1. Хамлу накли куттихо бо оилахои занбури асал тавассути ядакхо, платформахо ва дукончахои сайёр, ки ба тачхизоти кишоварзии технологи мансуб мебошанд, аз руи хатсайрхои бо макоми дахлдори ваколатдори давлати мувофикашуда анчом дода мешавад.
  2. Барои пешгирии фавти оилахои занбури асал дар сурати якбора баландшавии харорат ва рутубати хавои куттихои занбури асал, аз чониби макомоти дахлдори ваколатдори давлати ба мухлати беш аз 15 дакика боздоштани воситахои наклиёте, ки куттихо бо оилахои занбури асалро хамлу накл мекунанд, рох дода намешавад, ба шарте ки боздошти мазкур ба назорати риояи коидахои хамлу накли  онхо ва (ё) холати техникии воситахои наклиёт вобаста набошад.
  3. Дар мавриди зарури макоми дахлдори ваколатдори давлати чихати бемонеа хамлу накл намудани куттихо бо оилахои занбури асал мусоидат менамояд.

 

Моддаи 28. Хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи занбуриасалпарвари

  1. Чумхурии Точикистон ба рушди хамкории байналмилали дар сохаи занбуриасалпарвари мусоидат менамояд.
  2. Хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи занбуриасалпарвари мутобики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон амали карда мешавад.

 

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 29. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи занбуриасалпарвари”

Конуни Чумхурии Точикистон аз 8 декабри соли 2003 “Дар бораи занбуриасалпарвари” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2003, №12, мод. 679; соли 2008, №12, кисми 2, мод. 1003) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 31. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни  мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии  Точикистон                                              Эмомали  РАХМОН

ш. Душанбе,

16 апрели соли 2012,

№ 820

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …