Главная / Илм / ЗАХРОВи

ЗАХРОВи

zahroviЗАХРОВи (Abulcasis), Абулаббос Халаф ибни Аббоси Захровии Куртубии Андалуси (936 – 1036), табиб, яке аз чаррохони бузурги исломии араб. Дар шахри Куртубаи Андалус (Испанияи исломи) ба дунё омада, дар ахди Абдуррахмони севвум зиндаги ва фаъолият кардааст. З. аз тахкимбахшандагони асосхои илми чаррохи буда, зиёда аз 200 афзори чаррохи ихтироъ кардааст, ки сурату шаклхои онхо то замони мо омада расидаанд. Олати хурд кардани санги масона ва берун овардани он аз кашфиёти уст. Яке аз ибтикороти мухими З. аз бун баркандани гушти зиёдатии дар дохили бини руида мебошад. Ба хамин монанд даххо амалиёти хурди чаррохии дигар ба у нисбат доранд. Аз таълифоти мухими З. дар тиб ва дорушиноси китоби «Ат-Тасриф ли ман ачаза ани-т-таълиф» буда, маколаи сиюм ва ахири он дар бораи чаррохист.
Ад.: Ахмад Шавкат, «Таърику-т-тиб ва одобуху ва аъломуху», Димишк, 1982; Риёз Рамазон, «Ад-Даво мин фачри-т-таърих ила-л-явм», Кувейт, 1988.

С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …