Главная / Илм / ЗАКАРИЁИ РОЗи

ЗАКАРИЁИ РОЗи

z-roziЗАКАРИЁИ РОЗи, Абубакр Мухаммад ибни Закариёи Рози (865, Рай – 925, хамон чо), олим ва табиби шахири ахли сомони. Арабхо уро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони араби будани китобхояш (забони илмии олами ислом дар он руз) уро «Чолинусу-л-араб» номидаанд. Аз огози чавони ва тахсилоти у иттилое дакик чуз он чи тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмахои асримиёнаги омадааст, ки З. Р. гуё Мансур ибни Нух ибни Насрро (хукмрониаш с-хои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки у дар айёми чавони заргари мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки у дар огоз сарроф будааст. Пешаи заргари ва саррофи таваччухи уро ба самти илми химия равона кардааст, то ки битавонад гавхари филизотро дигаргун созад. Дар натичаи шугли пайвастааш бо ин фан, наздики ба оташ ва буйхои тунд чашмхои у дучори бемори гардиданд ва у аввал ба муолича пардохта, сипас ба тиб руй овардааст.
Дар маъхазхо омадааст, ки у барои дармони дарди чашми худ назди каххоле рафт. Каххол барои дармон понсад динор талаб кард ва у ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки «кимиёи вокеи илми тиб аст, на он ки ту бад-он машгули». Баъдан аз илми кимиё дури чуст ва ба илми тиб пардохт.
Ба иттифоки тазкиранависон З. Р. тахсилоти худро анчом дод ва хатто бархе тасрех кардаанд, ки у пас аз чилсолаги ба кутуби тибби ва фалсафи руй овард. З. Р. барои фаро гирифтани нозукихои улуми тибби ва фалсафи ба Багдод омад. Багдод дар он рузгор маркази мутарчимони забардасти осори илми юнони ба сурёни ва араби буд. Вучуди бемористонхо дар замони Хорунуррашид (хилофаташ с-хои 786 – 809) ва Баромика боиси фарохам омадани имконоти хубе барои мутолиоти З. Р. гардид. Бархе аз сарчашмахо навиштаанд, ки З. Р. бемористони Аздиро дар Багдод идора мекард. Ба занни кави, ин хамон бемористоне будааст, ки Бадр – гуломи Муътазид (хилофаташ с-хои 892 – 902) дар а. 9 бунёд карда будааст, ки баъдан бо номи «Бемористони Муътазиди» иштихор пайдо кард, вале бо мурури айём ба «Азди» маъруф гаштааст.
З. Р. пас аз фарогирии улуми мухталиф муддате ба зодгохи худ – Рай рафт ва сарварии бемористони он чоро ба ухда гирифт. у дар бахшхои гуногуни китобхои худ ба бемористони Рай ишора кардааст. Муаррихон исбот кардаанд, ки З. Р. ба сабаби аз хад зиёд машгул шудан бо тачрибахои кимиёи, доимо сару кор доштан бо оташ, аз пурхони ва хусусан аз китобхонии шабона ба дарди чашм дучор мешавад. у дар чустучуи роххои муоличаи чашм мачбур шуд, ки ба омузиши илми тиб пардозад.
Баъди анчоми тахсили тиб дар Багдод тахти рохбарии Табари З. Р. ба саёхати Мисру Испания ва мамлакатхои дигар мебарояд; у дар Осиёи Марказию Хуросон, дар пойтахти давлати сомониён Бухоро чанде икомат кардааст. у дар мубохисахои илми ширкат варзида, дар мамолики сафаркардааш комёбихои илму маданиятро омухт ва ба инкишофи онхо сахми муайян гузошт, дар бисёр мамлакатхо шогирдонро ба камол расонд. Вай табиби хосаи хокимони мухталифе буд; ахли бисёр мамлакатхо уро ба сифати духтури бехамто мешинохтанд ва хокимонашон уро ба назди худ мехонданд.
З. Р. баъди саёхатхои дуру дароз с. 905 ба зодгохаш шахри Рай баргашта, то охири умр дар хамон чо зиндаги кард. Аз руи маълумоти таърихшиносон у дар охири умраш тамоман нобино шуд. Вакте ба вай тавсия карданд, ки чашмонашро чаррохи намоянд, у аз ин пешниход даст кашид.
З. Р илми тибро ба дарачае мукаммал омухта, чунон табиби хозик шуд, ки муосирон уро Чолинуси араб номидаанд. Нафакат сардухтури шахри азизаш Рай, балки садри бемористони асосии хилофати Багдод таъин шудани З. Р. далели обрую эътибори баланд ва табиби хозик будани вай мебошад. З. Р. мероси илмии бисёр духтурони намоён, аз чумла мероси дастпарварони Гундишопурро ба хуби медонист ва мукаммал аз бар карда буд.
Аз З. Р. китобхову маколахои бисёр ба ёдгор мондааст. З. Р. дар боби тиб зиёда аз 60 асар таълиф кардааст. Мухимтарини онхо «Китобу-л-хови» ва «Китобу-т-тибби-л-мансури» (ё «Алкунону-л-мансури», 10 чилд) буда, тамоми илмхои тиббии асри З. Р.-ро фаро гирифтаанд ва ба инкишофи минбаъдаи илми мамлакатхои Шарки мусулмони таъсири калон расонидаанд. Ин асархо дар а. 12 ба забони лотини тарчима шуда, дар арзи чандин аср барои табибони Гарб дастури аввалиндарача буданд. З. Р. дар асархояш «Аттиббу-л-мулуки» ва «Тиббу-л-фукаро» гояи табобати фардиро таргиб кардааст. Вай дар «Тиббу-л-фукаро», ки барои омма навишта шудааст, беморихои роич, рох ва воситахои осони дар шароити хона пешгири ва табобат кардани онхоро тасвир кардааст. у дар «Китобу-л-чадари ва-л-хасба» ном асараш нахустин бор нагзак, сурхак ва роххои талкихи (гул буридан) онхоро ба таври возех тасвир карда, нишон додааст, ки ин беморихо такрор намешаванд, яъне як кас ду бор гирифтори нагзак ва сурхак нахохад шуд. Ин китоб ба забонхои лотини, юнони, англиси ва немиси тарчума шуда, 40 бор нашр гардидааст. Олими англис Чекнер факат баъди нашри англисии ин асар усулхои талкихи обила ва сурхакро пешниход кард.
З. Р. аз нахустин табибхоест, ки тибро ба тачриба ва амалия пайвастааст. у ин корро бо рохи чори кардани таърихи бемори, ки дар тибби имруза маъмул аст, ба анчом расонид. «Китобу-л-хови»-и у хакикатан дар заминаи чунин таъриххои бемори таълиф шудааст. З. Р. дар сохаи чаррохи низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад; у аввалин бор асбоби аз халк берун овардани чисмхои бегонаро тасвир кард, пунба (пахта)-ро барои бастан ва зехро барои духтани чарохат ба кор бурд. Вай тавсия кардааст, ки хангоми чаррохии саратон бофтахои атрофи онро харчи бештар бурида, чояшро дог кардан зарур аст. З. Р. бо вучуди дониши олидарачааш оид ба хама воситахои муолича тарафдори он буд, ки беморихо то ба хадди имкон бо дору ва васоити оддитарин илоч карда шаванд. у мегуфт: «Хар гох табиб муваффак шавад, ки беморихоро бо гизо (пархез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст».
Хулласи калом, ягон сохаи тибби назариявии хамон замон нест, ки З. Р. ба инкишофи он таъсир нарасонда бошад. З. Р. аз зумраи аввалин олимонест, ки назарияро ба амалия пайваст, илми тибро бо мушохидаю тачрибаи фаровон гани гардонд.
Ад.: Об оспе и кори. Дар кит. О. В. Губерт, Оспа и оспапрививание, т. 1, СПБ, 1898; Книга тайны тайн, Ташкент, 1957; Донишномаи Сомониён, ч. 1, Хучанд, 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …