Главная / Маданият ва санъат / ЗАМИНАХОИ ПАЙДОИШИ КОМПЮТЕР

ЗАМИНАХОИ ПАЙДОИШИ КОМПЮТЕР

Ба саволи «Компютерро ки сохтааст?» чавоб гуфтан хеле душвор аст. Гап дар сари он аст, ки компютер ихтирои як шахс нест. Компютер тачассумгари гояхои олимон ва мухандисони давру замонхои гуногун ба хисоб меравад, ки онхо садсолахо дар пешбурди техникаи хисоббарор захматхо кашидаанд. Перафти техникаи хисоббарорро хамеша талабот бахисоббарорихои фаври ва аник муайян месозад. Ин талабот омилест, ки он доимо ин техникаро мукаммал мегардонад ва ин раванд холо хам давом дорад.

Тавре ки телевизорхои мукаррарии сиёху сафедро холо телевизорхои рангаи аълосифат иваз намудаанд, компютерхои хозиразамон танхо зинаи аввали офариниши мошинхои баркамол ва аклонист.

Заминахои пайдоиши компютерхои имруза кадомхоянд? инсон дар тамоми даврахои мавчудияти худ ба тачхизоти хисоббарори эхтиёч дошт. То пайдоиши аввалин намунахои тачхизоти хисоббарори, одамон хазорхо сол мукаддам барои

эхтиёчоти хочагии худ хангоми хисобкунихо аз ангуштон, сангхо, чубчахо, ресмонхои гирехдор, тасмахои сурохдор ва гайрахо истифода мебурданд.

Бо зиёдшавии хачми хисобкунихо, инсон ба кофтукови усулхои ичрокунии онхо ва ихтирои асбобхои хисоббарори шуруъ намуд. Яке аз чунин асбобхои кадима ва хеле машхур чут (счёт) ба хисоб мерафт. То имруз касе аник гуфта наметавонад, ки чут кай ва дар кучо пайдо шудааст. Таърихшиносон бар он акидаанд, ки чут такрибан 2000-5000 сол мукаддам ё дар Хитои кадим, ё дар Миср ва ё дар Юнон сохта шудаанд. Аз ин асбоби хисоббарори имрузхо низ дар бисёр мамлакатхои дунё истифода мебаранд.

Пас аз пайдоиши чут, дар тули якчанд садсолахо низ, асбобхои хисоббарори хеле содда буданд. Вале дар ибтидои асри XVII мутахассисони сохахои физика ва астрономия ба зарурати ичрокунии хисобкунихои мураккаб ва калонхачм ру ба ру гаштанд. Ин аср асри тадбики васеи илми математика дар дигар сохахо ба шумор меравад. Талабот ба мошинхое, ки хачми калони хисоббарорихоро дар муддати кутох, бо сахехии баланд ичро карда метавониста бошанд, руз то руз меафзуд.

Соли 1642 математики 19 солаи франсави Блез Паскал (1623-1662) дар чахон аввалин шуда мошини хисоббарории (арифмометр) механикиро ихтироъ намуд, ки он бо ададхои дахи амалхои чамъ ва тархро ичро карда метавонист. Хам счётхо ва хам мошини Паскал имкониятхои махдуди хисоббарори доштанд. Набудани асбоби хисоббарорие, ки вазифахоро зуд ва аник ичро мекарда бошад, ба он овард,

ки кисми зиёди тачрибахои гузошташуда умуман ичро нашуда мемонданд ё барои ичрокунии онхо моххо ва хатто солхо талаб карда мешуд. Барои сохтани асбоби мукаммалтар бошад, зиёда аз 50 сол лозим шуд.

Соли 1694 математики барчастаи немис Готфрид Вилгелм фон Лейбнитс (1646-1717) мошини хисоббарории навбатиро сохт. Имкониятхои мошини Лейбнитс аз мошини Паскал зиёдтар буданд ва аз руи конструксия низ ин мошин мураккабтар буд. Мошини Лейбнитс на танхо чор амали арифметики – чамъ, тарх, зарб ва таксимро ичро карда метавонист, балки аз решаи квадрати низ ададхоро бароварда

метавонист. Вале ин мошин низ талаботхои рузафзуни хисоббарорихои математикиро конеъ гардонида натавонист. Такрибан пас аз 100 сол боз масъалаи сохтани мошини хисоббарории мукаммалтар пеш омад.

Саволхо:

  1. Компютерро ки сохтааст?
  2. Одамони кадим аз кадом тачхизоти хисоббарори истифода мебурданд?
  3. Счёт кай ва дар кучо сохта шудааст?
  4. Сахми Б. Паскал дар пешбурди сохаи хисоббарори дар чист?
  5. Арифмометри Г. Лейбнитс аз арифмометри Б. Паскал чи фарк дошт?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Бо ёрии ресмон, сангчахо ва тасмахои аз варак сохташуда асбобхои хисоббарори созед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …