Главная / Илм / ЗАХРОЛУДи

ЗАХРОЛУДи

zahroludiЗАХРОЛУДи (Intoxicatio), беморие, ки аз таъсири захрхо ба вучуд меояд. З.-и шадид дар натичаи ба организми одам рох ёфтани моддахои химиявии таъсирашон гуногун сар мезанад. Дар натичаи он функсияхои хаётан мухимми организм халалдор шуда, ба хаёт хавфи чидди тахдид мекунад. Аз тачриба маълум аст, ки истеъмоли аксар дорухои химияви фаъолияти бинобар беморихо халалёфтаи организмро баркарор мекунанд, яъне хосияти муоличави доранд. Дар айни хол истеъмоли зиёди чунин дорухо бисёр вакт захрнок аст. Хамин тавр, як моддаи химияви вобаста ба таъсир метавонад хам захр бошад ва хам дору. Ин хосияти пайвастхои химияви чун Януси дуруя (худои юнонихои кадим) ягонагии ду кувваи мукобил – неки ва бади, зиндаги ва маргро тачассум мекунад.
Вобаста ба вазъияте, ки захролудии шадидро ба амал меоварад, З. тасодуфи ва гаразнок мешавад. З.-и тасодуфи бисёр ба мушохида мерасад. Мас., аз меъёр зиёд истеъмол кардани дорувор (хусусан хангоми худтабобат), спирти этил ва аракхои дасти (ниг. Масти), сахван ба чои дору ё машрубот истеъмол намудани моддахои химияви ва г. З.-и гаразнок камтар вомехурад, лекин он хеле вазнин мегузарад, чунки дар ин холатхо, одатан, пешаки дониста истода, меъёри зиёди захри барои худкуши таъиншударо истеъмол мекунанд. Ин холат З.-и суисиди ном дорад ва аз тарафи одамони гирифтори бемории рухи ё ашхоси хардамхаёл содир мегардад.
З.-и шадид маиши ва истехсоли мешавад. З.-и маиши бештар аз моддахои гуногуни химияви руй медиханд, ки ба сифати дору ва воситахои химияи маиши дар хона нигох дошта мешаванд.
Ба туфайли дастовардхои гигиенаи саноат ва назорати тибби З.-и истехсоли дар корхонахои химияви ва лабораторияхо, ки дар натичаи садама ва риоя накардани техникаи бехатари ба амал меомад, тадричан кам шудааст.
З.-и шадид аз чихати тарзи ба организм рох ёфтани моддахои захрнок низ фарк мекунад. Бештар З.-и гизои маъмул аст, ки он дар натичаи аз дахон ба рохи хозима ва сипас ба кадри хол ба хун ворид шудани захр сар мезанад. Захр бо рохи нафас (хангоми нафасгирии буги моддахои захрнок), тавассути пуст (хангоми ворид шудани захр ба организм аз пусти урён), хамчунин аз ковокихои бадан (бини, гуш, бачадон ва г.) низ метавонад дохил шавад. Ва нихоят, З. аз тазрик, ки дар натичаи бевосита ба бофтахо ё мачрои хун бо шпритс гузаронидани махлули моддахои захрнок ё худ хангоми газидани хашароти захрнок ё мор ба амал меояд.
Моддахои химиявие, ки боиси З.-и шадид мегарданд, хеле зиёданд: доруворие, ки бахри муолича истифода мешаванду микдори хеле зиёди онхо хосияти захри доранд; воситахои химиявие, ки дар рузгор, хочаги, хамчунин бо максади бехдошти шахси ва косметики кор фармуда мешаванд; хар гуна моддахои захрноке, ки бар зидди хашароти зараррасон истифода мегарданд; маводи химияви; захрхои химияи харби; захрхои гуногуни хайвонот ва растанихо, ки одамон барои тайёр намудани дору кор мефармоянд.
Таъсири захрнокии хамаи ин моддахо ба организм гуногун аст. Вобаста ба ин онхо ба захрхои ангезанда, сузонанда, маддаовар, бугикунанда, хобовар, ихтилочи ва г. таксим мешаванд. Аксарияти онхо, сарфи назар аз меъёр ва тарзи рох ёфтанашон ба организм, дорои таъсири интихоби мебошанд, яъне факат ба хучайрахо ва бофтахои муайян зарар мерасонанд. Вобаста ба ин хосият захрхо гуногун мешаванд: захрхои хун, ки асосан ба хучайрахои хун таъсир мерасонанд (гази карбон, селитра ва г.); захрхои асаб, ки боиси ихтилоли хучайрахои системаи асабхои маркази ва асабхои канори мегарданд (алкухул, дорухои хобовар ва г.); захри гурдаю чигар, ки кори узвхои мазкурро хароб мекунанд (пайвастхои металлхои вазнин, захри баъзе занбуругхо ва г.); захри дил, ки аз таъсири он кори дил вайрон мешавад (захри баъзе растанихо аз гурухи алкалоидхо); захри меъдаю рудахо (махлули гализи кислотаю ишкорхо).
Гуногунии моддахои захри ва тарзи таъсири онхо ба организм ташхис, муоличаи саривакти ва пешгирии З.-и шадидро душвор мегардонад.
Солхои охир масъалаи З.-и шадид ба миён омадааст. Сабаби ин дар мухити зист захира шудани микдори зиёди моддахои химияви мебошад. Мувофики маълумоти Созмони умумичахонии тандурусти дар мамолики Европа аз хар хазор наф. ахоли 1 наф. бо З.-и шадид ба бемористон хобонда шуда, бештар аз 1%-и онхо мемиранд. Шумораи умумии одамоне, ки аз З.-и шадид фавтидаанд аз шумораи умумии дар фалокати наклиёт фавтидагон чанд маротиба зиёд аст. Афзоиши доимии теъдоди З.-и шадид дар байни атфол боиси ташвиши табибон гаштааст.
Сабабхои З.-и шадидро ба ду гурух чудо мекунанд: субъективи (бевосита ба рафтори шахси осебдида вобаста аст) ва объективи (мучиби он «вазъияти захролуди»-и мушаххас мебошад). Аммо дар хамаи холатхои З.-и шадид аз моддахои химияви, одатан, таъсири хар ду сабабро мушохида кардан мумкин аст. Дар байни сабабхои субъективие, ки афзоиши З.-ро муайян месозанд, бешубха, ночурихои хаёти имруза мавкеъи хос доранд. Чунки онхо дар баъзе одамон истеъмоли доимии дорухои таскинбахшро такозо мекунанд. Афзудани истехсоли воситахои химиявии рузгор ва рекламаи харрузаи онхо низ дар канор нест. Дар байни сабабхои субъективии З.-и шадид суйиистеъмоли шароб ва мароки носолим ба истеъмоли васоити мухаддир (ниг. Нашъаманди) чои махсусро ишгол мекунанд. Нисфи зиёди З.-и тасодуфи дар холати масти аз алкухул руй медихад. Хатари хакикии З.-и шадид хангоми худтабобат ба миён меояд. Дар байни сабабхои субъективии З. истифодаи аз меъёр зиёди дорухои гуногун, хамчунин моддахои химияви аз чониби занхо (барои искоти хамл) ва мардон (хангоми дар хона муолича намудани майпарасти) мавкеъи намоёнро ишгол мекунанд.
З.-и кудакон, одатан, аз беназорат нигох доштани дорухо ва моддахои химияви дар хона рух менамояд. Кудакони беназорат (махсусан синни 3 – 5-сола) ба чои витамин ва хуроквори метавонанд сахван моддахои захрнокро истеъмол намоянд.
Солхои охир З. аз чавхари сирко, спирти навшодир (аз сабаби истифодаи фаровони онхо дар рузгор), дорухои гуногун (асосан хобовар, ки барои худтабобат кор мефармоянд), машруботи спирти ва дорухои кишоварзи бештар мушохида мешавад.
Афзоиши З.-и шадид боиси дастраси ахоли (аз чумла кормандони сохаи тиб) гардондани маълумот дар бораи хосиятхои захрноки моддахои гуногуни химияви, махсусан дорухои нав ва воситахои химиявии рузгор, инчунин ташкили ёрии тиббии махсус ба зарардидагон шуд. Масъалахои мазкур бомуваффакият халли худро меёбанд. Дар аксар мамлакатхои чахон марказхои муоличаи З.-и шадид мавчуданд, ки барои ташхиси фаври (муайян намудани захр дар хун, пешоб ва г.) ва табобати З. аз усулхои замонавии муолича («гардаи сунъи», «чигари сунъи» ва г.) истифода мебаранд. Марказхои номбурда дар сохаи токсикологияи клиники (илми махсус оид ба захршиноси), ки масоили З.-и шадидро меомузад, пажухишхо мегузаронанд. Инчунин ба хамаи духтурон, ки рочеъ ба масоили ташхис ва муоличаи З.-и шадид мухточи ахбори иловагианд, ба тавассути телефон маслихату ёри медиханд.
Хаминро бояд дар хотир дошт, ки баъзе беморихо, мас., сактаи дил, сактаи магзи сар (махсусан дар одамони солхурда) метавонанд пайваста бо аломатхои З. (дарди шикам, дилбехузури, кай, заъф) чараён гиранд. Чунин аломатхо хангоми аппендитсити шадид, инсидоди рудахо, энтерит (ниг. Гастроэнтероколит) ва диг. беморихо низ мушохида мешаванд. Шустани меъда ва истифодаи намакхои мусхил хангоми беморихои мазкур мумкин аст оризаи ногувор ба вучуд орад. Бинобар ин то омадани духтур андешидани тадбирхо оид ба ёрии таъчили дар он сурат чоиз аст, ки агар ба З.-и бемор бовари комил хосил шуда бошад. Усулхои умумии пешгирии З.-и шадид чунинанд:
1. Худмуолича – хатарест, ки хар шахс метавонад ихтиёри худро ба он гирифтор кунад, яъне ягон доруи номаълумро хурад ё мархами номаълумро бе маслихати духтур ё корманди миёнаи тиб (танхо бо тавсияи корманди тиб, на бо маслихати «шиноси доно» ё хамсояи наздик) ба пуст молад. Бояд дар хотир дошт, ки хар доруи химияви метавонад хам даво ва хам захр бошад; сахв кардан дар меъёр ва таъиноти он баъзан ба худкушии гаразнок баробар аст.
2. Дуруст нигох доштани дорухо дар дорукутти – бехтарин «позахри» захролудии кудакон аз дорухост. Дар дорукутти бояд факат дорухои ёрии аввалин ва барои муоличаи амрозе, ки дар айни хол чараён дорад, махфуз бошад. Нигох доштани доруи бе навиштачот ё дар лифофа ва чогахи дигар гирифтани он тамоман норавост. Хама намуди доруро дар чойи барои атфол дастнорас, бехтараш дар куттихои кулфдор ва дуртар аз дигар химикатхои рузгор (моеъхо ва хокахои шустушу, инсектисидхо ва г.) бояд нигох дошт.
3. Дастури истифодаи дорухои химиявии рузгорро катъи бояд риоя кард. Онхоро алохида, ба кадри имкон берун аз хона ва дур аз хуроквори нигох доштан лозим аст. Хар як дору бояд тамгакогази аник дошта бошад. Махлули васоити химиявии рузгор (хусусан инсектисидхои моеъ)-ро барои пешгирии сахван нушидани онхо ба шишахои май ё пиво рехтан манъ аст.
4. Чамъоварии занбуругхо ва гучуммевахо дар чангал, мисли рафтан ба шикор бо шахсе, ки дар умраш туфангро ба даст нагирифтааст, хатарнок мебошад. Сокинони шахр, ки занбуругхо ва гучуммевахои хурданиро аз захрогин фарк намекунанд, бо истеъмоли ин растанихои ношинос хаёти худ ва дигаронро зери хавф мегузоранд.
5. Хар навъ араки сунъи захр аст. Нушидани «спирти номаълум» хатто аз дасти хеши наздик ё шахси шинос тамоман норавост.
6. Агар ба сифати гизои тайёр шубхае пайдо шавад, аз истеъмоли он даст бояд кашид.
7. Риояи коидахои гигиенаи шахси чун коидахои харакат дар рох шахсро аз хавфи сироят ёфтан ва захролуди эмин медорад.
Ад.: Неотложная помощь при острых отравлениях, М., 1978; Буянов В.М., Первая медицинская помощь, М., 1986.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …